Сироҷиддин Фозилов: "На ман гунаҳкорам, на Манижа..."

Овозхони пуртарафдори тоҷик Сироҷиддин Фозилов мегӯяд, бо он ки соли 2015 барояш як соли эҷодкорӣ буд, аммо ғами модари маризаш ӯро бисёр афсӯрда кард ва дар баъзе таронаҳояш нақш гузошт.

Овозхони шинохтаи тоҷик Сироҷиддин Фозилов, ки авоили соли 2000 бо таронаи пуртарафдори "Ман, ки дар гӯшаи боми ту будум" ҳамроҳ бо Манижа Давлатова ба саҳнаи ҳунар ворид шуда буд, баъди танаффуси кӯтоҳ ба саҳна баргашт ва ҳоло талош дорад ду соли дурӣ аз саҳнаро бо 16 таронаи тоза ҷуброн кунад.

Сироҷиддин эътироф мекунад, ки баъди бозгашти дубора дигаргуниҳое дар мусиқии тоҷик мушоҳида кард, аммо муҳтавои таронаҳо оне нест, ки шунаванда аз овозхон интизор дорад. Сироҷиддин мегӯяд, агар таронаҳои қадимиашро ҳоло мехонд, онҳо ҳатман оҳанги дигар медоштанд, дардҳои дигар медоштанд.

Сироҷиддин Фозилов ҳамчунин гуфт, ки як соли ахирро бештар дар нигоҳубини модари бемораш сарф кардааст ва кӯшиш намудааст бештар бо модараш бошад. Дар сӯҳбате, ки Радиои Озодӣ бо ин овозхони пуртарафдор анҷом дод, ин мавзуъ ҳам матраҳ шуд, ки чаро "дуэт"- Сироҷиддин бо Манижа дер напоид ва чаро ҳар яке бо роҳи худ рафт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сироҷиддин Фозилов: "На ман гунаҳкорам, на Манижа..."