Э. Раҳмон: “Дар Норак хурофот ва ифрот реша давондааст”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз “реша давондани ақидаҳои ифротиву хурофотӣ” дар шаҳри Норак ва ба сафи гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар хориҷ пайвастани 26 сокини ин минтақа изҳори нигаронӣ кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 27 апрел ба шаҳри Норак сафари корӣ дошт, дар суханронии муфассалаш дар расми ифтитоҳи бинои мактаби рақами 28-ум дар ин шаҳр гуфт, “бинобар камфаъолиятии масъулон, беназоратии баъзе падару модарон ва камсамар будани чорабиниҳои дар ин самт гузаронидашуда таъсири андешаҳои бегонаи ифротӣ ба мафкураи қишрҳои осебпазири ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон зиёд шуда истодааст.” Ӯ афзуд, ки як сабаби дар вилояти Хатлон, аз ҷумла дар шаҳри Норак “бар хилофи арзишҳои фарҳангии миллӣ реша давонидани ақидаҳои ифротиву хурофотӣ ва хусусан солҳои охир ба як тамоюли хатарнок табдил ёфтани раванди зикршуда дар ҳамин аст.”

Ӯ ҳамин тавр аз иштироки 26 сокини шаҳри Норак дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар изҳори таассуф кард ва гуфт, “чунин амали нангин ба шаъну шарафи сокинони сарбаланди шаҳри Норак иснод меорад.” Эмомалӣ Раҳмон Норакро аз шаҳрҳои фарҳангӣ ва маркази энергетикии Тоҷикистон ном бурд ва аз мақомот, аҳли зиё ва марду мдаъват кард, то пеши роҳи гароиши бахусус ҷавонон ба ақидаҳои ифротии хилофи хислатҳои мардуми тоҷик ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафиро бигиранд. Ба ақидаи президенти Тоҷикистон, ифротгароӣ “барои инсоният ҳамчун як фоҷиаи мудҳиш ва гузашта аз ин, ҳамчун як вабои аср мушкилоти зиёде ба бор оварда, хусусан, вақтҳои охир ба осоишу оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст.”

Эмомалӣ Раҳмон моҳи гузашта зимни боздидаш аз шаҳри Исфара низ аз пайвастани шумори зиёди сокинони он ба гурӯҳҳои тундрав ва ширкаташон дар ҷангҳо дар Сурияву Ироқ изҳори ташвиш карда, низ хостори муборизаи бештари мақомот ва ҷомиа бо густариши ифротгароӣ дар миёни мардум шуда буд.

Изҳори нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз “реша давондани хурофот ва ифротгароӣ” дар шаҳри Норак ва иштироки 26 сокини ин минтақа дар ҷангҳои бегона дар ҳолест, ки ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дастикам 1094 шаҳрванди ин кишвар дар Сурияву Ироқ ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” пайваста, то имрӯз 148 нафари онҳо дар он ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

Яке аз онҳое, ки бино ба маълумоти мақомот, дар Сурия ҷон бохтааст, Анӯшервон Азимов, як сокини 26-солаи рустои Тутқавули Норак аст. Азимов, ки дар Русия ба сар мебурд ва бо лақаби “Анас” маъруф буд, ба ҷалби беш аз 100 нафар аз миёни муҳоҷирони тоҷик ба ҷангҳои Сурияву Ироқ муттаҳам мешуд.

Афроди муттаҳам ба барафроштани парчами "Давлати исломӣ" дар Норак

Мавриди дигаре, ки исми Норакро дар робита ба хатари ифротгароӣ ва фаъолиятҳои созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Давлати исломӣ” вирди забони расонаҳо кард, парвандаи пурсарусадои 13 сокини ин шаҳр буд, ки моҳи феврал бо ҷурми барафроштани парчами "Давлати исломӣ" дар Норак аз 10 то 25 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Ин 13 нафар, ба гуфтаи додгоҳ, 4 матои сиёҳи монанд ба парчами “Давлати исломӣ”-ро дар чанд гӯшаи шаҳр, аз ҷумлаи рӯи пули Чашма насб карда, қасд доштаанд, ҳамин тавр, беш аз 40 парчами ин гурӯҳи ҷангҷӯро дар гӯшаҳои мухталифи Норак барафрозанд, вале моҳи августи соли 2015 дастгир шуданд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин заминҳои зери назораташ эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани мухолифонаш ном баровардааст.

“Давлати исломӣ” масъулияти як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла масъулияти ҳамлаҳои моҳи ноябри Порисро, ки 130 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамлаҳои рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва метрои Брюсселро, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар шуд, бар дӯш гирифтааст.

Кишварҳои Ғарб ва давлатҳои арабӣ ба раҳбарии Амрико эътилофи байналмилалие таъсис додаанд, ки мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон ва нирӯҳои Ироқ ва пешмаргаҳои курдро алайҳи ин гурӯҳи тундрав таъмини силоҳ мекунад.

“Давлати исломӣ” ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ манъ шудааст.

Шаҳри Норак, воқеъ дар 70-километрии ҷанубушарқи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ҳудуди 28 ҳазор аҳолӣ дорад. Норак “пойтахти энергетикӣ”-и Тоҷикистон ба шумор меравад, чунки бузургтарин нирӯгоҳи барқи обии кишвар – нирӯгоҳи Норак – дар ҳаминҷо сохта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафараш ба Норак аз ин нирӯгоҳ низ дидан кард, гуфт, барои навсозии он 400 миллион доллар лозим аст.