Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30-юми май дар ҳошияи пазироии Бозор Собир аз сӯи раисиҷумҳур, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ва ББС гуфт, расонаҳои Тоҷикистон аз бозгашти шоир Бозор Собир «ҳангомае» оростанд, ки воқеият надорад: «Гуфтугузорҳо дар бораи он ки Бозор Собир маҳз дар соли интихоботи президент даъват шуда ва дар ин ғаразҳо вуҷуд дорад, асос надорад. Дар 10 соли ахир ҷаноби олӣ борҳо талош кард, то Бозор Собир ба ватан бозгардад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пазироии Эмомалӣ Раҳмон аз Бозор Собир
Ин нукта дар мулоқоти раисиҷумҳур ва шоир низ батакрор садод дод. Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот гуфт, ки ҳанӯз солҳои 90-ум бо воситаи вазири вақти корҳои хориҷӣ шоирро барои бозгашт ба ватан даъват карда буд : «Мо аз рӯзҳои аввал, дар хотиратон бошад, вақте дар Маскав будед, бо воситаи Талбак Назаров чанд бор бо шумо вохӯрда, кӯшиш кардем ки ба ватан баргардед. Мо Шуморо дӯст медорем ва доимо дар ёдамон ҳастед.»
Бозор Собир низ дар посух гуфт:"Солҳои бисёре гузашт ва ман фикр кардам, ки фаромӯш шудам. Вале шумо бо ин қадар серкорӣ ки фикри моро кардед, ман бисёр миннатдорам, ташаккур!»
Ба таъкиди Абдуфаттоҳ Шарифзода, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали раҳбариаш шиори баргардонидани муҳоҷирони тоҷик ба Ватанро пеш гирифта буд ва бозгашти шоир Бозор Собир ҳам дар чорчӯби ҳамин барнома аст. Сухангӯи раисиҷумҳур таъкид кард, ки бозгашти Бозори Собир ба интихоботи президентӣ рабте надорад, чунки қаблан ҳам борҳо аз Бозор Собир даъват шуда буд, то ба Ватан баргардад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30 май шоири саршиноси тоҷик Бозори Собирро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфт. Баъди мулоқот бо президент, Бозори Собир гуфт, ки “сӯҳбати мо сӯҳбати ду фарзанди як хонавода ва сӯҳбати дӯстонаву бародарона” буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пазироии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз шоир Бозор Собир
Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки чанд бори дигар тариқи намояндаи Тоҷикистон дар СММ аз Бозор Собир хоҳиш кардем, то ба ватани худ бозпас биоянд, аммо ин дафъа даъвати моро пазируфтанд. Бозори Собир ба унвони армуғон як китоби худро ба раисиҷумҳур тақдим кардааст. Пас чанд лаҳзаи ин радду бадал мулоқот бе ширкати харбнигорон давом кард ва сипас раисҷумҳур толору утоқҳои Қасри миллатро ба Бозор Собир намоиш дод.
Баъд аз он шоир дар ру барӯи хабарнигорон қарор гирифт ва ба саволҳои эшон посух гуфт: «Ман дар ким-куҷои Амрико зиндагӣ мекунам ва маро раисҷумҳур тариқи намояндаҳо ва телефон суроғ мекард. Ин дафъа бошад сафири Тоҷикистон бевосита ба хона омада, даъватномаи бевоситаи президентро ба ман супурд ва ман ба дилу ҷон пазируфтам. Ҳоло бо президент як мулоқоти олиҷаноби дӯстона доштем. Мо бегона нестем, чун аъзои як оила бо ҳам вохӯрдем».
Бозор Собир гуфт, ки воқеан Талбак Назаров ӯро ба ватан хонда буд аммо вай ин даъватро рад кард, чун вазъи сиёсӣ мусоид набуд ва бозгаштан ба гуфтаи шоир бармаҳал буд. Аммо барои бисёриҳо ҳамоно норӯшан боқӣ мондааст, ки чаро шоир, пас аз 19 соли мусофират ва эълони қаблияш, ки дигар ба ватан барнамегардад,ба даъвати навбатии раисиҷумҳур посухи мусбат дод.
Намояндагии Тоҷикистон дар СММ чанд моҳ боз бо Бозор Собир ва пайвандонаш дар Амрико шароити бозгашти ӯ ба Душанберо музокира мекард. Қаблан як идда аз шахсиятҳои саршинос аз мақомоти давлатии Тоҷикистон хоста буданд, ки ин шоири шинохтаро ба ҳар қимате ба ватан баргардонанд.
Аммо бозгашти Бозори Собир дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро бархе як қартаи дигари пешазинтихоботии ҳукумат низ маънидод мекунанд. Худи Бозор Собир шоми 27 май дар сӯҳбати кӯтоҳаш бо хабарнигорон инро ба гунае эътироф ҳам кард ва гуфт, аз ҳизби зиёд дар Тоҷикистон зарар аст, то фоида ва ба назари ӯ, дар чунин шароит зиёиён бояд дар атрофи раисиҷумҳур муттаҳид шавад. Бозор Собир гуфт, як сабаби пазируфтани даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои бозгашт ба ватан ҳамин буд. Вале афзуд, сабаби дигараш синни ӯст, ки ришаш ҳам сафед шудааст ва мурдан дар мусофират, ба гуфтаи шоир, хеле гарон ҳа дар Амрико, барои мисол, то 10 000 доллар мехоҳад.