Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Бадахшон ва дигар мақомоти вилоят як моҳ муҳлат дод, ки тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонунро дар шаҳри Хоруғ барқарор кунад, дар акси ҳол курсиашонро холӣ мекунанд.
Раисҷумҳур аз мақомоти вилояти Бадахшон башиддат интиқод кард, ки “чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд.”
“Наметавонед курсиро холӣ кунед”
Дар як шаҳри Хоруғ 2 ҳазор хизматчии давлатӣ аст, 5-6 ҷинояткорро ба тартиб даровадарда наметавонед. Фармон додам, ман ба уҳда мегирам, лозим шавад қувваҳои мусаллаҳро истифода кунед. Бас будагист
Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр дар мулоқот бо фаъолони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ аз вазъи тартибот дар шаҳри Хоруғ интиқод кард. Ӯ гуфт, айб аст, ки раиси КДАМ ва ВКД-ро барои ба тартиб дароварда ҳаракати нақлиёт ба Хоруғфиристанд.
“Чаро чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед? Чаро волоияти қонунро таъмин намекунед? Агар наметавонед, пас дар курсӣ нишастан даркор нест. Дилу гурда надоред, виҷдони пок надоред ба сиёсати раҳбари давлату ҳукумат, вазифаи давлатиро холӣ кунед. Вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ. Омӯзед! Ин чӣ хел корманди милитсия будааст, ки ман ҳисоб кардам, фақат дар шаҳри Хоруғ қариб 1000 нафар. Чӣ, чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед?” - суол гузошт раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон дар назди сохторҳои вилояти Бадахшон шарт гузошт, ки агар ягон ҷиноят бе ҷазо монад, ягон нафари онҳо дар вазифаашон кор нахоҳанд кард.
“Лозим шавад қувваҳои мусаллаҳро истифода баред”
Раисҷумҳур зимни интиқод аз вазъи тартибот дар Хоруғ гуфт, “дар инҷо корманди Бозрасии давлатии автомобилиро зада пахш карда мегузаранд, як кас кор надорад.” Ӯ гуфт:
“Намегузорам, ки як хизматчии давлатӣ қонуншиканӣ кунад. Барои чӣ намешавад? Дурӯягӣ мекунед ё вобаста шудагӣ ҳастед аз гуруҳҳои ҷиноятӣ. Пули наркотик бисёр. Мо маълумот дорем, чораҷӯӣ мекунем. Кӣ бенизомиро мехоҳад? Дар як шаҳри Хоруғ 2 ҳазор хизматчии давлатӣ аст, 5-6 ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед. Фармон додам, ман ба уҳда мегирам, лозим шавад қувваҳои мусаллаҳро истифода кунед. Бас будагист,” - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон вазъи феълии шаҳри Хоруғро як монеае барои омадани сайёҳон хонд.
Ӯ гуфт, “ин ҷинояткорон дар ҳаққи 220 ҳазор сокини вилояти Бадахшон зомин мешаванд, чунки сармоя намеояд, сайёҳон намеоянд, вақте мефаҳманд, ки ноором аст. Вақте бетартибиву бенизомист, тартиботи ҷамъиятӣ риоя намешавад, хоҳед ё нахоҳед, намеравад ягон кас.”
“Истифода аз нерӯ танҳо дар ҳолати мабодо аст”
Мақомоти вилояти Бадахшон то ҳол расман нагуфтаанд, ки барои таъмини пурраи тартибот дар шаҳри Хоруғ чӣ корҳоро шуруъ кардаанд. Аммо як масъули ҳукумати Бадахшон бидуни зикри номаш гуфт, баъд аз мулоқот бо раисҷумҳур корбарӣ бо мардум шуруъ шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳоле, ки аксар мақомоти вилояти Бадахшон рӯзи 17 сентябр аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд, як масъули ҳукумати Бадахшон ба шарти нашр нашудани номаш гуфт, ки ҳамаи кормандони ҳукумати вилоят ва шаҳри Хоруғ барои вохӯрӣ бо мардум сафарбар шудаанд, то мушкилоти мардумро аз наздик бифаҳманд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯяд, ҳушдори президент дар бораи «истифодаи қувваи мусаллаҳ» ба ҳолате рабт мегирад, ки вазъ қобили ислоҳ набошад. Ин андешаро, аз ҷумла, Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар як сӯҳбати мухтасар бо Радиои Озодӣ баён кард. Ӯ, боз таъкид ба ин ки «вазъ дар Хоруғ муътадил аст», гуфт:
“Мабодо ягон гап шавад. Чун як вақтҳо чунин ҳолатҳо шудагӣ буд. Гуфтанд, дар ҳолате, ки агар талабот пайдо шавад, мо метавонем аз нерӯ истифода мебарем.”
Айёмбеков: "Кӣ аст ҷинояткор? Ба мо нагуфтанд”
Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартибот дар шаҳри Хоруғ дар ҳоле садо медиҳад, ки солҳои қабл дар ин шаҳр чанд маротиба амалиёти низомӣ барои дастгир кардани ҷинояткорон анҷом шудааст.
Аз ҷумла, соли 2012 баъди кушта шудани Абдулло Назаров, сардори Идораи амнияти вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ барои боздошти гумонбарон амалиёти низомӣ анҷом ёфт. Баъдан, дар моҳи майи соли 2014, дар пайи як тирандозӣ эътирозҳои Хоруғ оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат гирифт, се нафар, аз ҷумла як афсари нерӯҳои махсус (ОМОН) кушта шуда ва чор тани дигар захм бардоштанд.
Дар ду ҳодисаи гузашта ангушти ишорати мақомот бештар ба сӯи ашхоси таъсиргузор ё раҳбарони ғайрирасмӣ дар Бадахшон равона шудааст. Дар миёни онҳо асосан собиқ қумандонҳои мухолифин буданд. Аммо ин нафарон мегӯянд, барои пурра ҷорӣ кардани тартибот бо ҳукумат кор мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Айёмбеков: "Чӣ қадаре гуфтанд, ҳамаашро супоридем". ВИДЕОТолиб Айёмбеков, аз собиқ фармондеҳони саҳроӣ дар Бадахшон мегӯяд, феълан дар ҷамоатҳо маҷлис рафта истодааст ва ӯ ҳам, ба гуфтааш, омода аст, ки дар амри кӯмак дар таъмини тартибот мусоидат кунад.
Ҷаноби Айёмбеков рӯзи 17 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 15 сентябр хост дар вохӯрӣ бо раисҷумҳур иштирок кунад, аммо барояш чунин иҷозаро надоданд.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, намедонад ва барояш ҳам то ҳол нагуфтаанд, ки “5-6 ҷинояткоре, ки онҳоро мақомот ба тартиб надаровардаанд» киҳо ҳастанд. Толиб Айёмбеков гуфт:
“Мо маҷлис кардем дар ҷамоатҳо, ки бифаҳмем кӣ ҳастанд ҳамон чор-панҷ ҷинояткор? Онҳо кистанд, бигӯед, маслиҳат мекунем, масъаларо ҳал мекунем. Чӣ ҷиноят аст? Ҳеҷ чиз намегӯянд. Мо ҳоло чизе гуфта наметавонем, барои ҳамин гуфтем, бо ҳукумат бишинем, гап занем, ки чӣ гапу чӣ ҷиноят ва чӣ проблема аст. Пагоҳ бояд бо ҳукумат гап занем, ҳоло бо ҷамоатҳо гап зада истодаем,” - гуфт Айёмбеков.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Абдулло Назаров. Аз сари забонҳо то ба фаромӯшӣ“Мушкили Хоруғ аз бекорӣ аст”
Дар кулл ҳамсуҳбатони мо аз шаҳри Хоруғ ва ҳам мақомот мегӯянд, вазъ дар Хоруғ ором аст, танҳо баъзе падидаҳо онҳоро нигарон кардааст. Аз ҷумла, зиёд будани мошинҳои берақам дар кӯчаҳои шаҳр, ки маълум нест ба кӣ тааллуқ доранд. Дар ин миён бархе таҳлилгарон аз Хоруғ мегӯянд, решаи мушкили ин шаҳр аз бекорӣ об мехӯрад ва бояд нахуст ин масъала ҳал шавад, то қишри бекору нирӯманди ҷавонон банд шаванд.
Набот Додхудоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон гуфт, вазъи иқтисодии мардум дар шаҳри Хоруғ воқеан вазнин аст.
Ба қавли хонум Додхудоева, бекорӣ як мушкили тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аст, аммо набуди замин ин мушкилро барои сокинони Хоруғ вазнинтар кардааст. Ӯ гуфт, ҳадди ақал тендери сохтмони иншоот ба ширкатҳои маҳаллӣ дода намешавад, то ба ин восита як қисми мардум соҳиби ҷойи кор шаванд.
“Барои ҷавонони Хоруғ бояд як барномаи мукаммал сохта шавад. Вақте як шахс бекор аст, майнаи ӯро «обработка» кардан осон аст. Мақомоти шаҳр ба масъалаҳои шаҳр диққат намедиҳанд. Ба ҷуз бекорӣ, инчунин ҷойҳои фарҳангӣ ва варзишӣ ҳам нестанд. Вақте дар як шаҳр зиндагӣ мекунӣ, ки ягон ҷойи фароғат, макони варзишӣ надорад ва вақте одам ҳар рӯз безебиро мебинад, психологияш вайрон мешавад”, - гуфт Набот Додхудоева.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Марги 12 нафар аз майзадагӣ дар БадахшонШаҳри Хоруғ бо беш аз 29 ҳазор аҳолӣ маркази вилояти мухтори Бадахшонӣ кӯҳӣ аст. Ба хотири кӯҳҳои осмонбӯси минтақа, Хоруғ макони марказии ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шумор меравад. Роҳҳои мошингарду кӯҳӣ Хоруғро бо Ӯши Қирғизистон, Бадахшони Афғонистон, Ҷумҳурии Чин ва шаҳри Душанбе мепайвандад. Дар шаҳр се донишгоҳ амал карда, чанд корхонаи дӯзандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, осоишгоҳҳову нирӯгоҳи барқи обӣ амал мекунад. Вале боз ҳам сокинон аз камбуди кор азият мешаванд.