Рухшона Раҳмонова - муовини сардори раёсати вазорати хориҷа таъин шуд

Рухшона Раҳмонова, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини сардори яке аз раёсатҳои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъин шудааст.

Рухшона Раҳмонова -- духтари президент Эмомалӣ Раҳмон муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъйин шудааст. Рухшона Раҳмонова то ба ҳол дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониё кор мекард ва баъд аз анҷоми маъмурияти худ дар Лондон, фаъолияти худро дар Душанбе идома медиҳад.

Як манбаи радиои Озодӣ дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 25 ноябр гуфт, таъйиноти Рухшона Раҳмонова "моҳи ноябр, тахминан 10 рӯз пеш сурат гирифт, вале феҳрасти кормандони сохторҳои вазорат рӯзи 24 ноябр нав шуд. Аз ҳамин хотир, исми ӯ тоза дирӯз дар рӯйхати кормандон чоп ва дар вебсайти расмии вазорат дар бахши "Сохтори вазорат" ворид шуд".

Эмомалӣ Раҳмон бо бархе аъзои оилааш ба ҳангоми мизбонии раҳбари Чин

Ин нафар гуфт, ки Рухшона Раҳмонова як дипломати собиқадор аст. Дар гузашта дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониё кор карда, баъди анҷоми рисолатҳояш дар он кишвар ба Душанбе баргашт ва акнун корро дар раёсати созмонҳои байналмилалӣ идома медиҳад. Рухшона Раҳмонова дар Раёсати созмонҳои байналмилалӣ муовини Идибек Қаландаров, сардори ин бахш мебошад.

Раёсати созмонҳои байналмилалии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон масъули ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои созмонҳои хориҷӣ дар кишвар мебошад.

Дар бораи корномаи Рухшона Раҳмонова иттилои зиёд дар даст нест, танҳо маълум аст, ки аз нӯҳ фарзанди президент ӯ духтари сеюми хонадон ва оиладор аст.

Таъйини ӯ ба мақоми муовини сардори раёсати созмонҳои байналмилалии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз ин қабл Озодаи Раҳмон - духтари дигари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мақомҳои гуногуни ин вазоратхона кор карда буд.

Тақдими ордени "Шараф" ба Озодаи Раҳмон

Озодаи Раҳмон солҳои 2005-2007 дар бахши фарҳангии сафорати Тоҷикистон дар Амрико, солҳои 2007-2009 сардори раёсати консулии вазорати корҳои хориҷа, солҳои 2009-2014 муовини вазири хориҷа, аз моҳи маи соли 2014 то 27 январи соли 2016 муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон буд. 27 январи соли 2016 раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.

Писари калонии президент Рустами Эмомалӣ

Эмомалӣ Раҳмон 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар дорад, ки ба ҷуз аз писари хурдиаш Сомон бақия алакай издивоҷ кардаанд. Ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аст.

Шаш сол пеш духтари дигари раисиҷумҳур -- Заррина Раҳмон, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекард, ба сифати гӯяндаи ахбори телевизиони давлатӣ ба забони англисӣ зуҳур кард. Мақомоти телевизион гуфтанд, ин як озмоиш ва таҷрибаомӯзӣ буд.

Соли 2010 Зарринаи Раҳмон барандаи телевизион буд

Соли 2010 Фарзона Раҳмон, духтари кӯчаки раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар яке аз литсейҳои бонуфузи пойтахт таҳсил мекард, дар як сабқати байналмилалии миёни хонадагони мактабҳои миёна дар Екатеринбурги Русия медали тилло ба даст овард.

Соли 2012 Сомони Раҳмон, писари хурдии раисиҷумҳур дар як Олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия, дар бахши барномасозии компютерӣ баранда шуд ва медали тилло гирифт.