Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи Давлати исломиро "вабои аср" гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гурӯҳи Давлати исломиро "вабои аср ва хатари ҷиддӣ" хондааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 13 декабр дар Анҷумани 12-уми Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба таҳаввулоти ҷаҳон ва минтақа ишора кард ва аз густариши ифротгароии динӣ ва терроризм, ба хусус фаъолияти гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия изҳори нигаронӣ намуд ва гуфт, густариши фаъолияти ин гурӯҳ, "вабои асри нав ва хатари ҷаҳонӣ аст."

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, “чӣ Толибон, чӣ Ал-Қоида ва Давлати исломӣ ҳама як ҳадаф доранд ва бадбахтӣ он аст, ки баъзе нерӯҳо аз ин истифода карда ва ин созмонҳоро алайҳи худи мардуми мусалмон истифода мекунанд.”

Ҷаноби Раҳмон зимни он, ки фаъолияти “Давлати исломӣ”-ро хатаре ба ҷаҳон унвон кард, ҳамзамон гуфт, ки ин хатари ҷиддӣ барои Тоҷикистон низ аст. Чун ба таъкиди ӯ, ҷавонони тоҷик низ бо ҳар роҳ шомили ин гурӯҳ шудаанд ва ҳатто ҳамроҳи хонаводаашон ба “ҷиҳод” рафтаанд.

Раиси ҷумҳур шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқро ҳудуди 200 нафар хонд. Ба ин далел Эмомалӣ Раҳмон, таъкид кард, ки “мо бояд бетараф набошем ва пеши роҳи ин хатарро бигирем. Агар пеши роҳи ин хатарҳо гирифта нашавад, вазъ метавонад аз ҷанги соли 1992 бадтар шавад.”

Ин аст, ки ҷаноби Раҳмон, ба унвони раҳбари ҲХДТ таъкид кард, ки “яке аз ҳадафҳои ҳизби мо, мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм аст.”

Раҳбари ҲХДТ аз аъзо ва масъулони ҳизбаш хостааст, то корҳои фаҳмондадиҳиро дар манотиқи мухталиф миёни ҷомеа, ба хусус ҷавонону занон тақвият намоянд ва аз ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона ҷилавгирӣ кунанд.

Оқои Раҳмон гуфт, садҳо нафар дар дохили кишвар боздошт шудаанд, ки қасди анҷоми амалҳои террористиро доштаанд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ин афрод мехостанд, ки тунели Анзоб, Шаҳристон, биноҳои ниҳодҳои давлатӣ дар Панҷакент ва дигар минтақаҳоро битарконанд ва ҳамчунин ба ҷони шахсони мансабдор, аз ҷумла ҷони вазирон суиқасд анҷом диҳанд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар оғози соли равон аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии Ал-Қоида ҷудо шуда, дар байни ҳамагӣ чанд моҳ ба таври ногаҳонӣ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард.

Ин гурӯҳ, ки ибтидо “Давлати исломии Ироқу Шом” ном дошт, баъди пешрафтҳояш дар ин ду кишвар аз азмаш барои сохтани хилофати воҳиди исломӣ хабар дод ва раҳбараш Абӯбакри Бағдодиро ҳатто “халифа” эълон кард. Бино ба як харитае, ки расонаҳои ғарбӣ нашр кардаанд, “хилофат”-и “Давлати исломӣ” бояд то 5 соли оянда ба тамоми қаламрави давлатҳои мусалмоннишин – аз Испанияву Саҳрои Кабир то Қафқозу Осиёи Марказӣ ва Ҳинд – доман паҳн кунад. Дар ин харита тамоми Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Эрону Покистону Ҳинд дар як вилоят бо номи “Хуросон” тасвир шудаанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар сафи нирӯҳои “Давлати исломӣ” то 15 000 ҷангии хориҷӣ меҷанганд. Рӯзи 24 сентябр Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо иттифоқи оро қатъномаеро тасвиб кард, ки аз ҳамаи кишварҳо ташдиди мубориза алайҳи “Давлати исломӣ”, аз ҷумла гирифтани пеши роҳи ҷалби шаҳрвандонашон ба танзимҳои “ҷиҳодӣ”-ро тақозо мекунад.

Дар Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон бо иловаи як банд ба Кодекси ҷиноӣ муҷозот барои ҷалби афрод ба ҷангҳои бегона ва ширкат дар чунин ҷангҳоро шадид карданд. Аз ин ба баъд барои чунин аъмол дар Тоҷикистон метавонанд муттаҳамонро ба мӯҳлати аз 12 то 20 сол маҳкум ба зиндон кунанд.