Мақомот мегӯянд, имсол ҳангоми зиёрати Каъба се шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд ва ҷасади онҳо дар Макка, макони муқаддаси мусалмонон, дафн шудааст. Сабаби марги ҳоҷиёни тоҷик беморӣ гуфта мешавад, вале наздиконашон хостаанд, ки ному насаби онҳо расонаӣ нашавад.
Гурӯҳи 180-нафарии ҳоҷиёни тоҷик субҳи 21-уми август ба воситаи ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" аз шаҳри Мадина ба Душанбе расид. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон, гуфт, ки бозгашти ҳоҷиён ба кишвар то 1-уми сентябр идома хоҳад кард.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Имсол барои адои маросими ҳаҷ аз Тоҷикистон беш аз панҷ ҳазор нафар рафтааст. Ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта дастикам ҳазор нафар кам аст. Мақомот мегӯянд, дар ду соли ахир сафи алоқамандони зиёрати ҳаҷ кам шудааст. Вале коршинсон ин равандро ба буҳрони иқтисодӣ дар Русия ва кам шудани даромади сокинон рабт медиҳанд. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, чанд сол пеш сокинон барои сафар ба ҳаҷ дар навбати тӯлонӣ меистоданд.
Саодат Мирзоева, сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт, яке аз онҳоест, ки маросими ҳаҷро ба ҷо овард. Вай баъд аз фурудоӣ гуфт, солҳо боз мехост ба зиёрати Кӯҳи Арафот равад ва ба орзуяш расид.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳоҷиёни тоҷикро намояндагони Кумитаи дин ва пайвандон пешвоз гирифтанд. Истиқболи ҳоҷиён зери назорати кормандони ҳифзи ҳуқуқ анҷом шуд.
Бар хилофи солҳои қаблӣ маъракаи бодабдабаи истиқболи ҳоҷиён низ баргузор нашуд. Сокинон мегӯянд, мақомот ҳушдор додаанд, ки дар сурати маъракороӣ ҷарима хоҳанд шуд. Мақомот мегӯянд, ин дар доираи танзими анъанаҳост ва қонунист, вале сокинон мегӯянд, ҳуқуқи онҳо нақз шудааст.
Заробиддин Шарифов, ҳамсуҳбати дигари мо гуфт, бо ин сафараш ба Каъба яке аз панҷ фарзи мусалмониро ба ҷо овард. Вале ӯ гуфт, "набояд бо орзуи Ҳаҷ ҳамсояву наздикони нодору камбағалро фаромӯш кунем."
Зимнан солҳои охир дар суҳбати мақомоти баландпоя ва дар навиштаҳои матбуот ин пешниҳодҳо садо медиҳад, ки одамон пули ҷамъкардаи худро ба афроди нодор бидиҳанд, на ин ки ба ҳаҷ раванд. Бархе аз сокинон аз чунин тасмимҳои худ хабар додаанд. Яке барои афроди нодор хона пӯшидааст, дигаре пул сохтааст.
Вале бархе дигар аз сокинон мегӯянд, зиёрати ҳаҷ барои мусалмон фарз аст ва интихоби ҳар кас аст, ки пули ҷамъкардаи худро барои зиёрат сарф кунад, ё одамони дармонда бидиҳад. Рӯҳониён ҳам мегӯянд, кумак ба афроди нодор савоб аст, аммо зиёрати ҳаҷро иваз намекунад.
Имсол аз саросари ҷаҳон наздик ба ду миллион мусалмон, аз ҷумла беш аз панҷ ҳазор нафар аз Тоҷикистон дар маросими имсолаи ҳаҷ иштирок карданд.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон арзиши ҳаҷҷи имсоларо 33 ҳазору 410 сомонӣ, муодили 3720 доллари амрикоӣ муайян карда буд, ки назар ба як соли пеш тақрибан 50 доллар бештар аст.
Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори се соли пеши мақомоти тоҷик, танҳо шаҳрвандони аз 40-сола болои кишвар ҳаққи сафар ба Маккаву Мадинаро доранду бас.