Мақомоти Тоҷикистон гузоришҳои нашршуда дар бораи кашфи 10 кӯдаки гумшуда дар ду мадрасаи ғайриқонунии ахиран ошкоршударо радд мекунанд.
Ҷумъаназар Раҳматов, мушовири вазири умури дохилаи Тоҷикистон(ВУД) рӯзи 17 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, толибилмони ин ду мадрасаи ошкоршуда дар ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав дар ғарби Душанбе таҳти ҷустуҷӯи мақомот қарор надоштанд. Оқои Раҳматов гуфт, ин наврасон сокинони рустоҳои атроф буда, дар ин мактабҳои динӣ бо ризоияти волидони худ сабақ мегирифтанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 14 июн аз ошкор шудани ду мактаби ғайриқонунии динӣ дар ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав хабар дод. Дафтари матбуоти ин вазорат ба Озодӣ гуфт, дар мадрасае ки Мансур Маҳмудов, маъруф ба Шайх Мансур, дар манзилаш дар ҷамоати «Сомон»-и ноҳияи Ҳисор боз карда буд, даҳҳо ноболиғ дар як шароити «ғайрисанитариву ғайригигиенӣ» таълим мегирифтанд.
Вазорати дохила гуфт, ҳамчунин бо нишондоди сокини ноҳияи Шаҳринав Абдусалом Раҷабов дар манзили сокини ноҳияи Шаҳринав Мӯбинхон Шодиев, маъруф ба Қорӣ Мӯбин, 6 толибилми ноболиғро пайдо ва аз фаъолияти мадрасаи ӯ, ки низ бидуни иҷозат амал мекард, пешгирӣ кардаанд.
Абдусалом Раҷабов нафарест, ки ба гуфтаи мақомот, маризи рӯҳист ва дар рабудани Муҳамадҷон Тоштемирови 5-сола аз маҳаллаи Испечак дар таърихи 9 июн айбдор мешавад.
Ҳамин нукта, яъне нишондоди Абдусалом Раҷабов боис шуда, ки бархе расонаҳои умдатан русӣ дар бораи пайдо шудани 10 кӯдаки гумшуда дар баробари кашфи мадрасаҳо хабар диҳанд. Чунин тарзи тақдими хабар таассуротеро ҳосил мекард, ки Абдусалом Раҷабов, ки дар чанд мавриди дигари талоши рабудани атфол низ гумонбар мешавад, шояд кӯдаконро барои таълим дар мадрасаҳо мерабуд.
Аммо мақомот мегӯянд, расонаҳо дар ин маврид ба муболиға ё каҷфаҳмӣ роҳ додаанд ва дар асл ҳеҷ кадоме аз ин толибилмон рабуда нашудааст.
Содирхон, яке аз наздикони Мӯбинхон Ҳодиев низ рӯзи ҷумъа баъди боздошти ӯ ба Озодӣ гуфт, наврасон дар назди Қорӣ Мӯбин бо ризояти падару модар ва таҳти назари волидонашон, ки аслан ҳамсояҳову наздикон ҳастанд, дарси забони арабӣ ва улуми ибтидоии исломӣ мегиранд: «Онҳо дар утоқи алоҳида рӯи фарши тамизшуда ва мизҳои тоза барои як соат ваё ду соат дарс мегиранду боз ба назди волидонашон бармегарданд.»
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки ҳоло дар ҳамаи навоҳии кишвар ва шаҳри Душанбе теъдоди домуллоҳо ва бибимуллоҳое, ки дар манзили зист ба ноболиғон дарси ислом медиҳанд, бештар шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар пайи нашри хабари кашфи ду мадраса аз мардум даъват кард, ки фарзандони худро аз рафтан ба ин гуна таълимгоҳҳо боздоранд. Тибқи қонуни нави масъулияти волидон, падару модар бояд аз рафтани фарзандони ноболиғи худ ба муассисаҳои динӣ, аз ҷумла ба масҷиду мадрасаҳо ҷилавгирӣ кунанд.