Эмомалӣ Раҳмон: Манфиатҳои давлату миллат аз дигар манфиатҳо волотаранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ванҷ хостори он шуд, ки мардум ба манфиатҳои давлату миллат бартарӣ диҳанд ва барои ободии сарзаминашон талош кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо раҳбарон, фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ, ки рӯзи шанбе 25 июн дар ҷамоати деҳоти Язғулом баргузор шуд, бештар рӯи ҳисси баланди милливу бартарӣ додан ба манфиатҳои давлату миллат ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои тундрав тамаркуз кард.

Сафари чаҳоррӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон аз ҷамоати Язғулом шурӯъ шуд ва қарор аст, ки дар чаҳорчӯби таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ аз ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ ҳам дидан ва дар расми ифтитоҳи чандин иншоотҳои нав ширкат намояд..Тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 июн дар шаҳри Хоруғ баргузор хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот дар Язғулом изҳори итминон кард, ки Ванҷ "бо ҳисси баланди миллӣ манфиатҳои давлату миллатро аз ҳамаи манфиатҳои дигар боло ҳисобида, дар пешрафту ободии сарзамини аҷдодиамон ва таҳкими ваҳдату сарҷамъии миллати некноми тоҷик саҳми ватанпарваронаи худро мегузоранд."

Президенти Тоҷикистон аз пайвастани даҳҳо тан аз сокинони ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳҳои тундрав ва ширкати онҳо дар ҷангҳо дар Сурияву Ироқ изҳори таассуф кард. Ӯ ба масъулони мақомоти маҳаллӣ, падару модарон, омӯзгорону зиёиён ва шахсиятҳои рӯзгордидаи Ванҷу деҳоти Язғулом муроҷиат кард, ки "фарзандони худро аз роҳи бад гардонед ва оқибатҳои бади гароиш ба гурӯҳу равияҳои террористиву экстремистиро ба наврасону ҷавонон фаҳмонед."

Ёдовар мешавем, Додситонии кулли Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ эълон карда буд, ки 26 сокини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки аксари онҳо сокинони ноҳияи Ванҷанд, дар сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия меҷанганд. Зимнан, теъдоди ҷавонони бадахшӣ, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастанд, назар ба соинони дигар манотиқи Тоҷикистон ба карат камтар аст.

Ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои бегона, аз ҷумла, дар Сурияву Ироқ ва Афғонистони ҳамсоя солҳои ахир як мояи ҷиддии нигаронии мақомоти Душанбе боқӣ мемонад. Ба иттилои расмӣ, беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва танҳо аз Сурияву Ироқ дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон гузоришҳо расидаанд.

Ба гуфтаи мақомот, аксари ҷангиёни тоҷик дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро сокинони Рашт, Ванҷ, Рӯдакӣ, Душанбе ва Суғду Хатлон ташкил медиҳанд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон бар ин боваранд, ки аксари ҷангҷӯёни тоҷике, ки ба Сурия рафтаанд, ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ваё аз сӯи ҳаракатҳои тундраве, чун созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия ба “ҷиҳод” ҷалб шудаанд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон низ ахиран дар як матлаб дар “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон гуфт, аксари ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурияву Ироқ пайравони Салафия мебошанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз гароиши шаҳрвандонаш ба гурӯҳҳои ифротгаро як силсила тадбирҳоеро рӯи даст гирифтааст. Аз ҷумла дар Кодекси ҷиноии ин кишвар банди вижаи “зархаридӣ” шомил карда шуд, ки барои ширкат дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар то 12 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.

Ҳамзамон барои он ҷанҷӯёни тоҷике, ки довталабона аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, афви гуноҳ пешниҳод шудаст. Соли гузашта беш аз 50 нафар аз ин пешниҳод истифода карда, аз Ховари Миёна ба Тоҷикистон баргаштанд.