Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ зимни суханронӣ дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон бо ишора ба пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрав гуфтааст, тибқи маълумот, айни замон беш аз 1000 нафар сокинони кишвар ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" шомил шуда ва дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд.
Оқои Раҳмон афзудааст, ки дар маҷмӯъ 146 хонавода аз Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ кӯч баста ва 21 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ба сафи ин гурӯҳ пайвастаанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон масҷидҳо, муассисаҳои динии дохилӣ ва хориҷи кишвар ва ҳамчунин сомонаҳои интернетиро, макони ҷалби аҳолӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро хондааст.
Ба эътиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раванди ба гурӯҳҳои тундгаро пайвастани ҷавонони тоҷик рӯ ба афзоиш буда ва дар Душанбеву Хуҷанд. Исфараву Истаравшан, Кӯлоб, Шаҳритус, Бохтар ва ноҳияҳои тобеи марказ бештар гардидааст. Ӯ сабаб ва омилҳои гаравиши ҷавонон ба сафҳои гурӯҳҳои тундравро ба бемасъулиятии падару модарон, мавҷуд набудани шароити ҷалби ҷавонон ба варзиш ва фаъолиятҳои фарҳангӣ ва норасоиҳо дар бахшҳои маорифу тандурустӣ рабт додааст.
Аммо ба назари коршиносон, бекорӣ ва адами маърифати дурусти динӣ, яке аз омилҳои аслии пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрав мебошад.
Мақомоти тоҷик то ба ҳол шумораи шаҳрвандони кишварро, ки ба сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста ва дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд, ҳудуди 500 нафар тахмин мезаданд. Аммо худи ҷангиёни тоҷик борҳо дар наворҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, сафи худро бештар аз ҳисобҳои мақомот дониста ва гуфтаанд, кори онҳо бо Ироқу Сурия тамом намешавад.
Вале ҳоло барои нахустин бор аст, ки ширкати беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз забони баландпоятарин мақоми Тоҷикистон, он ҳам раиси ҷумҳур, садо медиҳад.
Мақомоти тоҷик афзоиши шумораи тоҷикон дар созмонҳои тундрави мазҳабиро мояи таҳдид ба амнияти кишвар медонанд. Моҳи майи соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки ҳамчунон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамзамон бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумори шаҳрвандонаш дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ”, барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, афви гуноҳ пешниҳод кардаанд. Бино ба иттилои мақомот, то ҳол ҳудуди 40 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз пайвастани худ ба “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба ватан баргашта, мавриди афв қарор гирифтаанд.
28 майи соли 2015 Додгоҳи олии Тоҷикистон эълон кард, гурӯҳҳои "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат-ан-Нусра"-ро расман ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил намудааст. Дар пайи он Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ бо судури як фатво “Давлати исломӣ”-ро ҳаром ва иштироки тоҷикон дар “ҷиҳод”-ро гуноҳи кабира номид.
Мақомоти Тоҷикистон бар ин боваранд, ки ҳадди аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд, маҳз дар Русия ҷалб мешаванд. Дар Русия ҳудудан 1 миллион аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва мақомот ва коршиносон ин қишри ба сурати умум беҳуқуқро дар муқобили ташвиқу даъватҳои гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ хеле осебпазир мешуморанд.