Президенти Тоҷикистон гуфт, ки то се соли оянда кишвар ба истиқлоли энержӣ даст ёфта ва сокинон аз панҷаи бебарқӣ раҳо хоҳанд шуд. Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабр, ҳангоми ироаи паёми солонааш ба порлумону мардуми Тоҷикистон дар бораи истиқлоли энержӣ сӯҳбат мекард, сохтмони Роғунро роҳи асосии наҷот донист. Ӯ гуфт, барои нерӯгоҳи Роғун то кунун 12 миллиард сомонӣ сарф шуда ва дар соли ҷорӣ 2 миллиарду 16 миллион сомонии дигар ҷудо гардидааст. "Дар соли 2018 чарха ё агрегати нахустини ин нерӯгоҳ ба кор медарояд ва пас аз 3 сол истиқолияти энержӣ таъмин хоҳад шуд", - таъкид кард президент.
Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони кишвар итминон дод, ки пасандози онҳо аз бонкҳо ба таври пурра баргардонда мешавад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома гуфт, соли оянда барои бозсозии нерӯгоҳи Нораку Қароққум низ ҳудуди 4 миллиард сомонӣ ихтисос дода мешавад. Аммо дар ҳоле ба ҳалли мушкили бебарқӣ таъкид мешавад, ки ҳар сол дар айёми тирамоҳу зимистон лимит ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шуда, сокинони кишвар дар шабонарӯз аз 5 то 10 соат манбаи рӯшноӣ ва гармиро мегиранду бас. Вазъ бахусус дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳистонӣ бад будааст, ки баъзе манотиқаш то чанд рӯз аз нерӯи барқ пурра маҳрум мешаванд.
Бахши сайёҳӣ то панҷ сол аз андоз озод мешавад
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба фаъолияти бахши сайёҳӣ дар кишвар низ ишора кард ва гуфт, бояд ниҳодҳои туристӣ дар панҷ соли оянда аз пардохти ҳама гуна андозҳо озод шавад. Оқои Раҳмон, инчунин, пешниҳод кард, воридоти таҷҳизоти техникии сайёҳӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз, муоф шаванд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, бо ҳадафи рушди туризм дар кишвар соли оянда дар сохтори давлатӣ бахши махсуси сайёҳӣ таъсис хоҳад ёфт. Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон гуфт, дар се соли ахир шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ду баробар афзудааст ва ба манзури рушди сайёҳӣ дар кишвар, аз 1 январи соли 2017 воридоти мошинҳои нав ба Тоҷикистон ба миқдори 50 дарсад аз андоз ва боҷи гумрукӣ, озод хоҳанд шуд.
"Пасандози сокинон пурра баргардонда хоҳад шуд"
Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони кишвар итминон дод, ки пасандози онҳо аз бонкҳо ба таври пурра баргардонда мешавад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Бонки миллӣ ва Вазорати молия интиқод кард, ки дар назорати системаи бонкӣ ба камбудҳо роҳ додаанд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар соли ҷорӣ мизони қарздиҳӣ аз бонкҳо 32 дарсад кам шудааст. Ин аст, ки ӯ гуфт, ҳукумат, Бонки миллӣ ва Вазорати молия муваззафанд, "фаъолияти бонкҳо, ташкилоти қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷавиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиати қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ, чораҳои фаврӣ андешанд."
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сокинононро ба бозпас додани пасандозҳояшон аз бонкҳо итминон дод, ки ҳукумати кишвар чанд рӯз пеш барои наҷоти чаҳор бонки тиҷоратӣ - "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" – беш аз 3 миллиард сомонӣ ҷудо кард. Ин бонкҳо дар пасманзари буҳрони иқтисодӣ ба мушкили молӣ рӯбарӯ шуданд ва муштариёни худро дар ҳолати сарсонӣ қарор доданд.
"Ҷанги дохилӣ ба ҳадафи таъсиси "Давлати исломӣ" созмон дода шуда буд"
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба порлумон гуфт, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта бо шиори демократикунонӣ ва мудохилаи хориҷӣ, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги дохилӣ афтод ва доираҳои муайян дар дохили кишвар ва нерӯҳои муайяни хориҷӣ бо мақсади бунёди "Давлати исломӣ" ҷанги дохилиро созмон доданд.
Ба гуфтаи Раҳмон, бар асари ин ҷанг кишвар даҳсолаҳо ба ақиб афтод ва даҳҳо ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки чунин сенария ҳоло дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва Яман бо мудохилаи хориҷиён, идома дорад. Эмомалӣ Раҳмон аз ин қабл низ гурӯҳҳои хориҷӣ ва доираҳои муайянро дар ҷанги дохилии Тоҷикистон гунаҳкор намуда ва гуфта буд, ки ин гурӯҳҳо қасди бунёди "Давлати исломӣ" дар Тоҷикистонро доштанд. Дар ҷангҳои дохилии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, беш аз 100 ҳазор нафар кушта шуданд ва иқтисоди кишвар фалаҷ шуд.
Даъват аз президент: Аз бӯҳрон бояд раҳо шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, инак 24 сол боз ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад ва тайи дастикам 15 соли охир паёмҳои солонаашро ба порлумон ва мардум ироа мекунад. Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент гурӯҳҳои вижае таъсис дода мешаванд, ки бояд ҷараёни иҷрои нукоти омада дар ин суханрониҳои, ба гуфтаи мақомот, барномавии Эмомалӣ Раҳмонро назорат кунанд.
Аммо мунтақидон мегӯянд, бо гузашти 24 сол ҳукумат ҳанӯз натавонистааст мардумашро бо газу нерӯи барқи доимӣ ва ҷои кор таъмин кунад ва асбоби таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон то ҳол аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия ба даст меояд. Мояи дигари норизоият - тамаркузи бештари қудрат, аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани оппозитсияи сиёсие мисли ҲНИТ шудааст, ки ба қавли мунтақидон, плюрализми сиёсиро аз байн мебарад.