Нахустин нишасти сарони СПАД пас аз таниш миёни Русия ва Туркия

Акс аз бойгонӣ.

Ҷаласаи Шӯрои Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД), ки қарор аст рӯзи 21-уми декабр дар Маскав доир шавад, нахустин нишасти сарони ин созмон пас аз боло гирифтани танишҳо миёни Русия ва Туркия хоҳад буд.

Ҷаласаи Шӯрои Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ ё СПАД, ки қарор аст фардо дар шаҳри Маскав доир шавад, нахустин нишасти сарони ин созмон пас аз боло гирифтани танишҳо миёни Русия ва Туркия хоҳад буд. Дар Қасри Кремли Маскав рӯзи 21 декабр раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ -- Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ҷамъ меоянд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи аввали рӯзи 20 декабр барои ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои СПАД ба Маскав рафт. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири дифоъ Шералӣ Мирзо, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба иттилои Дафтари котиботи матбуотии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, дар нишасти Маскав масоили вобаста ба амнияти минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Охирин нишасти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар он руасои ҷумҳури Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок карданд. Дар он нишаст раҳбарии даврии ин паймони низомӣ аз Тоҷикистон ва Арманистон вогузор шуда буд.

Нишасти рӯзи душанбе дар Маскав, нахустин нишасти сарони кишварҳои ҳампаймони Русия баъд аз оғози амалиёти ҳавоии он кишвар дар Сурия ва ҳамин тавр таниши Маскав бо Анқара дар пайи суқути ҳавопаймои ҷангии Русия дар марзи байни Сурия ва Туркия мебошад.

Рӯзи 24 ноябр ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия як ҳавопаймои СУ-24-и артиши Русияро, ки дар амалиёти низомии Русия дар Сурия ширкат дошт, суқут доданд. Ҳангоми фаромадан бо парашют халабони аввали ҳавопаймо кушта шуд. Туркия гуфт, ин ҳавопаймо ҳарими ҳавоияшро убур кардааст. Русия инро рад кард ва гуфт, ҳавопаймояшро дар қаламрави Сурия задаанд. Суқути ҳавопаймои Русия мояи танишҳои шадиде байни Русияву Туркия шуд ва раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ин қазияро “ханҷар аз пушт аз тарафи ҳомиёни террористҳо” номид.

Шӯрои доимии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ , ки Тоҷикистон низ узвияташро дорад, сарозер шудани ҳавопаймои Су-24-и Русия аз сӯи Туркияро ба шиддат маҳкум карда буд. Владимир Зайниддинов, сухангӯи СПАД гуфт, ки ҷонишинони дабири кулли ин созмон, кормандони котибот ва Ситоди муттаҳидаи СПАД 25 ноябр дар як ҷаласаи изтирорӣ дар Маскав чунин бархӯрди Туркияро "нақзи бисёр дағали меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ" номидаанд. Ба қавли ӯ, ин ҷаласаи изтирорӣ бо даъвати Русия баргузор шудааст.

Аммо кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар алоҳидагӣ хостори ҳалли мусолиматомези таниши бавуҷудомада миёни Русия ва Туркия шуда буданд. Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса дар як баёния бо изҳори таассуф аз қазияи суқути ҳавопаймои ҷангии Русия гуфт, умедвор аст, ба ин қазия баҳои объективӣ дода хоҳад шуд. Дар изҳорот аз ҷумла гуфта мешуд, ки Тоҷикистон тарафдори комили амалҳои муштараки ҷомиаи ҷаҳонӣ дар амри мубориза бо терроризм буда, “умедвор аст, ки ба қазияи марбут ба ҳавопаймои задашудаи Федеросиюни Русия баҳои объективие, ки ба оддӣ сохтани вазъ ва равобити ба таниш печидаи Русияву Туркия мусоидат кунад, дода хоҳад шуд.”

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ як ташкилоти низомиву сиёсӣ бар асоси Паймони амнияти дастҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомиланд. Узбакистон дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва ИМА СПАД-ро тарк кард.