Мушовири давлатии раисҷуҳмур мегӯяд бо назардошти муносибатҳои нек бо Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон наметавонад ба ҷараёни салафия фишор оварад.
Саидмурод Фаттоев, мушовири давлатии президент оид ба масъалаҳои робита бо ҷомеа рӯзи 15-уми август дар ҳамоише таҳти унвони "Муносибати давлат ва дин» , ки дар Кохи ваҳдати шаҳри Душанбе доир шуд, аз ҷумла таъкид кардааст, ки Тоҷикистон наметавонад ба ҷараёни «Салафия» фишор орад, зеро ин мазҳаби аслии кишвари Арабистони Саудӣ ва бархе дигар давлатҳои Халиҷи Форс аст, ва чунин амал метавонад ба муносибати миёни кишварҳо халал ворид кунад:
«Вақте мо дар мавриди ин гуна ҷараёнҳо суханронӣ мекунем, бояд эҳтиёт кунем. Албатта, ин ҷараёнҳо дар мо мамнуъ эълон карда шудааст. Вале мо бояд ҳангоми суханронӣ дар нисбати ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо бояд эҳтиёткор бошем, чунки бархе аз ин равияҳо дар кишварҳои Халиҷ ҳизбҳои расмии давлатӣ маҳсуб мешаванд ва мо бояд коре кунем, ки ба иззати нафси онҳо нарасем.»
Бо ишора ба ҳаводиси хунини олами араб ҷаноби Фаттоев афзуд, ки барои оромиш ва субот дар ҷомеа принсипи дунявият аз ҳама беҳтар аст. Чунки дар чунин ҳолат ҳар нафар дар интихоби ақидаи динӣ ва ҷаҳонбинӣ озод аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ақидаи худро ба дигарон таҳмил кунад.
Аммо таҳлилгарон ва бархе аз рӯҳониён ин изҳороти мушовири президентро як навъ тағйир дар муносибати давлат ба салафиҳо талаққӣ мекунанд.
Зубайдуллоҳи Розиқ роҳбари Академия исломии ҲНИТ мегӯяд, аз аввал муносибати давлати Тоҷикистон бо салафиҳо хуб буд, вале вақте нуфузи онҳо боло гирифту давлат эҳсоси хатар кард, ин гурӯҳ мамнуъ эълон шуд: «Дар ҳоле, ки замони интихобот наздик мешавад, давлат намехоҳад, бо салафиҳо тундравӣ кунад. Чунки салафиҳо бо ҳар роҳ аз мавқеи Ҳизби халқӣ демократӣ ва номзади он дар интихобот пуштибонӣ мекунад. Умуман дар куҷои дунё, ки салафиҳо набошанд, онҳо аз мавқеи ҳукуматҳои дунявӣ дифоъ мекунанд.»
Ҷаноби Розиқ мегӯяд, ахиран дар Миср низ ҳизби «Ан-наср», ки пайравонаш салафиянд аз мавқеи ҳукумати ҳарбие ҳимоят мекунанд, ки дар натиҷаи табаддулот ба сари қудрат омад ва исломиёни сиёсиро зери фишор гирифтааст.
Ҳамзамон бархе аз рӯҳониён мегӯянд, салафия ин шакли мудерншудаи ваҳҳобия аст ва пайравони он аз марказҳои махсуси хориҷӣ маблағгузорӣ шуда, ҳузури онҳо барои субботу амнияти Тоҷикистон хатар дорад.
Домулло Маъруф Раҳимов, сархатиби масҷиди Сариосиёи Душанбе мегӯяд: «Чунки дар паси ин ҳаракат давлатҳои сарватманде мисли Арабистони Саудӣ ва Қатар меистанд. Ин кишварҳо донишгоҳҳое, ки таълимоти салафияро меомӯзонанд, сахт пуштибонӣ мекунанд. Ин ҳаракатҳо мехоҳанд, фарҳанги кишварҳоро аз байн бубаранд ва идеологияи худро ҷорӣ кунанд.»
Гуфта мешавад пайравони мазҳаби Салафия иҷрои ҳар амру фармони роҳбарони кишварҳоро воҷиб мешуморанд ва аз онҳо чун «улул-амр» ёд мекунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, маҳз чунин мавқегирии эшон дар қиболи раисҷумҳурон писанди раҳбарони кишварҳои авторитарӣ ва худкома мешавад.
Салафия як ҷараёни мазҳабии нав дар Тоҷикистон аст, ки пайравонаш бо шеваи намозгузорӣ, яъне рафъи ядайну бо садои баланд омин гуфтан бо пайравони чор мазҳаби ислом, аз ҷумла ҳанафиҳо ихтилофи назар доштанд. Пайравони ин гурӯҳ тақрибан дар соли 2005 дар масоҷиди Тоҷикистон зуҳур карда, бо рӯҳониёни мазҳаби ҳанафӣ рӯи масоили динӣ ба баҳс нишастанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости додситони кулл дар оғози соли 2009 барои халалдор нашудани вазъи амниятӣ фаъолияти салафияро манъ карда буд.
Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон бо назардошти баҳсҳои ахир миёни рӯҳониён ва диндорон, як ҳамоиш таҳти унвони «Муносибати давлат ба дин дар ҷомеъа» созмон дод, ки дар он намоянадгони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигари мазҳабӣ ширкат доранд.
Ваҳҳобия ё салафия як фирқаи мусулмонони суннист, ки ба номи бунёдгузори он, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб номгузорӣ шудаааст. Абдулваҳҳоб дар садаи 18 ба таблиғи ақидаҳои Ибни Таймия пардохт ва сабаб шуд, ки тарафдорони ин ақоид дар нимҷазираи Арабистони Саудӣ афзоиш ёфта, таъсири онҳо дертар ба даҳҳо кишвари дигари мусулмоннишин паҳн шавад.
Меҳвари ғоявии онро тавҳид, афзалияти ислом аз динҳои дигар, бозгашт ба сарчашмаҳои оғозии ислом, радди хурофоту бидъат ва мухолифат ба ҳама гуна ислоҳоту навсозӣ дар дин ташкил медиҳад. Ваҳҳобия ва сарусадо дар бораи ҳузури пайравони ин ҳаракат дар Тоҷикистон барои бори нахуст дар нимаи дуввуми солҳои 80-уми қарни гузашта, дар ҳоле рӯ зад, ки таъсири ин фирқа ба ҳаёти мусулмонон афзоиш ёфт ва талошҳои он то андозае моҳияти сиёсӣ пайдо кард.
«Вақте мо дар мавриди ин гуна ҷараёнҳо суханронӣ мекунем, бояд эҳтиёт кунем. Албатта, ин ҷараёнҳо дар мо мамнуъ эълон карда шудааст. Вале мо бояд ҳангоми суханронӣ дар нисбати ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо бояд эҳтиёткор бошем, чунки бархе аз ин равияҳо дар кишварҳои Халиҷ ҳизбҳои расмии давлатӣ маҳсуб мешаванд ва мо бояд коре кунем, ки ба иззати нафси онҳо нарасем.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад