Вакилони даъвати нави Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон баъд аз чаҳор моҳи кор ба рухсатии меҳнатӣ рафтанд. Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлис аз фаъолияти чаҳормоҳаи порлумон изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, "як қатор корҳоро ба сомон расонданд" ва "дар канори мардум" буданд. Вале мунтақидон мегӯянд, Маҷлиси намояндагон то ҳол як шохаи воқеии қудрат нест ва вакилон қонунҳое қабул мекунанд, ки ба фоидаи ҳукуматанд.
Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи рӯзи 30-юми июн бештар аз дастовардҳои парлумон сухан карда, фаъолияти онро муассир гуфт. Ба таъкиди ӯ, дар се моҳи ахир вакилон бештар аз сад масъаларо баррасӣ карданд, ки нисфи онҳо қабул шуд.
"Дар давраи авҷи пандемияи COVID-19 дар саросари кишвар вакилон дар паҳлуи мардуми Тоҷикистон буданд ва талош карданд ки дар ҳама шароит барои рафъи мушкилоти пешомада ба интихобкунандагони худ кӯмак расонанд,"- гуфт Зокирзода.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҳоле аз "будан дар канори мардум" суҳбат мекунад, ки бархе аз интихобкунандагон баръакси инро мегӯянд.
Моҳтоббӣ Муродова, як сокини пойтахт гуфт, дар рӯзҳои авҷи пандемияи коронавирус ҳеҷ нақши вакилонро дар зиндагии худ эҳсос накардааст. Вай мегӯяд, се писари муҳоҷираш дар шароити пандемия бекор монданд, вале коре аз дасти вакилон наомад.
"Ҳамааш бефоида. Ба нафъи худашон бошад мекунанд. Барои мардуми камбағал ягон кумак нест,"- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз фаъолияти қариб чаҳормоҳаи вакилони нав бештар тасвиби қонун дар бораи ҷазо барои напӯшидани ниқоб ва ҷарима барои пахши "ахбори ғалат" дар ёдҳо монд.
Бар асоси тағйироте, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуд, сокинон барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд. Инчунин барои пахши "ахбори ғалат" дар бораи коронавирус аз 580 сомонӣ то 11600 сомонӣ ҷарима таъин шуд. Ҳарчанд ин тағйирҳо, тавре ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, норӯшаниҳои зиёд доранд, вакилон онҳоро қабул карданд.
Ҳамсуҳбатони мо дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, бояд вакилон ба хотири эҳтиром ба райъи интихобкунандаҳо бештар аз қонунҳое ҷонибдорӣ кунанд, ки зиндагии беҳтару шоистаро фароҳам меоранд на баръакс.
Далери Имомалӣ, ҳунарманди ҷавон гуфт, ҳатмӣ шудани ниқобро қабул дорад, аммо таъини ҷарима барои хабари носаҳеҳ ва дуруғ барояш ҳамоно баҳсбарангез мемонад. Ба гуфтаи ӯ, "ягона қонуни қабулкардаи вакилони имсола, ки барои ман ҳамчун интихобкунанда хушоянд буд, ин гузоштани ному насабҳои тоҷикӣ. Дигар кори арзандае дар ин чор моҳ надидаму нахондам."
Фаъолияти Маҷлиси намояндагон ҳеч гоҳ аз танқид орӣ набуд. Мунтақидон мегӯянд, ҷаласаҳои он бархилофи порлумонҳои кишварҳои демократӣ бидуни баҳс мегузаранд ва вакилон ҳар тарҳеро, ки ҳукумат фиристад, қабул мекунанд. Аммо худи вакилон ҳамеша ин танқидҳоро рад карда гуфтаанд, тарҳи қонун аввал дар кумитаҳои порлумон баррасӣ ва танҳо шакли ниҳоӣ ва комилшудааш ба ҷаласа пешниҳод мешавад.
Абдумалик Қодиров таҳлилгари тоҷик ба ин аст, ки порлумони Тоҷикистон дар ду навбати гузашта нақши муҳиме надошт. Ба гуфтаи ӯ, "аз замоне, ки фаъолияти ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати ислом дар кишвар расман қатъ шуд, вакилони парлумон тамоми тарҳи қонунҳоро бидуни мухолифат қабул мекунанд. Дар фаъолияти онҳо ҳеҷ навгоние дида намешавад."
Аммо Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалист ва вакили порлумон чунин танқидҳоро рад мекунад ва мегӯяд, дар ин муддат 56 қонун ва имзои созишномаҳоро қабул карданд, ки ҳадаф аз онҳо беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолист. Аз ҷумла ба гуфтаи Ғаффоров, Созишномаи грантӣ бо Бонки Осиёии Рушд "дар ин шароити авҷи бемории КОВИД-19 барои мо муҳим буд."
Истироҳати вакилон аз 1-уми июл шурӯъ шуда, ва то нимаҳои моҳи август идома хоҳад кард. Ба дунбол вакилон бо интихобкунандагони худ дидору мулоқот анҷом хоҳанд дод.
63 узви Маҷлиси Намояндагон дар панҷ сол як бор интихоб мешаванд. Интихоботи ахири порлумонӣ 1 марти имсол баргузор шуд. Ба он аксаран намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва намояндагони ҳизбҳои ҷонибдори ҳукумат роҳ ёфтанд.
Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин корзори сиёсӣ иштирок кард, вале ба қавли мақомот, ройи лозимро ба даст наовард. Раҳбарияти ҳизб мегӯянд, ройи ҷонибдоронашон “дуздида” шудааст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!