Афви 16-ум оё "тилоӣ"-ст ва барои кист? (2 ВИДЕО)

Акс аз бойгонӣ

Порлумони Тоҷикистон қонуни афв ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии ин кишварро қабул кард. Интизор меравад, ин афв то 10 000 маҳбус ва афроди таҳти тафтишу таъқибро фаро бигирад.

Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи 29 октябр "Қонуни афв"-ро қабул кард.

Хабари тасвиби шонздаҳумин қонуни афв аз ҷониби парлумони кишвар садҳо ҳазор нафарро дар Тоҷикистон, ки солҳои зиёд аз дидори наздиконашон маҳруманд, хушбахту хушҳол кард. Аксарият дарҳол баъди ин хабар, ар пайи дарёфти маълумоти бештар оид қонуни мазкур шуданд. Онҳо мехоҳанд ҳарчи зудтар бифаҳманд, ки оё ин санад ба падар, писар ва ё ҳамсару наздиконашон озодӣ хоҳад бахшид ё на.

Ҷовид, ки яке аз наздиконаш бо ҷурми сохтани ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ зиндонӣ шудааст, ҳатто дигар интизор нашуда, дар рӯзи қабули қонуни афв ба назди бинои порлумон омад ва аз афроди огоҳ, нусхаи лоиҳа ва ё тафсилоти ин қонунро пурсон мешуд. Вай дар сӯҳбат бо мо гуфт: «Бо модаи 340 дар СИЗО аст. Мо, албатта, ҳуқуқшиносони боқувватро ҷалб кардаем ва бовар дорем бидуни ягон ришваву фасод озод хоҳад шуд. Ҳоло мехоҳем бештар дар ин бора маълумот падо кунем ва баъдан аз рӯи қонун барои озод кардани ӯ талош кунем.»

Мисли ин мусоҳиби мо садҳо нафари дигар ҳам аз ин афв умеди зиёд доранду, муштоқи маълумоти бештар ҳастанд, аммо ин сару садоҳо ҳам дар байни мардум зиёд аст, ки қонун бо ришвахирорӣ ва воситабозӣ олуда хоҳад шуд, ва бархеҳо ҳам ҳанӯз аз замони баррасии тарҳи ин қонун, пешниҳодҳо барои озодии нафари наздикашон бар ивази маблағро гирифтаанд.

Аммо Робиямоҳ, ки 3 бародараш дар пушти панҷараи зиндонанд ва ҳамаи онҳо аз чор 3 ҳисаи ҳукмашонро алакай пушти сар кардаанд, мегӯяд, падараш дар авфи гузашта барои раҳоии онҳо талоши зиёде кард, вале муваффақ нашуд. Ин навбат ҳам ин зан аз он дар ташвиш аст, ки ба иллати фасодкорӣ, ки онҳо пуле надоранд, бародаронаш мавриди авф қарор нахоҳанд гирифт.

Робиямоҳ мегӯяд: ”Як модари танҳо дорам, падарам аз дунё гузашт ноумед. Ва хеле мехостем имсол ҳадди аққал як ё ду нафараш озод шаваду модарамро нигоҳубин кунад, аммо намедонем, то куҷо ин имкон дорад. Чун мо шароитеро надорем, ки маблағ диҳем барои онҳо. Як модари пир дорам, ки иҷоранишин аст.”

Зимни қабули қонуни афв ҳам як нигаронӣ ва таъкиди аслии бархе аз вакилони парлумон ҳам ба ҷанбаи татбиқи ин қонун ва эҳтимолияти ҷой доштани фасоду ришва буд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон бо ишора ба ин мавзӯъ гуфт, алакай муроҷиатҳо аз ҷониби мардум дар робита ба ришваву фасод аз сӯи мардум ба дасти онҳо ҳам расидааст: Мо нигарон аз он ҳастем, ки ҳангоми татбиқи он ҳолатҳои корупсионӣ ҷой хоҳад дошт ва аллакай баъзеҳо муроҷиат мекунанд, машварат мепурсанд, ки ба онҳо пешниҳод шудааст, то бар ивази фалон маблағ наздикони онҳоро озод хоҳанд кард. Мардум ҳанӯз қабл аз шурӯи татбиқи қонуни афв мавриди сӯъииистифода қарор гирифтанд ва дар оянда метавонанд боз бештар сӯъиистифода шаванд. Ҳол он ки дар қонун мушаххас гуфта шудааст, ки киҳо бояд афв шаванд.”

Ҷаноби Кабирӣ пешниҳод кард, ки дар наздиктарин фурсат тамоми маълумот дар бораи маҳбусон ва озодшавандаҳо вориди системаи компютерӣ шавад, то мардум тавонад ба осонӣ маълумоти заруриро пайдо кунаду мавриди сӯъиистифодаи мақомот қарор нагирад. Агарчӣ ин вакил бовар надорад, ки бо ин роҳ ҳам сад дар сад пеши роҳи фасод гирифта мешавад, аммо мегӯяд, шояд ин ҳолатҳо камтар шаванд.

Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов, вакили дигари порлумон мегӯяд, бино ба таҳлилҳо дар афви солҳои қаблӣ сатҳи фасоту ришваситони аз ҷониби мақомоти дахлдор хеле баланд буд ва бинобарин ба таъкиди ӯ раванди татбиқи қонуни навбатии афв, бояд аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам аҳзоби сиёсӣ назорати ҷиддӣ шавад. Аммо, меафзояд ӯ, “мо хеле вақт шуд, ки чунин афверо, ки теъдоди бузурги одамонро фаро мегирад надоштем ва хелеҳо инро орзу мекарданд, бино бар ин набояд садҳо ҳазор нафарро ноумед сохт.”

Аммо дар посух ба ин нигарониву таъкидҳои вакилон дар робита ба эҳтимолияти ҷой доштани фасоду ришва ба ҳангоми озод шудани маҳбусон дар асоси қонуни афв, Ҷумъахон Давлатов, намояндаи президент дар порлумони кишвар гуфт, бо амри президент як кумиссиюни вижаи байниидоравӣ таъсис хоҳад шуд: “Рафти иҷрои қонуни афв аз тарафи ин кумиссиюн, ки дар сатҳи баланд таъсис дода мешавад мавриди санҷиш қарор дода мешавад ва ҳар моҳ ба президенти кишвар ҳисобот ироа мешавад. Кӯшиш карда мешавад, ки эҳтимолияти корупсионӣ дар татбиқи қонун бартараф карда шавад.”

Дар маҷмӯъ, ба иттилои Ҷумъахон Давлатов, имрӯз шумори маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор нафаранд. Қарор аст, тибқи лоиҳаи нави қонуни афв, ки ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон тасвиб шуд, то 10 000 нафар аз зиндонҳо ва аз масъулияти ҷиноӣ раҳо шаванд ва ба дидори азизони худ бирасанд.

Шарҳи расмии қонуни афвИн шонздаҳумин қонуни афви Тоҷикистон аст ва Шерхон Салимзода, додситони кулл зимни муаррифии тарҳи қонун дар порлумон гуфт, Тоҷикистон дар қиёс бо дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳама бештар қонуни афв қабул кардааст. Дар 23 соли истиқлоли Тоҷикистон беш аз 100 000 маҳбусу афроди таҳти тафтишу таъқиб дар ин кишвар мавриди афв қарор гирифтаанд.

Бар асоси қонуни нав, дар назар аст, шахсоне ки то мавриди амал қарор гирифтани ин қонун ҷиноят содир намуда, аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хафвнокии ҷинояти содирнамудаашон, ба афви гуноҳ эҳтиёҷ доранд, фаро гирифта мешаванд.

Аммо тибқи моддаи 9-и ин лоиҳа нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра маҳкум шуда, ё ҳукми қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодии онҳо иваз шудааст ва шахсоне, ки қаблан бо татбиқи афв аз иҷрои ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин озод шуда, дубора чунин ҷиноят содир кардаанд, татбиқ карда намешавад. Занону ноболиғоне ҳам, ки бо ҷиноятҳои махсусан вазнин содир кардаанд дар ин афв озод нахоҳанд шуд.