Додгоҳи ноҳияи Вахш як афсари милисаро барои роҳ додан ба марги як муттаҳам ба ҷиноят гунаҳкор донист ва ӯро 36 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Аҳлиддин Назаров, додраси ин парванда рӯзи 14-уми август гуфт, ки Зайнуддин Назриев, тибқи моддаи 322 -и Кодекси ҷиноӣ, яъне "хунукназарӣ" гунаҳкор шинохта шуд ва бояд барои ин кораш се сол аз ҳаққи кор дар сафи мақомоти интизомӣ ҳам маҳрум шавад. Аммо ҳукми додгоҳ эътирози пайвандони Низомиддин Ҳомидовро ба бор оварда ва модараш дар толори додгоҳ сару садо ва рӯканиву мӯканӣ кардааст.
Зайнуддин Назриев, афсари милиса ва навбатдори боздоштгоҳи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш бар тибқи моддаи 322 -и Кодекси ҷиноӣ, яъне "хунукназарӣ" муттаҳам мешуд, зеро ба гуфтаи мақомот натавонистааст, аз худкушии Низомиддин Ҳомидови 27-сола ҷилавгирӣ кунад.
Низомиддин Ҳомидов, 30 марти имсол назди тафреҳгоҳе дар маркази ноҳияи Вахш бо гумони дуздӣ боздошт шуд ва баъди як шаб мондан дар боздоштгоҳи пулис ба ҳалокат расид ва ҷасадашро ба пайвандонаш супурданд. Мақомот ба пайвандони Низомиддин гуфтаанд, ки вай дар ҳуҷраи боздоштгоҳ, бо майкае ки дар тан дошт, худро овехтааст.
Вале Ҷунайд Ҳомидов, падари Низомиддин, ба фарзияи мақомот бовар надорад ва мегӯяд, ки дар як шаб писарашро ончунон латту кӯб карданд, ки қабурғаҳояш шикаставу доғҳои сиёҳ дар баданаш рӯшан дида мешуд. Ба қавли падараш, ӯ навори осори шиканҷа дар бадани фарзандашро ба Вазорати корҳои дохилӣ, додситонӣ ва идораҳои дигар бурдааст. Мақомоти интизомӣ ин иддаоро рад мекунанд.
Аммо ба эътиқоди пайвандони Низомиддин Ҳомидов фарзандашон худкушӣ накардааст ва ҳатто дар марги ӯ Зайнуддин Назриев, навбадорӣ умури дохилаи ноҳияи Вахш муттаҳам нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷунайд Ҳомидов, падари Низомиддин Ҳомидов баъди муҳокима ба Радиои “Озодӣ” гуфт, ки чаҳор корманди милиса дар марги фарзандаш даст доранд:
“Даъвои ман инаст, ки бояд қотилони писари ман боздошт шаванд,чун чаҳор нафаре, ки дар марги писарам муттаҳам дониста мешаванд, кормандони пулис ҳастанд ва вазифаи хубтаре гирифта аз ноҳия берун рафтаанд. Фарзанди манро барои дуздӣ куштанд, вале ӯ дузд набуд, кор мекард.”
Муҳокимаи парвандаи марги як муттаҳам ба ҷиноят дар дохили боздоштгоҳ дар ҳолест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон солҳои ахир ба далели вуҷуди шиканҷа мавриди интиқодҳои пайвастаи созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар қарор гирифтаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар се соли ахир дар Тоҷикистон дастикам 6 нафар, бо шумули Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ва ё дар зиндон бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд.
Аз ин миён то имрӯз танҳо пайвандони Исмоил Бачаҷонов тавонистаанд аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 30 000 сомонӣ, пайвандони Сафаралӣ Сангов аз вазорати дохила – 46 000 ва модари Баҳромиддин Шодиев – аз пулиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе 14 000 сомонӣ товон рӯёнанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ аммо мегӯянд, шиканҷаву бадрафторӣ як зуҳуроти фарогир дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва мақомот барои аз байн бурдани бадрафторӣ бо маҳбусону муттаҳамон ва азияти озори онҳо саъй намекунанд. Созмони Милал низ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ин зуҳуроти бад дар сафи кормандони мақомоти интизомиро решакан кунад.