Сайругашт ва бӯсу канор бо дӯстдухтар ва ё, дӯстписар дар роҳу гулгаштҳо, хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон метавонад бо бозпурсӣ дар идораи пулис анҷом ёбад. Агар Шумо марзи одобро вайрон кардед.
Азбаскӣ қонунҳои Тоҷикистон сайругашт, оғӯш ва ҳатто бӯсу канор дар маконҳои ҷамъиятиро манъ намекунанд, “марзи одобро”-ро дар ҳар ҳолат милисае муайян мекунад, ки рафтори Шуморо мушоҳида кардааст.
Ҷомеаи Тоҷикистон умдатан як ҷомаеи суннатист ва қишри аъзами он аз муҳофизакорон иборат аст, ки бӯсу канор ва ишқварзиро дар берун, айб медонад.
Чанде аз ҳамсӯҳбати ҷавони Радиои Озодӣ дар ин робита гуфтанд, ки борҳо ҳангоми сайругашт бо дӯстдухтар ва ё ҳатто хоҳару хоҳарзодаҳояшон мавриди шубҳа ва ҷанҷоли милиса қарор гирифтанд.
Гулнора Амиршоева, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 3-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта писари ӯ ҳангоми сайругашт бо дӯстдухтараш дар кӯчаҳои Душанбе аз сӯи кормандони милиса боздошта шуд.
Амиршоева мегӯяд: "Ҷавононро дар роҳи рост медоранд. Писари маро милисаҳо соати 7 дар кӯча ҳамроҳи дӯстдухтараш доштаанд. Соати 7-и бегоҳ, рӯз торик ҳам нашуда буд. Онҳо танҳо сайругашт доштанд, ҳеҷ коре накардаанд, бӯсобусӣ ҳам набудааст. Вақте ман омадаму ба милисаҳо гуфтам, ки сайругашти ҷавонон бо дӯстдоштаҳояшон ҳеҷ бадӣ надорад, онҳо ба ман тавре нигоҳ карданд, ки ман гӯё ба онҳо дар бораи моҳи осмон қисса кардам."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи Гулнора Амиршоева, бори дуввум аст, ки писари ӯ аз сӯи кормандони милиса боздошт мешавад ва ин бор ӯ барои арзёбии кори милисаҳо ба унвонии вазорат аризаи расмӣ навишта, вазири корҳои дохилиро низ дар ҷараён гузоштааст. "Ҳоло, дар вазорат санҷиши дохилӣ идома дорад ва онҳо ба дурустии кори милисаҳо баҳо медиҳанд",- афзуд Амиршоева.
Аммо дар вазорати корҳои дохила мегӯянд, сайругашти ҷавонон дар канори ҳам озод аст ва кормандони милиса набояд ба ҷавонон дахолат кунанд. Умарҷони Эмомалӣ, роҳбари хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, касе ба сайругашти ҷавонон дар боғу гулгаштҳо монеъ намешавад, аммо рафтору ҳаракатҳо бояд аз доираи муайяни одоб берун набарояд.
"Вақте ҳаракатҳои онҳо шаҳвонӣ мешавад, албатта кормандони мо дахолат мекунанд. Чунки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мо бо фарзандон, модарони худ гаштугузор мекунем, шумо вақте саҳнаи шаҳватбарангезро мебинед, худатонро чӣ хел эҳсос мекунед?"- гуфт сухангӯи вазорати дохилӣ.
Умарҷони Эмомалӣ гуфт, масоили ахлоқии ҷавонон дар кӯчаву хиёбон бояд бештар аз сӯи худи ҷомеа, хусусан калонсолон танзим шавад. "Аммо мутаассифона калонсолон дар бисёр маврид бо дидани ҳодисаҳои бадахлоқӣ бетарафӣ зоҳир мекунанд ва ҳама масъулият бар дӯши милиса мемонад. Ҳол он, ки мо бояд ин гуна масъалаҳоро бар дӯши милиса нагузорем."
Аммо ҷавонон, ба шумули ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, маҳдудият ва назорат аз рӯи ҷавонон дар кишвар рӯз ба рӯз зиёд мешаванд. Далер Шарипов, яке аз ҳамсӯҳбатҳи мо мегӯяд, "аз як тараф мегӯянд мазҳабӣ нашавед, аз тарафи дигар агар ҷавон бо ягон дӯстдоштааш ягон тарабхона ва ё ҷои ҷамъиятӣ равад, боз нукта мегиранд. Пас ҷавонон бояд куҷо раванд?".
Таваҷҷуҳи зиёд ва нуктагириҳои кормандони милиса ба рафтори сокинон дар маконҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари як маъракаи мубориза бо сатру ҳиҷоб сурат мегирад, ки давлат онро мухолиф ба суннату фарҳанги миллӣ медонад. Дар ин ҷараён намояндагони қишри муҳофизакор иддао мекунанд, кӣ чаро мақомот танҳо ба либосҳои мазҳабӣ таваҷҷуҳ карда, ба пӯшишҳои нимаурёни аврупоӣ аз паси панҷа менигарад.
Зоҳиран дар пайи ин иддаоҳо, дар яке аз маҷлисҳои раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе ба кормандон гуфта шудааст, ки ба рафторҳои берун аз ахлоқи ҷавонон таваҷҷуҳ кунанд ва аз пахши ақидаҳое, ки мақомот танҳо ҳиҷобпӯшҳоро ҳадаф қарор додаанд ва аз рафторҳои ғайриахлоқӣ чашм мепӯшанд, ҷилавгирӣ шавад.
Ҷомеаи Тоҷикистон, бо онки дар он арзишҳои дунявӣ бартарӣ доранд, ҳамчунин як ҷомеаи суннатӣ боқӣ мондааст, ки солҳои ахир қишри муҳофизакораш бузургтар шудааст. Аксари мардум ишқварзиии ҷавононро дар кӯчаҳо хуш надоранд ва инро айб медонад. Чор сол пеш гурӯҳе аз донишмандон хостори таъсиси пулис ахлоқ дар Тоҷикистон шуд, то аз рафторҳои ба гуфтаи онҳо "ғайриахлоқӣ" ҷилавгирӣ кунад.