Ҳушдори Э.Раҳмон аз вуруди гурӯҳҳои ифротгаро ба хоки Тоҷикистон

Тибқи иттилои расмӣ, кормандони ниҳодҳои интизомӣ муддати нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 20 гурӯҳи муташаккили ҷиноиро боздошт кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбеи 10 ноябр зимни суханронӣ дар ҷаласа ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар толори “Кохи Ваҳдат”-и Душанбе вазъи ҷинояткорӣ дар кишварро ба таҳлил кашида ва нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботро дар ошкоршавии ҷиноятҳо муҳим арзёбӣ кардааст.

Ба таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 15 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 13 ҳазори он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор шудааст. Ба гуфтаи вай, гарчанде ҳодисаҳои содиршавии ҷиноят назар ба соли гузашта дар маҷмӯъ 570 адад кам ба қайд гирифта шудаанд, вале сатҳи ошкоркунӣ 87 фоизро ташкил медиҳад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 20 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар ҳайати 79 нафар аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ барои содир кардани 100 ҷиноят дастгир карда шудаанд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои воридшавии ашхос ва гурӯҳҳои ифротгаро ба қаламрави Тоҷикистон, инчунин ҳодисаҳои ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои кишварҳои хориҷӣ бар зарурати андешидани чораҳои қатъӣ аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазорати корҳои дохилӣ, додситонии кулл, Хадамоти гумрук ва дигар сохтору мақомоти дахлдор таъкид кардааст.

Зеро ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҷинояткории замони муосир домани фароху густурда дошта, торафт тамоюлҳои нав пайдо мекунад.

Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз ворид шудани ашхос ва гурӯҳҳои тундгаро ба қаламрави Тоҷикистон дар ҳолест, ки бино ба ҳисобҳо, дар сафи ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия садҳо нафар аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, бино ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, то 200 нафар аз ин кишвар меҷанганд. Онҳо чандин бор тавассути нашри видеоҳо дар Интернет ҳокимони кунунии минтақа ва Русияро ҳушдор додаанд, ки “ҷиҳод”-ашон танҳо бо Ховари Миёна маҳдуд нахоҳад шуд, балки онҳо азми бозгашт ва “афрохтани парчами Ислом” дар зодгоҳҳои худро низ дар сар доранд. Душанбе мегӯяд, то имрӯз танҳо дар ҷангҳои Сурия то 50 тоҷик ҷон бохтаанд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАВОМИ РӮЗ НАШР МЕШАВАД