Маркази шаҳри Хуҷанд шоми чоршанбе, 5 октябр як ҷашнгоҳро мемонд – ин навбат ин ҷо ҷашни оши палав баргузор шуд. Бӯи хуши таоми хушлаззати идона тамоми Боғи Камол ва атрофи Қалъаро пахш карда буд, чун 40 дег ош бо 1000 кг биринҷи навъи олӣ дар зери назари беҳтарин ошпазҳои Хуҷанду вилояти Суғд бо ҳам рақобат мекарданд. Ҷашнвораи палав, ки соли дуюм аст баргузор мешавад, бо риояи тамоми қоидаҳои маросимороӣ дар Тоҷикистон ва зери навои карнаю сурнай оғоз шуд.
Тафовути маросими имсола ин буд, ки баръакси ҷашнвораи соли қаблӣ, ҳаводорони ошро дегҳои тайёри оши палав истиқбол гирифт. Соли гузашта ошпазҳо баъди ифтитоҳи ҷашнвора ба палавпазӣ сар карда буданд ва аз рӯи мушоҳидаи ташаббускорон, дар поёни ҷашн атрофи оши тайёр издиҳоме ба вуҷуд омада тартибу интизомро ба ҳам зад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вале ин навбат ҷашни палавро мақомот дар Боғи Камол ва пояи Қалъаи кӯҳнаи Хуҷанд ташкил карда ҳамаи хоҳишмандонро барои чашидани ин ғизои беҳтарини миллӣ даъват карданд. Аксар онҳое, ки барои чашидани ош омада буданд, мегуфтанд, ки ташаббуси истеъмоли оши бепул ва хушлаззатро хеле хуб пазируфтаанд ва омодаанд соли оянда ҳам биёянд. Зимнан, ин ош бепул ва барои шод кардани хотири қишри камбизоати ҷомеа ташкил шудааст.
Зимнан, дар баробари маъракаи ошхӯрӣ, озмуни “Ошхӯри беҳтарин” ҳам барпо шуд, ки ошхӯри беҳтаринро аз рӯи суръати истеъмоли таъом муайян кард. Барандаи ин озмун - Рустам Холназаров, сокини ноҳияи Ғафуров шуд, ки як табақи калони палавро аввал шуда қариб пурра истеъмол кард ва соҳиби 2 ҳазор сомонӣ ҷоиза гардид. Барои беҳтарин ошпазҳои зан ва мард ҳам 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд.
Ҷашни оши палав барои таббохони маҳаллӣ ҳам як баҳонаи дигар дар муаррифии ҳунари ошпазии онҳо маҳсуб мешавад.
Соли 2015 вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ЮНЕСКО - идораи илму фарҳанги СММ пешниҳод кард, ки оши палавро ба феҳрасти мероси фарҳангӣ ворид кунад ва аз ҳамон сол инҷониб дар Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон ҳар сол иди оши палав ташкил мешавад. Донишмандони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфтаанд, ки мардуми тоҷик тӯли асрҳо 300 навъи тарзи таҳияи оши палавро таҷриба кардааст.