"Сафари Раҳмон хостаҳои Русияро бароварда кард"

Натиҷаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ва дидору гуфтугӯҳои вай бо Владимир Путин, дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон назарҳои мухталиферо ба бор овардааст.
Амриддин Шарифов - устоди бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мегӯяд, сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав " бештар хостаҳои Русияро бароварда кард, аммо дар муқобил Тоҷикистон ҳимояти Маскавро ба даст овард."

Амриддин Шарифов рӯзи 2 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ба мувофиқа расидани ҷонибҳо дар чанд масъалаи муҳими муносиботи дуҷониба суботи Тоҷикистонро тақвият мебахшад." Аммо ба ақидаи ӯ, "дар қиёс, дар ин сафар хостаҳои Русия бештар бароварда шуданд.”


Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов, вакили порлумон ва собиқ раиси Маркази мутолеоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки "ин сафар хостаҳои ҷониби Русияро бароварда кард ва рабти чандоне ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон надошт."

Ба таъкиди ҷаноби Шарифов, "барои Русия масоили муҳимтар ва умдатари вобаста ба шароити геополитикӣ дар минтақа қарор дорад ва дар ин замина он нигарониҳоеро, ки мақомоти Маскав дорад, мулоқоти Ново -Огорево аз байн бурд. Чун Русия кафолатеро аз ҷониби Душанбе ба даст овард."


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сӯҳроб Шарифов: Интихоботи мавзӯъи аввал набуд



Сӯҳроб Шарифов нигарониҳои Русияро тавзеҳ надод, аммо хуруҷи нерӯҳои НАТО ё эътилофи байналмилалӣ аз қаламрави Афғонистон, таҳкими минбаъдаи марзҳои ҷанубӣ ва амсоли инро муҳимтарин масоиле хонд, ки барои Русия ҳойизи аҳамият мебошанд. Аммо ин вакили порлумон таъкид кард, ки раванд ва фазои мулоқот собит кард, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бар сари масоили дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, низомӣ ва низомӣ - фаннӣ ва ҳамчунин иқтисодӣ ба тавофуқ расидаанд.

Зеро, гуфт ӯ, Тоҷикистон дар ивази тасвиби созишномаҳи пойгоҳ ва дигар мувофиқатномаҳои дуҷониба, ки интизор меравад, дар ояндаи наздик тавассути порлумон тасвиб шаванд, аз Русия ба маблағи 200 миллион доллар ваъдаи кумаки фаннӣ ва ваъдаҳои дигар гирифт.

Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, шояд дар машваратҳои алоҳидаи шахсӣ мавзӯъи интихобот баррасӣ шудааст, аммо на аз ин бештар. Вай мегӯяд, таҳлилҳое, ки коршиносони рус дар мавриди ин мулоқот кардаанд ва онро навъе "муомила" барои интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Тоҷикистон хондаанд, ба воқеият дуруст намеояд. Зеро, ба бовари ҷаноби Шарифов, агар интихоботи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҳам баргузор намешуд, Путин маҷбур буд, ки президенти Тоҷикистонро барои дидор ба Маскав бихонад.

Аммо Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки ҳатман мавзӯъи интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар дидори раисони ҷумҳури ду кишвар матраҳ шуда ва "муомила"-ҳое дар ин замина сурат гирифтааст. Ӯ баъид намедонад, ки дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳи низомиаш дар қаламрави Тоҷикистон Русия аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр ҳимоят кунад.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Парвиз Муллоҷонов: Ҳатман муомила шудааст