Таҳрири қонуни интихобот. Азме дуруст, вале нокофӣ (ВИДЕО)

Намояндагони аҳзоби мухолиф ва таҳлилгарони умури сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, тарҳи ислоҳи қонуни интихоботи порлумонии кишвар ба андозае амиқ ва фарогир нест, ки дар оянда интихоботи шаффоф ва одилонаро замонат диҳад.
Вакили порлумон ва раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз пешниҳодҳои таҳрири қонуни интихобот дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон огаҳ шудааст.

Зоҳиран, ин дигаргуниҳо бо даъвати созмонҳои байналмилалӣ тарҳрезӣ шудаанд, ки пас аз интихоботи моҳи ноябр аз Тоҷикистон интиқод карданд, ки тавсияҳои муҳими Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА)- ро нодида гирифтааст. Дар тарҳи нав барои муҳоҷирон дар хориҷи кишвар шароити ширкат дар раъйдиҳӣ фароҳам оварда мешаванд, интихобкунанда метавонад зидди ҳамаи номзадҳо раъй диҳад, ҳизбҳои сиёсӣ на 22, балки 28 номзадро ба феҳрасти худ ворид кунанд, шумораи имзоҳо ва ҳаҷми гаравпулӣ ҳам коҳиш дода мешаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вокунишҳо ба таҳрири қонуни интихобот



Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 6 январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бастаи тағйироте ки аз тарафи нозирони САҲА пешниҳод шудаву порлумон онро мавриди баррасӣ қарор додааст, паёми мусбат мебошад, вале ҳанӯз кофӣ буда наметавонад.

Муҳиддин Кабирӣ

Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, тасмимҳои ахир, ҳарчанд дар маҷмӯъ хубанд, аммо масъалаҳои ҷиддӣ ва муҳимро дар бар намегиранд. Вай аз ҷумла ба ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар кори кумисcиюнҳои интихоботӣ ва ҳузури онҳо ҳангоми шумориши варақаҳои раъй ишора кард, ки дар тарҳи ислоҳот зикр наёфтаанд. Ӯ афзуд, «агар пешниҳоди тағйиру иловаҳо аз ҷониби аҳзоби мухолиф сурат мегирифт, ҳатман аз тарафи аксарияти порлумон рад мешуд. Бино бар ин вақте аз тарафи вакилони худи ҳизби ҲХДТ ё наздик ба ин ҳизб пешниҳод шудааст,бисёр фурсати хуб аст. Мо умед дорем, ки назари дигар вакилон ҳам гирифта мешавад ва дар маҷмӯъ як лоиҳаи хуб ва муассир таҳия мегардад. Чун тағийроте ки пешниҳод шудааст ҳанӯз кофӣ нест. »


Яке аз масъалаҳои калидӣ дар интихобот ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Кумиссиюни интихоботӣ ва ҳузури онҳо ҳангоми шумориши варақаҳои райъ мебошад, вале ин дар тарҳи нав зикр нашудааст,» - гуфт оқои Кабирӣ. Вай афзуд, ки ҲНИТ ҳамроҳ бо аҳзоби дигар дар назар дорад, ки як тарҳи алтернативии ислоҳи қонуни интитохоботро ба порлумон пешниҳод кунад.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон рӯзи 6 январ тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ дар бораи интихобот тибқи тавсияи нозирони байналмилалиро баррасӣ кард. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон рӯзи 6-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз нишасти Шӯрои Маҷлиси намояндагони таҳти раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд ва Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи Тоҷикистонро ироа кард.

Ба гуфтаи оқои Султонов, пешниҳоди созмонҳои байналмилалии масоили интихобот ба эътибор гирифта шуда, аз ҷумла гарави интихоботӣ аз 200 нишондиҳанда ба 100 нишондиҳанда поин оварда шуд. Ба нақли Султонов, «минбаъд тибқи тағйиру иловаҳо, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳаққи бурдани ҷаласаҳои вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳо ва минтақаҳои раъйдиҳиро нахоҳанд дошт.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумон


Эҳтимоли баҳс ва пешниҳодҳои навро ба тарҳи тағйиру иловаҳои Қонуни интихоботи Тоҷикистон муаллифи он раиси Кумитаи қонунгузории Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов низ рад намекунад. Аммо ба бовари ӯ, чун ин тарҳ ба густариш додани равандҳои демократӣ равона шудааст, бояд аз сӯи вакилон ҷонибдорӣ шавад: «Қонуни интихоботи Маҷлиси олӣ бештар аз 14 сол аст амалӣ мешавад ва яке аз вазифаҳои вакилон,ин омӯзиши ҳаматарафаи қонунҳои амалкунанда ва сари вақт ворид кардани ислоҳот ба онҳо мебошад. Ҳангоми омӯзиши қонуни мазкур баъзе иштибоҳҳои техникӣ ва баъзе масъалаҳои дигаре пайдо шуданд, ки дар ин замина ва омӯзиши баъзе тавсияҳо ин лоиҳаро мо омода сохтем.»

Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ватанов, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо такя ба тавсияҳои нозирони созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди наҳваи баргузории интихоботҳо дар ҳавзаҳо ва пешниҳоди номзадҳо, ҳамчунин дар масъалаи лағви имзоҳо тағйир ворид кард.

Яке аз тағйиротро ҷаноби Ватанов дар таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар ном бурд. Ба гуфтаи вай дар интихоботҳои парлумонӣ тибқи тарҳи нав дар сафоратҳову консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бо ҳамоҳангии вазорати корҳои хориҷӣ ва комиссияи марказиии интихобот барои муҳоҷирон ва шаҳрвандони дар хориҷи кишвар буда, ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил карда мешавад.

Маҳмадалӣ Ватанов.

Ҳарчанд дар қонунгзории амалкунанда дар мавриди баргузории интихобот дар хориҷи кишвар ишорае нашудааст, вале гузаронидани интохобот дар берун аз Тоҷикистон ба ин тағийрот ниёз доштааст. Роҳбарии ҳавзаҳои интихоботӣ бар зиммаи роҳбарони намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар вогузор карда мешаванд.

Инчунин тибқи тағийрот дар моддаи 31-ум, минбаъд аҳзоб метавонанд то 28 нафар номзадҳои худро ҳангоми интихобот пешниҳод намоянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан аҳзоб иҷозаи ворид кардани 22 нафарро дар рӯйхати ҳизбӣ доштанд. Ба гуфтаи ҷаноби Ватанов, ин ислоҳот ба хотири он гирифта шудааст, ки интихобкунандагон тавонанд, миқдори бештари вакилонро аз ин феҳраст интихоб намоянд.

Ба таъкиди Маҳмадалӣ Ватанов, яке аз дигар масъалаҳое, ки зиёд боиси фаҳмишҳои нодуруст дар қонуни амалкунанда мегардид он буд, ки тибқи моддаи 35-ум агар дар маҷмӯъ беш аз 3 дарсади имзоҳои қалбакӣ дар имзоҳои ҷамъкардашуда ошкор мегардид, он гоҳ сабти номзад рад мешуд. Аммо тибқи тағийроти пешниҳодгардида агар ҳоло аз имзои ҷамъовардаи номзадон дар маҷмӯъ 500 ва ё бештар аз он бошад, номзад сабти ном мегардад.

Дар баробари ин то ҳол номзадон ҳуқуқ доранд, ки то рӯзи баргузории интихобот номзадии худро пас гиранд. Вале дар сурати қабул шудани тағйирот ба моддаи 36-ум номзадон танҳо то 1 ҳафта мондан ба баргузории интихобот, ҳаққи бозпас хондани номзадии худро доранд.

Ҷаноби Ватанов афзуд, ҳамзамон ба варақаҳои раъй низ ислоҳот пешниҳод шудааст, ки он ҷой кардани банди иловагии «муқобили ҳама» аст. Яъне агар раъйдиҳандагон муқобили ҳама номзадҳои аҳзоби пешниҳодшуда бошанд, метавонанд аз ин банд истифода баранд.



Дар ҳамин ҳол, Амнияти Абдулназар, раҳбари Бунёди демократия дар Тоҷикистон мегӯяд, ин тағйиру иловаҳо ба аҳзоби сиёсӣ то як андоза сабукӣ медиҳад, аммо масъаалҳои умдаро ҳал намекунад. Ба ақидаи ӯ, гаравпулӣ ҳамоно ба ҳайси монеаи интихоботи озод боқӣ мемонад: «Бо назардошти онки 60 дарсади аҳолии Тоҷикистон зери хатти фақр ба сар мебарад, гаравпулии интихоботӣ на бо 100 нишондод, балки бояд бо 20 маоши ҳадди аққал таъин гардад. Зеро ин 100 нишондодро ҳам на ҳар фарди хоҳишманд метавонад пардохт кунад ва дар интихобот ширкат кунад ва ба ҳамин хотир ҳуқуқи интихоб шудани вай аз байн меравад. Аммо ворид намудани навоварӣ дар баргаҳои раъй яъне бахши «муқобили ҳама» хеле хуб аст. Чунки аксари мардум аз интихобот дилсард шудааст ва аз ҳеҷ фарде ва ё ҳизбе тарафдорӣ намекунад. Ва онҳо метавонанад дар интихобот иштирок намуда, ҳамаро хат зананд.»

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов низ ислоҳотро нокофӣ мешуморад ва мегӯяд, «дар маҷмӯъ ин ислоҳот барои таъмини шаффофият дар раванди баргузории интихобот наметавонад нақши назаррас дошта бошад.»

Нозирони САҲА то ҳол ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистонро озод ва одилона унвон накардаанд. Баъд аз баргузории интихоботи порлумонии соли 2010 ҳайати ин нозирон хулоса карда буд, ки интихобот ба бисёре аз меъёрҳои аслии демократӣ мувофиқ набуд. Дар он интихобот ҳизби ҳокими халқии демократӣ аз 63 54 курсии Маҷлиси намояндагонро соҳиб шуд ва ба ҳар яке аз чаҳор ҳизби дигар -- аграрӣ, коммунист, ислоҳоти иқтисодӣ ва наҳзати исломӣ - дукурсигӣ расид.

Интихоботи навбатии парлумони Тоҷикистон, қарор аст, дар оғози соли 2015 доир шавад, вале ҳанӯз рӯзи мушаххасаш эълон нашудааст.