Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи ҷумъа барои ширкат дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё, ба Чин сафар кард.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон субҳи рӯзи 16 май ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ширкат дар нишасти сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ба Чин сафар кард.
Дар ин сафар ӯро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, референти калони президент Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ин саммит намояндагони 46 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла 11 президентҳои кишварҳои ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Интизор меравад, раисони ҷумҳури Русия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва кишварҳои дигар ширкат намоянд.
Тибқи иттилои расонаҳо, раиси ҷумҳури Чин саммити чаҳоруми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиёро ифтитоҳ намуда ва раҳбарии ин созмонро аз Туркия барои солҳои 2014-2016 қабул хоҳад кард.
Ин дувуми сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хориҷ давоми моҳи ҷорӣ ҳаст. Ҳафтаи қабл раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросимҳои таҷлил аз 69 солагии пирӯзӣ бар фашизм дар шаҳри Маскав ширкат карда буд. Қарор аст ҳафтаи оянда Эмомалӣ Раҳмон ба Белорусия сафари расмӣ анҷом диҳад. Тибқи иттилоъ, давоми моҳи ҷорӣ қарор аст раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба кишвари Баҳрайн низ сафар намояд.