"Силоҳи махфӣ"-и аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи оянда

Акс аз бойгонӣ.

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, дар интихоботи порлумонӣ бо номзадҳои ҷавонтар вориди корзор хоҳанд шуд, аммо бо сабабҳои номаълум аз муаррифии номи чунин номзадҳо худдорӣ мекунанд.

Намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҷойгоҳи ҷавононро дар сафҳои худ муҳим медонанд, вале дар амал сол то сол чеҳраҳои намоёни ин аҳзоб бетағйир боқӣ мемонад.

Ҳоло, дар ростои интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ тасмим гирифтаанд, ки бо чеҳраҳои наве вориди сабқат шаванд. Тақрибан ҳамаи ҳизбҳои сиёсии кишвар мегӯянд, дар чанд соли охир шумораи ҷавонон дар сафи аъзои ин аҳзоб афзудааст ва имкони интихоби чеҳраҳои нав дар феҳрастҳои ҳизбӣ ба маротиб бештар шудааст. Ҳамзамон намояндагони ҳизбҳои сиёсие, ки мо бо онҳо ҳамсӯҳбат шудем, аз зикри номи ҷавонони фаъоли хеш худдорӣ карданд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар ҳоли пуррақобат ҷараён ёфтани интихоботи ояндаи кишвар, ҳизбҳо ба ҷавонон ҳамчун "силоҳи махфӣ"-и таблиғотии худ истифода хоҳанд кард. Аммо, ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир бӯрди куллии ҳизбҳои сиёсии кишвар ба ҷавонон ин ақидаро ба миён овардааст, ки дар навбати аввал аҳзоб ба онҳо таваҷҷӯҳи кам доранд ва сониян дар ҳоли шомил шудани ҷавонон ба феҳрастҳои ҳизбӣ низ онҳо дар бахши дувуми ин номгӯй қарор хоҳанд дошт, ки имкони роҳ ёфтанашонро ба парлумон ночиз мекунад.

Аҳмадхуҷа Давлатов

Аҳмадхоҷа Давлатов, як ҷавони огаҳ мегӯяд, дар ҷомеаи Тоҷикистон давлатмардону мардуми оддӣ ҳама ҷавонон мегӯянду шиорпартоӣ мекунанд, ки гуё ҷавонон як рукни асосии давлатанд. Аммо ба гуфтаи ин таҳлилгари ҷавон, дар асл ин ҳама «дағдағаҳо» беҳуда аст, чун ба онҳо шароити фаъолият дода намешавад. «Вале бояд бигӯям , ки мо дар ҷомеа ҷавонони равшанфикр ва босавод зиёд дорем, ки на танҳо арзандаи вакилӣ, балки лаёқати вазириро доранд»,-гуфт ӯ. Аҳмадхуҷа мегӯяд, бояд дар парлумони кишвар ҷавононе мисли Абдураҳмон Хонов бештар бошанд, зеро онҳо ҳамеша дар канори ҷавонон ҳастанд.

«Ба унвони намуна чанд шахсиятҳои ҷавонро мисол меорам, ки воқеан аз лиҳози маҳорату донишу ҷаҳонбинӣ арзандаи вакилӣ ҳастанд. Адҳам Мирсаидов собиқ раиси чавонони Созандагони ватан, Дилшод Қурбонов собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати шаҳр, Абдулло Оқилзода масъули бахши илм ва уламои ҲНИТ»,-афзуд Аҳмадхоҷа.

Ҷавононе ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, бо роҳ ёфтани ҳадди аққал 5 ҷавон, ба порлумони ба қавле миёнсоли кишвар, имкон дорад фазои сокиту якранги он тағйир ёбад. Завқибеки Аминиён -- ҷавоне, ки худ орзуи номзад шудан дар интихоботи парлумониро дорад, ба ин бовар аст, ки мушкили набуди маблағ, роҳи афроде мисли ӯро ба корзори интихоботӣ бастааст. Завқибек меафзояд, роҳ ёфтани ҷавонон ба порлумон барои имрӯз ва фардои кишвар аҳамияти ҷиддӣ дорад ва барои ислоҳи вазъ бояд ҳадди ақал 50 дарсади вакилони парлумонро ҷавонон ташкил диҳанд: «Аксари вакилони мо синну солашон калон аст ва бештари онҳо аз интернет истифода намебаранд ва гоҳҳо мешавад, ки аз таҳаввулоти кишварҳои хориҷӣ ба зудтарин фурсат огоҳ ҳам намешаванд. Аммо он ҷавононе, ки мехоҳанд, худро ҳамчун номзад пешбарӣ кунанд, бояд ҳадди ақал маблағи заруриро дошта бошанд, то худро назди мардум муаррифӣ карда тавонанд».

Усмони Солеҳ - мудири шӯъбаи таблиғ ва иттилооти Ҳизби ҳокими халқи-демократии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ҳоло фурсати муаррифии номзадҳои ҷавон фаро нарасидааст, ҲХДТ ба нерӯи ҷавонон такя хоҳад кард. Вай афзуд, азбаски бештар аз 70 ҳазор ва ё 36 дарсади аъзои ҲХДТ-ро ҷавонон ташкил медиҳанд, онҳо дар интихоботи парлумонии соли оянда низ аз нерӯи ин қишри ҷомеа истифода хоҳанд кард. «Ҳоло рӯи барномаи пешазинтихоботӣ кор мебарем, ки яке аз нуктаҳои асосии он ҳам пешбарии номзадҳо аз ҳисоби ҷавонон аст. Дар интихоботи гузашта худи онҳо аз ҳисоби ҷавонон се нафарро пешбарӣ карда буданд ва ҳоло интизор меравад, ки ин шумора дар интихоботи навбатӣ бештар шавад».

Зарафон Раҳмонӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сари ҳар чанд моҳ мулоқоти раҳбарони ин ҳизбро бо ҷавонон таъсис медиҳад. Дар маъракаи интихоботии соли 2010 ҷавонон -- чӣ аъзо ва чӣ хайрхоҳони ҳизб фаъолияти густарда нишон доданд ва намояндагони ҳизб мегӯянд, пешбарии чандин чеҳраи тоза барояшон мушкилие нахоҳад дошт. Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳар яке интихоботҳо ҷавонони ҳизб тавонистаанд, беҳтарин намояндагони худро муаррафӣ кунанд. Як бахши умдаи чунин ҷавонон дар Русия муҳоҷиранд ва ҲНИТ аз он нигарон аст, ки ҳуқуқи муҳоҷирон дар интихоботҳои гузашта муроот нашудааст.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ тасмим дорад, дар интихоботи ояндаи парлумонӣ ҷавонони боистеъдодро ба рӯйхатти номзадҳои худ ворид намояд. Аммо ин созмон тасмим гирифтааст, чунин афродро қатъи назар аз мансубияти ҳизбияшон ба феҳрасти номзадҳои шомил созад. Исмоил Талбаков, муовини аввали раиси ин ҳизб мегӯяд ҳизби онҳо ҷиҳати омодагӣ ба интихоботи порлумонии соли 2015 ва бо ҳадафи ҷалб ва боло бурдани донишҳои сиёсии ҷавонон аз ҳисоби онҳое, ки дар «созмони ҷавонон»-и ҳастанд, номзад пешниҳод кунанд.

Аммо ӯ бо ишора аз чанд мушкиле, ки садди роҳи ҷавонон мешавад гуфт: «Гаравпулӣ барои интихобот, ки 4000 сомонӣ аст, ин барои номзади ҷавон, барои донишҷӯ ва ё нафаре, ки коргарӣ оддӣ ҳасту моҳона ҳудуди 1000 сомонӣ маош мегиранд, гарон меафтад. Ин албатта, санги сари роҳ шудааст. Вақте ки як ҷавон дар интихобот иштирок мекунаду овоз намегирад, ҳамин маблағ ба будаи давлат гузаронида мешавад. Дар ҳоле ки будҷаи кишвар ба 4 ҳазор сомонии номзадҳо мӯҳтоҷ нест».

Вале муовини раҳбари Ҳизби коммунист нахост исми номзадҳои эҳтимолии ин созмонро баён дорад. Зеро ба гуфтаи ӯ, бархе гурӯҳҳову афроди алоҳида метавонанд, бо роҳу воситаҳои гунонун ба онҳо таъсир расонанд. Аз ин рӯ онҳо то замони баргузории анҷумани ҳизб номзадҳои эҳтимолии худро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва аз ишфои номи онҳо худдорӣ мекунанд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди аъзо ва фаъолони ҷавони он зиёда аз 3 000 нафар аст ва беҳтарини онҳо дар интихоботи оянда пешбарӣ хоҳанд шуд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ин ҳизб мегӯяд, бо вуҷуди он, ки дар интихоботи қаблии порлумонӣ номзадҳои ҷавони онҳо ноком ва дертар ҳатто ҳадафи фишору саркӯбгарриҳо қарор ёфтанд, дар интихоботи навбатӣ ҳам, онҳо тасмим доранд боз ҳам ҷавонони фаъолу огоҳи ҳизбро пешбарӣ кунанд.

Аммо аксари коршиносон бар инанд, ки ҳанӯз ҳам насли бузургсол ба насли ҷавон чандон эътимод надорад ва ин омил дар пешбарии номзадҳои ҷавон то андозае нақш мебозад. Насли калонсол мӯътақид аст, ки ҳеҷ насле дар баробари насли замони Шӯравӣ фаъолу пешрафта нест. Аммо то куҷо бо ин андешаи насли калонсол ҷавонон дар корзори интихоботӣ пирӯз мешаванд, то 6 моҳи дигар мунтазир бояд шуд.