Анҷумани ҳизбҳо дар қароргоҳҳояшон доир мешавад. ҲНИТ толор талаб дорад

Аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон анҷуманҳои интихоботиашонро дар қароргоҳҳои худ баргузор мекунанд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои баргузории анҷумани худ аз ҳукумат толор хостааст.

Дар ҳоле, ки ҲНИТ барои баргузор кардани Анҷумани навбатии худ ба ниҳодҳои марбута муроҷиат дорад, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, анҷумани худро дар дафтари марказии ҳизб доир мекунад.

Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҲКТ рӯзи сешанбеи 11 ноябр зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи тасмими плениуми ҳизб, Анҷумани навбатӣ ва қабл аз интихоботӣ санаи 27 декабри соли ҷорӣ дар қароргоҳи марказии ҳизб даъват шудааст. Ҷаноби Талбаков мегӯянд, “ниёз ба воҳима нест ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар қароргоҳи марказии худ толоре дорад, ки тамоми вакилони анҷуман, ки ҳудуди сад нафар хоҳанд шуд ва ҳамчунин меҳмононро ғунҷонад.”

Ба гуфтаи муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон “дар ҳоле, ки худи ҳизб дорои қароргоҳ аст, ҳоҷат ба пайдо кардани макони дигаре барои баргузории анҷуман вуҷуд надорад. ҲНИТ низ қароргоҳи муносибе барои баргузор кардани анҷумани ҳизб ва бошукӯҳро дорад.”

Масъулони Ҳизби халқӣ-деморкатии Тоҷикистон низ мегӯянд, анҷумани худро дар толори “Кохи Ваҳдат”, ки қароргоҳи ҳизб он ҷо ҷойгир ва иҷоранишин ҳастанд, баргузор мекунанд.Ба гуфтаи Ҷӯрахон Бӯриев, раҳбари дастгоҳи ҲХДТ, дар нишасти ахири раёсати ҳизб, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт, тасмим шуд, ки анҷмунаи навбатии ҳизб ба таърихи 13 декабр сурат бигирад.

Ба ин тартиб тибқи иттилои масъулони ҳизбҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва кишоварзӣ, ин ҳизбҳо низ дар қароргоҳҳои худ анҷумани ҳизбашонро дар моҳи декабр доир хоҳанд кард.

Аммо Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳанӯз макони баргузории анҷумани худро муайян накардааст. Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари ҳизб, гуфт, ки “бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаҳои интихоботҳои пешин, чун аз қабл ҷоеро барои баргузории анҷуман эълон мекардем ва билофосила ниҳодҳои мухталифи давлатӣ, назири санитариву сӯхторхомушкунӣ ва дигару дигар онҷоро тафтишу монеъгӣ эҷод мекарданд, ҳоло дар мавриди макони баргузории анҷумнаи навбатӣ тасмиме нашудааст.”

Аммо ҷаноби Ҳаким мегӯяд, барои баргузории анҷумани ҳизб як моҳи бештар фурсат аст ва то он замон ҷоеро барои доир кардани он интихоб хоҳанд кард.

Зимнан, ҲНИТ ҳанӯз 30-уми cентябри соли ҷорӣ ба шаҳрдории Душанбе номаеро ҷиҳати ҷудо кардани толоре барои баргузории анҷумани ҳизбаш ирсол кард буд, аммо масъулони ҳизб мегӯянд, чун ҷавобе то ҳол дастрас нашуд, онҳо маҷбур шуданд, ки ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурт муроҷиат кунанд. Ин нома ду рӯзи пеш аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ унвонии Бахтиёр Худоёрзода, раҳбари дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон фиристода шудааст.

Тибқи иттилои масъулони ҲНИТ ин ҳизб ният дорад, то анҷумани навбатии ҳизбро 16-уми декабри соли ҷорӣ бо ширкати 700 нафар вакил ва меҳмон дар яке аз толорҳои шаҳри Душанбе баргузор кунад. Анҷумани қабл аз интихоботи порлумонии соли 2010 –и ҲНИТ дар толори Кохи Ҷомӣ баргузор шуда буд.