Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон шомгоҳи шанбеи 2 январ ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ, озими Арабистони Саудӣ шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро шуморе аз вазирон ва мақомоти баландпояи давлатӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин ҳайат вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент дар робитаҳои байналмилалӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, директори Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода, раиси “Агроинвестбонк” Муродалӣ Алимардон ва шахсони дигари расмӣ, шомил мебошанд.
Дар хабарномаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфта нашудааст, ки сафари оқои Раҳмон аз Арабистони Саудӣ чанд рӯз идома мекунад ва барномаи сафарӣ ӯ чист. Аммо қаблан масъулони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ гуфта буданд, ки дар назар аст ӯ бо Салмон бин Абдул Азиз Ал-Сауд, подшоҳи ин кишвар дар канори мубориза муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ, мавзӯи пайвастани Душанбе ба эътилофи исломӣ барои мубориза бо терроризмро баррасӣ хоҳад кард.
Рӯзи 15 декабр Арабистони Саудӣ эълом кард, якҷо бо 34 кишвари исломӣ, "эътилоф алайҳи терроризм" ташкил медиҳад ва маркази фармондеҳии он дар шаҳри Риёз хоҳад буд. Ба ҷуз кишварҳои арабӣ монанди Миср, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва аксари кишварҳои ҷануби Халиҷи Форс, бархе аз кишварҳои африқоӣ монанди Сомалия, Гения, кишварҳои осиёӣ монанди Покистон, Малайзия ва Туркия дар ин "эътилоф" ҳузур доранд. Аммо бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Ироқ, Алҷазоир, Аммон, Эрон ва кишварҳои мусалмоннишини Осиёи Миёна дар байни ин кишварҳо нестанд.
Хабаргузориҳо аз қавли вазири дифои Саудӣ Муҳаммад бин Салмон навиштанд, ки ин эътилоф барои мубориза бо терроризм дар Ироқ, Сурия, Либия, Миср ва Афғонистон иқдом хоҳад кард. Шоҳзода Муҳаммад бин Салмон, вазири дифои Арабистон рӯзи 15 декабр дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки "аксари кишварҳои исломӣ дар ин эътилоф якҷо шудаанд, то терроризмро саркӯб кунанд."
Рӯзи 21 декабр рӯзномаи арабии “Аш-Шарқ ал-Авсат” аз қавли Аъзамшо Латифзода, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ навишта буд, ки ин кишвар мавзӯъи шомил шудан ба эътилофи исломиро баррасӣ мекунад. Масъулони дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки феълан давлати Тоҷикистон пешниҳоди Арабистони Саудиро дар ин замина мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода ва баъдан дар ин бора тасмим хоҳад гирифт.