Баҳси мухторияти Бадахшон дар нома ба раиси телевизион

Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа аз шеваи истифодаи номи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ интиқод кардааст.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар як нома ба раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода хостааст, ки иштибоҳ дар мавриди истифодаи номи «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», ки аз забони ровиён танҳо ҳамчун “вилояти Бадахшон” истифода мешавад, ислоҳ шавад.

Ато Мирхоҷа рӯзи 19-уми феврал Радиои Озодӣ гуфт, на раиси Кумитаи радио ва телевизион ва на ҳеҷ каси дигар ҳақ надорад, ки талаботи Конститутсияи Тоҷикистонро дар бораи як минтақаи бузурги Тоҷикистон, ки дар Қонуни асосӣ ҳамчун «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» зикр шудааст, зери по кунад.

Вай афзуд, тайи тақрибан як моҳи охир ровиён ва сӯҳбатороёни шабакаҳои телевизион «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»-ро ба шакли «вилояти Бадахшон» талаффуз мекунанд. Ба вижа дар барномаҳои «Ахбор» ва «Маълумот дар бораи обу ҳаво» ягон маротиба «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон » садо намедиҳад.

Ба гуфтаи муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, пас аз муқоисаи рафтори дастандаркорони телевизионҳо бо паёми президенти кишвар ба чунин хулоса омадааст, ки кормандони телевизион ба ин иштибоҳ амдан, огоҳона ва мақсаднок роҳ медиҳанд.

Ато Мирхоҷа гуфт, “дирӯз хабареро дар бораи ба вилояти Бадахшон расондани ёрии башардӯстӣ тамошо карда, фикр кардам, ки воқеа дар Бадахшони Афғонистон сурат мегирад. Вале вилояти Бадахшон дар Афғонистон, яъне мамлакате дар соҳили чапи рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст, ки маъмулан аз тоҷикон сар карда то паштуҳову эрониҳо онро «Вилояти Бадахшон» мехонанд, аммо Тоҷикистон, ки дар қисми рости рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорад, ки соли 1925 таъсис ёфта, то имрӯз касе онро барҳам надодааст.”

Вай ба роҳбарони шабакаҳои телевизион хитоб намудааст, ки “телевизион ҷойе нест, ки ҳар чӣ дилатон хост, ба ҳамон дастур кор кунед. Агар шумо дастур надода бошед, лоақал барномаҳои ахборатонро гоҳе тамошо ва таҳлил кунед. Агар дикторону ровиёнатон дар бораи ҷуғрофиёи сиёсиву маъмурии Тоҷикистон саводи кофӣ надошта бошанд, онҳоро ба курсҳои такмили ихтисос фиристед.”

Ато Мирхоҷа дар поёни ин нома таъкид кардааст, ки "соли равон дар назар аст, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ ҷашн гирифта шавад ва "ин амалатон боиси ба вуҷуд омадани нофаҳмиҳо дар байни бадахшониён ва барангезондани ихтилофҳои сунъӣ мегардад."

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасиҳо дар мавриди мухторияти бештари ин вилоят доман зада шуда буд. Вале аксари ширкаткунандагони ин баҳсҳо мухолифати худро дар нисбати ҷудоии Бадахшон аз Тоҷикистон баён карда буданд.

Мақомоти Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳанӯз дар мавриди интиқоди Ато Мирхоҷа изҳори назар накардаанд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 2 январи соли 1925 бо қарори Кумитаи марказии иҷроия (ЦИК)-и СССР таъсис ёфтааст. Ин вилоят дар майдони 64 100 километри мураббаъ, ки 44,9 дарсад аз 142 000 километри мураббаъ қаламрави умумии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, доман густурдааст. Дар Бадахшон 214 ҳазор нафар ба сар мебаранд, ки тақрибан 70 дарсадаш пайравони равияи исмоилияи мазҳаби шиъаи дини Ислом мебошанд. Дар ноҳияи Мурғоби ин вилоят асосан қирғизҳо зиндагӣ мекунанд.