Ҳизбҳо ҷомеаро ба кӯмаки худ мехонанд

Аъзои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон тарҳи Қонуни интихоботро баррасӣ мекунанд. Душанбе, 12 январи соли 2013.

Кумитаи тадорукоти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон тасмим гирифт, ки таблиғи пешниҳодҳояшро дар миёни мардум роҳандозӣ кунад.
Тағйирҳое, ки ин эътилоф пешниҳод карда буд, аз сӯи парлумон ва ҳукумат рад шуданд ва акнун ба қавли яке аз раҳбарони Кумита ва раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал – демократ Раҳматулло Зоиров, тасмим гирифтанд ҷомеаро ба кӯмаки худ даъват кунанд.

Ҷаноби Зоиров дар ҷаласаи навбатии кумита гуфт, мардум бояд аз моҳияти масъала огоҳ шавад ва ба ин пешниҳодҳо баҳо диҳанд: «Мо семинарҳои гуногун гузарониданӣ ҳастем. Ҳоло аз вилоятҳои намояндагони аҳзобу созмонҳоро даъват кардаем, то бо онҳо кор кунем. Мо ба онҳо моҳияи тағйироти иловаҳо ба Қонуни интихоботи раисҷумҳурро меомӯзем ва онҳо ба маҳалҳои худ баргашта, ба мардум ин тағйиротҳоро мефаҳмонанд.»

Парлумони Тоҷикистон ба чанд далел тарҳи пешниҳодии аҳзобро рад кард.

Кумитаи тадорукоти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон 22 сентябри соли 2012 ташкил шуд. Моҳи октябр Кумита ба воситаи аъзои парлумон аз ҲНИТ ба панҷ пешниҳоди худро дар ин бобат ба Маҷлиси намояндагон фиристод. Ин пешниҳодҳо аз шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба комиссияҳои интихоботӣ, аз 5 ба 2 дарсад коҳиш додани теъдоди имзоҳо барои пешбарии номзад, «бо худкори ранга» пур шудани протоколи шумориши оро, ворид кардани калимаи «протокол» ба қонун ва се нусха будани он дар даромадгоҳи қитъа насб шуданаш, иборат буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи пешниҳодҳоро пас аз ду моҳи баррасӣ рад карданд, қабл аз ҳама ба он хотир, ки он хеле дер таҳия шудааст ва лоақал як сол пеш мебоист ба дасти парлумон мерасид. Пешниҳод дар барои лағви 5 дарсадии ҷамъоварии имзои тарафдорони номзад ба интихоботи президентиро ҳам парлумон рад кард, зеро он меъёри конститутсионист ва барои тағйираш назархоҳии умумӣ зарур аст. Ширкати намояндагони аҳзоби сиёсиро дар кори комиссияҳои интихоботӣ парлумон ба он хотир ғайри қобили қабул донистааст, ки аҳзоб дар ҳама шаҳру навоҳӣ намоянда надоранд.

Бо вуҷуди ин, парлумон аз Кумита хостааст, ки пешниҳодҳои худро такмил кунад ва дигарбора фиристад. Аммо Раҳматулло Зоиров мегӯяд, далоили кумитаҳои парлумон мантиқӣ набуда, ба он маъност, ки ҳукумат ва парлумон барои баргузории як интихоботи озоду шаффоф талош нишон намедиҳанд. Биноан, Кумита акнун мехоҳад, ҷомеаро ба ин баҳс кашонад. Аммо коршиносон мегӯянд, такя кардан ба нерӯи мардум натиҷаеро дар пай нахоҳад дошт, зеро мардуми Тоҷикистон дар қиёс бо солҳои аввали истиқлолият дар тасмимгириҳои сиёсӣ хеле пассив шудааст.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик

Парвиз Муллоҷонов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, кор бо мардум хеле хуб аст, аммо дар шароити Тоҷикистон натиҷа муҳим аст, на кор:

«Ҷомеаи шаҳрвандии мо тайёр нест. Мардум дар тамоми дунё он қадар ба тасмимгириҳои сиёсӣ таъсир расонида наметавонанд, зеро ягона воситаи муоширати мардум бо ҳукумат ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне ҳамон созмонҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои ғайридавлатӣ ҳастанд. Агар ин табақа фаъол бошад, таъсир расонда метавонад. Мо созмонҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои ғайридавлатӣ дорем, аммо ҷомеаи шаҳрвандие надорем, ки таъсир расонида тавонад.»

Ин мавриди сеюм аст, ки дар Тоҷикистон мехоҳанд ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон тағйиру илова ворид кунанд. Ин қонун соли 1994-ум қабул шуда, ду бор дар сатҳи парлумон тағйир хӯрдааст. Аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ солҳои 2004 ва 2007 дар ҳамдастӣ бо САҲА (ОБСЕ) ва IFES – Бунёди байналмилалии сохторҳои интихоботӣ талош карданд, онро тағйир диҳанд, комёб нашуданд.