Ба гуфтаи масъулони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон рӯзҳои 14-15 октябр сурат мегирад ва ҳадаф баҳси ошкор дар бораи шароити соҳибкорӣ ва муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аст. Мулоқот замоне сурат мегирад, ки соҳибкорони тоҷик аз расмиёту андози зиёд шикоят доранд ва сармоягузорони хориҷӣ Тоҷикистонро “ҷойи хуб”-е барои сармоягузорӣ намешуморанд.
Дар як сӯҳбат аз Нозим Ишонқулов, мудири Маркази бозори озоди Тоҷикистон пурсидем, соҳибкорону сармоягузорон дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон бояд, қабл аз ҳама, кадом масъаларо матраҳ кунанд?
Нозим Ишонқулов:
Як мушкили дигари соҳибкорон - дастрас кардани иҷозатнома барои сохтмон аст. Вале мушкил ё дарди сари аз ҳама бузургашон, албатта, қонунгузории нособит, бахусус қоуннҳои андози Тоҷикистон аст. Аз тарафи Кумитаи андоз ба напардохтани андоз муттаҳам шудани ширкатҳои бузурге, чун ТТ-мобайл (Мегафон), Вавилон мобайл, Созидание ва дигару дигар, ин ҳама фишорҳо ба аҳли тиҷорат, албатта, дар як они воҳид тамоми сармоягузорони имконпазирро мегурезонад.
Ҳамин тавр, ман мехостам аз президент ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон бихоҳам, то ки шахсан дахолат карда, барои санҷиши натиҷаҳои тафтиши парвандаи ҷиноии зидди Зайд Саидов амр диҳад. Ин парванда ва 26 сол ҳукми зиндони яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик аксари соҳибкорони дигарро дар кишвар ба ташвиш андохтааст. Бозбинии ин парванда ва ҳадди ақал сабуктар кардани ҳукми Зайд Саидов, ба бовари ман, обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар миёни сармоягузорони потенсиалӣ хеле болотар хоҳад бурд.
Озодӣ: Аммо агар аз ин мушкилоти умда ҳам бигзарем, шароит барои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон то куҷо созгор аст?
Нозим Ишонқулов: “Мутаассифона, шароити соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ муҳити сармоягузорӣ ҷаззобу муносиб нест. Ба назари ман, раисиҷумҳур бояд ба ҳамин масъала таваҷҷӯҳ кунад ва соҳибкорон низ бо истифода аз фурсат тамоми фикру пешниҳодҳояшонро ба президент бигӯянд. Ба андешаи ман, тамоми мушкили соҳибкориву тиҷорат дар Тоҷикистон аз сифати кори ниҳодҳои давлатӣ ва дахолати зиёд ба иқтисод сарчашма мегирад. Барои пеш бурдани соҳибкорӣ дар Тоҷикистон соҳибкор бояд на танҳо дар андешаи рақобат бо ширкатҳои рақиб ва ё босамар кардани мудирият бошад, балки вақти зиёду пули зиёдеро барои кор бо ниҳодҳои нозир сарф кунад. Дар инҷо пеш аз ҳама Кумитаи андозро метавон ном бурд. Дар Тоҷикистон низоми андоз ва ё молиётситонӣ ба пешрафти соҳибкорӣ мусоидат намекунад. Яъне, ин ниҳод фақат вазифаи молӣ дорад ва кораш ҳарчӣ зиёд ҷамъ овардани андоз аст. Онҳо бо иҷрои фақат ҳамин нақш фикр намекунанд, ки қонунгузории андоз барои рушди соҳибкорӣ муносиб нест. Расмиёт барои супурдани молиёт зиёд аст, вақти зиёде барои супоридани ҳисобот сарф мешавад, ҳатто барои пардохти молиёт ҳам вақти зиёде талаф мешавад. Дигар ин ки ҳаҷми андоз зиёд аст. Барои мисол, дар муқоиса бо Қирғизистон андоз аз даромади изофӣ, андози иҷтимоӣ, андоз аз даромад дар Тоҷикистон бисёр баланд аст. Дигар мушкили соҳибкорони тоҷик ба воридоту содирот вобаста аст. Масалан, барои содироти моле аз Тоҷикистон ва иҷоза гирифтан, шумо бояд 9 санад бигиред ва барои воридот 10 санад лозим мешавад, ки барои ин ҳам пулу вақту нерӯ ва асабҳои қавӣ зарур аст. “
Озодӣ: Агар аз масъалаи молиёту андоз бигзарему дар бораи амнияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат кунем, ба назари Шумо, кадом масъалаи доғ ҳаст, ки бояд соҳибкорону сармоягузорон ба раиси ҷумҳур бирасонанд?
Нозим Ишонқулов: “Масъалаи баъдие, ки мехостам дар ин бора зикр кунам, масъалаи ҳаққи моликият дар Тоҷикистон аст. Ҳарчанд Қонуни асосии мо кафолати ҳифзи моликияти хусусиро додааст, вале, мутаассифона, дар амал ин ҳаққи шаҳрвандон риоят намешавад. Бисёр мешавад, ки тиҷорати ягон соҳибкори мо барои афроди наздик ба элитаи маҳаллӣ ва ё афроди наздик ба ҳукумат маъқул мешавад ва соҳибкорон барои ҳифзи моликияту тиҷорати худ ҳеч имконе надоранд. Мутаассифона, муроҷиат ба додгоҳ низ ҳеч натиҷа намедиҳад, зеро низоми додгоҳии мо сахт мелангад ва ҳуқуқи соҳибкоронро ҳимоят намекунад ва аксар вақт ба нафъи онҳое ҳукм мебарорад, ки тиҷорати касеро “ғасб” кардаанд.”
Озодӣ: Яъне ин масъала ҳам мубрам аст ва бояд ошкоро бо президент онро баррасӣ кунанд...
Нозим Ишонқулов: “Бале, инро бояд баррасӣ кунанд, зеро як масъалаи бисёр муҳим аст. То замоне ки сармоягузорон мутмаин набошанд, ки қонунҳо риоят мешаванд, кормандони давлат аз рӯи виҷдон, на барои ҷайби худ кор мекунанд ва моликияташон амн хоҳад буд, онҳо ба Тоҷикистон намеоянд. Вале, мутаассифона, ҳодисаҳои чанд соли ахир нишон дод, ки чанде аз соҳибкорони шинохта ва муваффақи моро ҳамингуна таъқиб карда ва корхонаҳои онҳоро бо нақзи ҷиддии қонун “ғасб” карданд. Корхонаҳои онҳоро ё ғосибон гирифтанд ва ё ба нафъи давлат мусодира шуданд ва бори дигар мегӯям, ки ин корҳоро ғайриқонунӣ ва ё бо зери по кардани қонун анҷом доданд. Ин гуна корҳо ягон зарра ба беҳтар шудани шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мусоидат намекунанд. Яъне, мушкили ҳаққи моликиятро бояд фавран ҳал кунанд ва вазъро беҳтар кунанд.”
Озодӣ: Вале, ба назари Шумо, тоҷирону соҳибкорони ватанӣ дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ҷуръат ва ё ҷасорат хоҳанд кард, ки ин масъаларо ошкоро матраҳ кунанд?
Нозим Ишонқулов: “Ростӣ, умеди зиёде аз ингуна мулоқот надорам, зеро ба ингуна мулоқот соҳибкоронеро даъват мекунанд, ки на аз тарафи худи раисиҷумҳур, балки аз тарафи дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ интихоб шудаанд. Бисёре аз соҳибкоронро аз рӯйхати соҳибкорони вафодор интихоб мекунанд ва эҳтимол ҳушдор медиҳанд, ки “суолҳои беҷо” надиҳанд ва ё дар бораи мушкилоташон гап назананд. Фикр намекунам, ки соҳибкорони мо ҷуръат карда дар бораи мушкилот гап зананд, аз ин рӯ, фикр намекунам, баъди ин мулоқот чизе дар кишвар тағйир мекунад.”
Озодӣ: Агар худи Шуморо ба ин мулоқот даъват мекарданду иҷоза медоданд, дар бораи мушкилот бигӯед, кадом масъаларо матраҳ мекардед?
Нозим Ишонқулов: “Намедонам, вале шояд дигарбора низоми андозситониро матраҳ мекардам. Нишондодҳои мутахассисони хориҷӣ ҳаст, масалан Бонки Ҷаҳонӣ, ки бар асоси гузориши он дар бораи пеш бурдани соҳибкорӣ дар кишварҳои ҷаҳон, Тоҷикистон аз назари ҷаззобият барои сармоягузорӣ дар мақоми 143-ум меистад. Ман аз президент мехостам, ба ҳамин масъала аҳамият диҳад, зеро Тоҷикистон на аз рӯи гуфтаҳои ману коршиносони дигари тоҷик, балки бар асоси баҳои мутахассисони мустақилу байналмилалӣ дар ин мақом аст. Ман аз раиси ҷумҳур мехостам, ба ҳамин масъала аҳамият дода ва ба ҳукумат дастур диҳад, ки барои беҳтар кардани муҳити соҳибкорӣ дар кишвар чора андешанд. Дар онҷо тақрибан 7 тавсия аст, ба мисли дастрасӣ ба захираҳои молӣ, осон кардани андозсупорӣ, риояи ҳаққи моликият ва мисли инҳо.”