Зулайхо Маҳмадшоева аз вазири дохилӣ ҳимоят хост

Акс аз як клипи Зулайҳо Маҳмадшоева

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони тоҷик дар як нома ба унвони вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз нақзи ҳуқуқи худ ва таҳдиду таҳқир аз сӯи як корманди собиқи милиса шикоят бурдааст.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 16 октябр дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор дода шуд, Зулайхо Маҳмадшоева аз рафтору муносибати дағалонаи собиқ корманди вазорати умури дохила Маҳмад Мирзоев шикоят карда навиштааст, баъди даъватҳои зиёд аз ҷониби Мирзоев ҳайати ҳунариии хонум Зулайхо рӯзи 1 август дар тӯи хонаводаи ӯ ширкат намуданд, “аммо дар поёни тӯй фармоишгар муноқишаи сохтакоронае бардошта, аз пардохти ҳаққи хизмат саркашӣ кард”.

Зулайхо мегӯяд, тибқи як қарордоди шифоҳӣ, Мирзоев бояд барои ширкат ва ҳунарнамоӣ ба ӯ ва ҳамкоронаш 1800 доллар пардохт мекард, аммо ба ҷои ҳаққи хизмат баъди тӯй, онҳоро таҳдиду таҳқир намуда, ба шаъну эътибори ҳунармандон латма задааст. Ба иддаои овозхон, соҳибхона бо истифода аз мақоме, ки чанд соли пеш дар вазорати корҳои дохила доштааст, овозхонро таҳдид намуда, гуфтааст ки ҳамаро мешиносад ва “агар шикояте ҳам доранд, ҳеҷ кор аз дасташон намеояд”.

Овозхон дар изҳороти худ мегӯяд, ҳадаф аз муроҷиаташ ба вазири корҳои дохила талаби маблағ набуда, мехоҳад ҳамчун як овозхон, ки таҳқир шудааст, аз ҳаққи худ дифоъ кунад. Зулайхо дар изҳороташ гуфтааст, бо ин даъвои худ давоми ду моҳи ахир ба мақомоти салоҳиятдор, аз ҷумла, ба раёсати корҳои дохилаи Душанбе ва ба худи вазорати корҳои дохила ҳам муроҷиат намуд, аммо чун қазия ҷиддӣ гирифта нашуд, тасмим гирифт бо изҳорот ва тариқи расонаҳо ба вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода муроҷиат кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шикояти Зулайхо Маҳмадшоева

Зулайхо дар изҳороти худ навиштааст, “Мардуми санъаткор ҳамеша барои обрӯву фарҳанги миллат заҳмат мекашанд ва ҷашну маросимҳои хурсандии мардумро обод мекунанд, вале рафтори нодурусти нангини бархе рӯҳу равони мо, санъаткоронро мешиканад.”

Аммо Маҳмад Мирзоев, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ даъвои овозхонро рад кард. Маҳмад Мирзоев, ки дар гузашта дар мақомҳои баланди вазорати корҳои дохила, аз ҷумла солҳои 2001-2005 чун раҳбари идораи мубориза бо ҷиноятҳои мутташаккилонаи вазорат фаъолият кардааст, мегӯяд, дар воқеъ ӯ барои тӯи писараш Зулайхоро даъват карда буд, аммо овозхон қарордодро вайрон намуда, баъди чанд тарона, микрофонро дар ихтиёри шогирдонаш гузоштааст. "Қарор буд худаш то охири тӯй овохонӣ кунад, вале омаду қарордодро вайрон кард, рафт дар мошинаш шишт. Рафта даъвату илтимос карданд, омад, вале боз бинем, дигар кас мехонад", гуфт ӯ.

Ҷаноби Мирзоев афзуд, пас аз тӯй 1700 доллар ба намояндаи Зулайхо ҳаққи хизмат пешниҳод кардааст, аммо онҳо маблағи аз ин бештар талаб намудаанд. “Миёнарав аз ман 2 ҳазор доллар талаб кард, ман гуфтам, ки тоҷир нестам. Розӣ нашуданд, гуфтанд ин кам аст ва ман ҳам бе ягон гапи бад гуфтам, ин хел бошад ба воситаи суд пул мегиред аз ман. Ин масъаларо раёсату вазорат ҳам дида буд, аммо ман асли воқеаро фаҳмондам, ки вай қарордодро вайрон кардааст.”

Зулайхо Маҳмадшоева овозхоне, ки тақрибан 5 соли пеш рӯи саҳна омадаву ҳоло миёни ҷавонон мухлиси зиёд дорад, мегӯяд, барои бозпас гирифтани ҳақи заҳмат ва, ба гуфтаи худаш, барқарор кардани обрӯ, тамоми талошашро хоҳад кард. Ӯ қатъан вайрон шудани қарордодро рад мекунад ва мегӯяд, ки соҳибони тӯй бидуни машварат бо ӯ овозхони дигареро ҳам даъват карда буданд.

Овозхонон дар Тоҷикистон ғолибан бо ширкат дар тӯю маросимҳо зиндагӣ ва фаъолияти ҳунарии худро пеш мебаранд. Ғолибан арзиши ҳунарнамоии ҳар овозхон тӯли 3 соат дар як тӯй вобаста ба шӯҳрату нуфузи ӯ миёни ҷомеа муайян мешавад ва нархи ширкати як овозхон дар тӯй ҳоло аз 500 то беш аз 2000 доллар аст. Санъаткорон маъмулан тариқи шифоҳӣ бо мардум қарордод баста дар тӯю маросимҳо ширкат мекунанд ва дар бархе ҳолат маҳз чунин шартномаҳои шифоҳӣ боис ба сар задани баҳс миёни овозхону фармоишгар мешавад.

Аммо зоҳиран то имрӯз нафаре аз чунин баҳсу нофаҳмиҳо ба мақомоти масъул шикоят набурда буд.