Раҳбари ҲСДТ дар Рашт: "Гуноҳ"-ам навиштани СМС буд, на дашном"

Шаҳраки Ғарм, маркази минтақаи Рашт.

Фарҳод Худоёров, раиси бахши раштии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон баъд аз 15 рӯзи ҳабс ба озодӣ баромад. Додгоҳи ноҳияи Рашт дар шаби Соли нав ӯро барои таҳқири кормандони ҳукумати ноҳияи Рашт ба ҳабси маъмурӣ маҳкум карда буд. Аммо Фарҳод Худоёров мегӯяд, “гуноҳ”-и аслии ӯ ин навиштаи паёмак ё СМС ба раиси ноҳия дар бораи чанд мушкилот мебошад.

Ҷаноби Худоёров баъди аз зиндон баромадан дар аввалин вокунишаш ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 30 декабр ба Қаноат Лоиқзода, раиси ноҳияи Рашт паёмак навишта, аз ӯ дархост кард, ки ба ҳалли чанд мушкили дар ноҳия мавҷудбуда мусоидат кунад.

Ҳукми ҳабси 15-шабонарӯзии раҳбари намояндагии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар минтақаи Рашт се соат қабл аз фарорасии Соли нави мелодӣ, яъне шаби 31 декабр содир шуд.

“Ман ба раиси ноҳия 5-6 СМС навиштам оиди масъалаҳои камбудию норасоиҳои ҳукумат ва камбудиҳои кардаи худи раиси ҳукумат. Ман дар паёмакҳо навиштам, ки агар ин масъаларо бартараф накунед, мо метавонем онҳоро расонаӣ кунем, то ҳама аз ин масъалаҳо бохабар шаванд. Раиси ноҳия чанд маротиба ба ман гашта занг зад, аммо ман ба зангҳои ӯ ҷавоб надодам. Баъдан вай паёмак навишт, ки ҳоло мебинед, ки туро чӣ кор мекунем,”-афзуд ӯ.

Раиси бахши раштии ҲСДТ мегӯяд, паёмакҳоро шоми 30--юми декабр навишт ва фардои он рӯз ӯро ба Раёсати умури дохили Рашт даъват карда гуфтаанд, ки барои дашном дар бинои ҳукумати ноҳия алайҳаш парванда боз шудааст. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, дар мақомоти интизомӣ ба ӯ гуфтаанд, ки ӯ ба раиси ноҳия таҳдид кардааст. Аммо Фарҳод Худоёров мегӯяд, матни паёмакҳои ӯро дар ҳукумати ноҳияи Рашт таҳриф карда, ба додситонӣ пешниҳод кардаанд.

“Гӯё ман бо навиштани СМС-ҳо ба раиси ноҳия таҳдид карда бошам. Дар вақти ба боздоштгоҳи муваққатӣ буданам чанд рӯз пеш намояндаи додситон омада пурсон шуд, ки ин СМС-ҳоро, кӣ навишт, ту навиштӣ? Он СМС-ҳое ки ман навиштам, онҳо факт ва далел буданд, аммо он далелҳоро раиси ҳукумат ба додситонӣ пешниҳод накарда, баъзе гапҳоро аз байн ва аз охир гирифта навиштааст”,-мегӯяд Фарҳод Худоёров.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ.

Ҷаноби Худоёров мӯътақид аст, ки ҳабси ӯ ба хотири он буд, ки мушкилотҳои дар паёмакҳо ба раиси ноҳия навиштааш расонаӣ нашаванд. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ҳамчунин иддаои масъулини ноҳияи Рашт дар бораи дашном додани кормандони ин ниҳодро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, дар ҳақиқат рӯзи 30-уми декабр ба қабули раиси ноҳия рафта буд, аммо онҷо бо ҳуқуқшиноси ҳукумат суҳбат карда баргашт ва касеро ҳам дашном надод. Мақомоти ноҳияи Рашт қаблан гуфта буданд, ки Фарҳод Худоёров масъулини Ҳукумати ноҳияи Раштро дашном додааст.

Ҳукми ҳабси 15-шабонарӯзии раҳбари намояндагии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар минтақаи Рашт се соат қабл аз фарорасии Соли нави мелодӣ, яъне шаби 31 декабр содир шуд. Қаноат Лоиқзода, раиси ноҳияи Рашт рӯзи 2-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Фарҳод Худоёров тибқи ҳукми додгоҳ ва дар чаҳорчӯби муқаррароти қонунгузорӣ ҷазо гирифтааст.

Ҷаноби Лоиқзода гуфт: "Ҳукми додгоҳ бар асоси баёноти шоҳидон бароварда шуд. Вай дар суханҳояш на танҳо маро, балки тамоми мақомоти интизомии ноҳияро таҳқир кард ва ҳукми додгоҳ нисбаташ қонунӣ буд. Шоҳидон, аз ҷумлаи сокинони маркази ноҳияи Рашт буданд, ки таҳқирҳои Худоёровро шунидаанд."

Додгоҳ Худоёровро барои нақзи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гунаҳор эълон карда буд. Вале дар додгоҳ худи Худоёров ин гуноҳро эътироф накард. Дар ҳоле, ки мақомот аз ироаи ҷузъиёти моҷаро худдорӣ мекунанд, раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократ дар Душанбе бовар дорад, ки мурофиа ва ҳукми додгоҳ одилона набуд. Раиси ҳизб Раҳматулло Зоиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми январ гуфта буд, ки ҳукми Худоёров дар рӯзи боздошташ содир шуд.

Боздошт ва ҳабси Фарҳод Худоёров, раҳбари созмони Ҳизби сотсиал – демократ дар минтақаи Рашт дар ҳолест, раҳбарияти ин ҳизб борҳо аз фишор болои аъзоёнаш нигаронӣ кардааст. Моҳи ноябри имсол Раҳматилло Зоиров, раҳбари ин ҳизб гуфт, ки мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт, вале дар ниҳоят афроди ҳамлагар ошкор нашуд.