Бо дард дар бораи зиндагиаш ба Радиои Озодӣ нақл кард: Падару модарам дар ҳаёт набуданд, дар хонаи бародарам зиндагӣ мекардам. Шароиташ вазнин буд. Омадам ин роҳро гирифтам, ки кор кунам ва пуле ёбам, ки фарзандамро тарбия кунам.”
Ӯ расман дар Душанбе сабти ном нашудааст. Манзили зисти ӯ назди партовгоҳи як маҳалла қарор дорад, ки сокинони баландошёнаҳои гирду атроф аз он истифода мебаранд. Дар берун ҳоҷатхона ва як ҳаммоми нимсохт ҳам ҳаст. Мақомот гоҳ-гоҳ ба суроғаш меоянд, аммо барои дигар чиз: “Ҳар сол тафтиш меоянд. Ҳар сол маро мӯҳлат медиҳанд. Лекин ман боз ба сари хам мегӯям, ки ба хотири ҳамин фарзандонам, ман як рӯз не як рӯз ин заминро холӣ мекунам. Бо ҳамин суханон маро мефаҳмиданду мерафтанд.”
Агарчӣ оддитарин шароит барои зистро надорад, намехоҳад дигар ба деҳа баргардад: “Ман инҷо одат кардаам. Хаёлам ин замину қаламрав ҳамааш аз ман аст. Ба мардум ҳам одат кардаам."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мисли Гулсара дар чунин шароити сахт садҳо муҳоҷири дохилӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз рӯи тангдастӣ ва ё мушкилоти дигар рӯ ба пойтахт овардаанд.
Бунафша Назарова барои табобати ду кӯдаки маълулаш аз шаҳри Кулоб ба пойтахт омад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳамин кӯдаконамро табобат кунам, беҳбудӣ бинам. Хеле табобат шуданд. Дар Кӯлоб чунин табибони нағз барои масҳ нестанд.
Ҷомеашиносон мегӯянд, муҳоҷирати дохилӣ дар Тоҷикистон қаблан ҳам вуҷуд дошт, аммо солҳои ахир зиёд шуда ва тағйир ёфтааст. Яке аз онҳо Абдумудассир Аҳмадзода мегӯяд: "Инҳо афроде ҳастанд, ки дар минтақаҳо дастгирӣ намеёбанд, ё аз мақомоти маҳаллӣ дастгирӣ намеёбанд. Инҳо бештар фарзандони маъюб доранд ё оилаҳои носолиманд, ки мехоҳанд дар марказ барои худ мавқеъ пайдо кунанд.”
Агарчӣ солона ҳазорон сокини деҳот бо умеди зиндагии беҳтар ба Душанбе кӯч мебанданд, орзуи рӯзгори осуда ба осонӣ даст намедиҳад ва даҳҳо мушкилро ба дунбол дорад. Абдумудассир Аҳмадзода гуфт: “Ман ҳатто касонеро медонам, ки ба гадоӣ, талбандагӣ машғул мешаванд.”
Аз як миллион бештари аҳолии шаҳри Душанбе танҳо наздик ба 800 ҳазори онҳо расман сабти ном шудаанд. Боқимонда муҳоҷирони дохилӣ ё сокинони дигар манотиқи кишваранд, ки барои рӯзгори беҳтар ба инҷо омадаанд, ё кор мекунанд.