Ш. Зуҳуров: "Мансабдорон мардумро саргардон мекунанд"

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон.

Раиси парлумони Тоҷикистон аз мансабдорон хост, ки ба муроҷиатҳои мардум сари вақт расидагӣ кунанд ва онҳоро саргардон нанамоянд.

Дар ҷаласаи рӯзи 25-уми ноябри парлумони Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аз мансабдорон хост, ки ба муроҷиатҳои мардум сари вақт расидагӣ кунанд. Ин дар соатҳое буд, ки вакилон ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” тағйирот ворид карданд. Тағйироти воридшуда ба қонун қисме аз фаъолиятҳои литсензионӣ, яъне иҷозатномавиро бекор кард.

Толиббек Бухориев, вакили парлумон зимни муаррифии ин лоиҳаи тағйирот гуфт, дар сурати қабул шудани тағйирот ба қонун, аз 86 номгӯи фаъолиятҳои литсензионӣ 78 ададаш боқӣ мемонад. Вай афзуд, ин тағйирот ба хотири ворид кардани сабукиҳо ба соҳибкорон рӯи даст гирифта шудааст. Бухориев инчунин афзуд, ки пас аз ин соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки 30 дарсади иҷозатномаҳоро тариқи электронӣ дастрас кунанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон дар идомаи суханронии Бухориев гуфт, “мо, кормандони идораҳои давлатӣ, мардумро саргардон мекунем. Ин мардуми бечораи мо ҳуқуқи худашро дуруст намедонад, ки аз мансабдор талаб кунад, то сари вақт муроҷиати ӯро дида барояд. Донад ҳам, ҳазор андеша мекунад, ки боз корам вайрон нашавад, шикоят намекунад“.

Зуҳуров афзуд, ки қонунҳо бояд тавре таҳия шаванд, ки мансабдорон дар зиёд шудани шумораи соҳибкорон ва ҷойҳои нави корӣ масъулият эҳсос кунанд. Пурсиш аз раисони ноҳия ва шаҳр ин бояд бошад, ки дар давраи роҳбарии ӯ чанд соҳибкор зиёд шуд, чанд ҷои корӣ пайдо шуд. Агар нашуд, ин хел мансабдор бояд ҷойро холӣ кунад."

Яке аз иҷозатномаҳои бекоршуда ҳуҷҷати мувофиқакунӣ барои рондани чорво ба воситаи роҳҳои автомобилгард мебошад. Қаблан чӯпонҳо барои рондани чорвои худ бояд аз мақомот иҷозатнома мегирифтанд, аммо дар қонуни нав ин зарурат бекор шуд.

Шаҳодатномаи тахассуси аудити экологӣ, хулоса барои кушодани роҳҳои муассисавӣ ва хусусӣ барои истифодаи умум, ҳуҷҷати мувофиқакунӣ барои ченкунӣ ва наворгирӣ зери пулҳо ва дарёҳо аз ҷумлаи панҷ изотанома мебошанд, ки парлумон онҳоро бекор кард.

Пас аз қабули ин тағйирот, ҳоло дар Тоҷикистон 78 навъи иҷозатномаҳо боқӣ мондааст.