Президент дар остонаи Наврӯз бо зиёиён мулоқот мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи иди миллии Наврӯз бо аҳли зиёи кишвар мулоқот мекунад.
Ин хабарро масъулони шаҳрдории Душанбе ва дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон рӯзи душанбеи 10-уми феврал дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" тасдиқ карданд. Интизор меравад, мулоқоти навбатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо аҳли зиёи кишвар ба таърихи 20--уми март дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир шавад.

Дар иртибот ба омодагиҳо ба баргузории мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо аҳли зиё, шаҳрдори Душанбе қарори вижаеро содир кард ва нақшаи чорабиниҳо низ тасдиқ шудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳо, корҳои омодагӣ дар майдони 800 - солагии Маскав ва бинои Театри опера ва балети ба номи Сайдридин Айнӣ то 18 март анҷом дода мешавад.

Зимнан, мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён дар чанд соли ахир дар остонаи иди миллии Наврӯз ба ҳукми анъана даромада ва ҳар соли ин мулоқот дар ҳар бино ва бо шукуҳу шаҳоамти хосе баргузор мешавад. Мулоқоти соли гузаштаи раиси ҷумҳур бо зиёиён дар бинои Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон сурат гирифта буд.

Бо он ки мулоқотҳои раиси ҷумҳур дар ҷиҳати рушди фарҳангу ҳунар ва беҳтар шудани вазъи зиёиёни кишвар боаҳамият арзёбӣ мешаванд, аммо дидори Эмомалӣ Раҳмон, бо зиёиён дар остонаи Наврӯзи соли 2007 бештар хотирмон аст. Чун президент дар ин мулоқот пасвандҳои русӣ дар насабашро партофту худро Эмомалӣ Раҳмон унвон кард. Қаблан аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ном мебурданд.

Аммо мулоқоти навбатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён чӣ вижагӣ ва ҷолибият хоҳад дошт, дар остонаи таҷлил аз иди миллии тоҷикон - Навруз шоҳид хоҳем шуд.