Вакилони парлумони Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи суғуртаи тиббӣ» тағйирот ворид карданд ва мӯҳлати амалишавии онро то соли 2017 ба таъхир андохтанд.
Малика Абдураҳимова, сокини 42-солаи шаҳри Душанбе, мегӯяд, агар сари вақт барои ҷарроҳӣ пул пайдо мекард, метавонист, писари 18-солаашро аз марг наҷот диҳад. Аммо вай замоне ин маблағро бо қарзу қавола ҷамъ овард, ки дигар дер шуда буд. Пизишкон қалби писарашро ҷарроҳӣ карданд, аммо ҳаёти ӯро ҳифз карда натавонистанд. Ин модари ғамзада мегӯяд, бисёр афродеро дид, ки ба иллати фақр натавонистанд, наздикони худро табобат кунанд ва чандин нафар аз бемориҳои оддӣ фавтидаанд. Ба ақидаи вай, на қарз, балки суғуртаи тиббӣ метавонад мушкили мардуми зиёдеро ҳал кунад:
«Ба мисли ман зиёданд оилаҳое, ки барои ташхису табобати фарзандону наздиконашон маблағ надоранд. Ва то ду танга аз ягон ҷо қарз пайдо мекунӣ, ки аллакай азизонатро аз даст медиҳӣ. Агар дар Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои суғуртаи тиббӣ вуҷуд медошт, шояд фарзанди ман ҳоло зинда мебуд. Чун ман имкон медоштам, фарзандамро дар берун аз Тоҷикистон табобат кунам. То ҳанӯз ман худро барои он, ки фарзандамро сари вақт табобат кардан натавонистам, маломат мекунам.»
Малика Абдураҳимова, ки танҳо ва бо машаққати зиёд ду фарзандро ба воя расондаст, худро маломат мекунад, ки дар муолиҷаи писараш дасткӯтоҳ омад. Вай мегӯяд, ҳар рӯз симои фарзандаш пеши назараш меояд ва ҳар рӯз дар чашмони ӯ мебинад, ки чӣ қадар умеди зиёд ба зиндагӣ дошт.
Дар ҳамин ҳол Амирбеки Ризо, яке шаҳрванди дигар ва падари 5 фарзанд низ мегӯяд, ба иллати кампулӣ наметавонад, барои саломатии худ ва наздиконаш коре кунад. Вай афзуд: «Ҳоло барои расонидани ёрии аввали тиббӣ пул мегиранд, чӣ расад ба табобат. Дар оилаи мо фарзандон ба навбат касал мешаванд ва агар Худо накунад ягон бемории ҷиддӣ бошад, аз бепулӣ табобат кардан наметавонем. Чанде пеш шунида будем, ки бояд дар Тоҷикистон суғуртаи тиббиро роҳандозӣ кунанд, фикр мекунам, дар ин вақт кори мо низ осонтар мешавад. Ва шояд масъулияти табибон ҳам бештар мегардад.»
Ин гуфтугузорҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки парлумони Тоҷикистон татбиқи Қонуни «бимаи ҳатмии тиббиро» то соли 2017 ба таъхир гузошт. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ рӯзи сешанбеи 8-уми гуфт, кишвар ба сабаби камбудии молӣ ва нарасидани мутахассисон наметавонад ин қонунро иҷро кунад ва шояд пас аз се сол шароит тағйир ёбад. Нусратулло Салимов гуфт, барои татбиқи барномаи замонавии бимаи ҳатмии тиббӣ, наздик ба 530 миллион сомонӣ лозим аст, ҳоло он ки бо ин мақсад аз буҷаи давлат ҳоло ҳамагӣ 53 миллион сомонӣ ҷудо мешавад.
Вай афзуд, «бо вуҷуди он, ки гурӯҳи кории ин ниҳод аллакай санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла барномаи заминавии суғуртаи ҳатмии тиббӣ, тартибу андоза ва ҳамчунин низомномаи онро таҳия кардаву ба вазоратҳои марбут ирсол доштаанд, ин ниҳодҳо бинобар камбуди молӣ татбиқи онро ғайриимкон донистааанд ва тамдиди муҳлати онро хостанд. Тибқи талаботи моддаи 6- қонуни мазкур, суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар доираи андози иҷтимоӣ бояд амалӣ шавад, ҳоло он, ки маблағҳои ин фонд ҳатто барои пардохти нафақа ва ҷубронпулиҳо нокифоя мебошад. Дар баробари ин, таъсиси фонди суғуртаи тиббӣ ва филиалҳои он дар вилоятҳо, яъне ба истиснои бино ва воситаҳои асосӣ танҳо барои фаъолият зиёда аз 3 миллион сомонии дигар лозим аст. Ҳамин тавр, ҳоло вазорати тандурустӣ барои сар кардани суғуртаи тиббӣ аз вазорати молия 170 миллион сомониро мепурсад.»
Пешниҳоди ақиб андохтани амали қонуни бимаи ҳатмӣ баҳсеро дар парлумон низ ба вуҷуд овард. Аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб кард, ки чаро ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ҳанӯз дар соли 2008, ҳангоми пешбарии ин тарҳ имкониятҳои худро ҳисоб накардаанд. Вай бо муроҷиат ба Нусратулло Салимов гуфт, «мо аллакай як маротиба амалисозии ин қонунро ба таъхир гузошта будем, имрӯз онро то соли 2017 мавқуф мегузорем. Пас кӣ кафолат дода метавонад, ки он соли 2017 мавриди амал қарор мегирад?»
Дар посух ба ин суол вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гуфт, дар ин росто бо вазорати молия ва дигар вазоратҳои марбута ҳамоҳангӣ ҷараён дорад ва интизор аст ин қонун дар соли 2017 амалӣ шавад.
Дар ин зимн Абдураҳмон Хонов, узви Кумитаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар порлумон, ин тарҳро барои аҳолии кишвар муҳим донист ва гуфт, «бо назардошти кишвари иҷтимоӣ будани Тоҷикистон бояд дар соли 2017 ин қонун ҳатман амалӣ шавад ва дар бахши маорифу тандурустӣ ислоҳоти ҷиддиро роҳандозӣ кунем. Агар мо ба татбиқи амалии ин қонун гузарем, барои мардуми Тоҷикистон бениҳоят хуб мешавад. Зеро дар ин ҳолат бештари хадамоти тиббӣ ба тариқи ройгон сурат мегирад.»
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир будҷаи соҳаи тандурустӣ 2,2 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки 90 дарсади он барои музди меҳнати кормандон харҷ мешавад. Дар ин байн, 85 дарсади маблағҳо барои барои ҷилавгирй аз ВИЧ/СПИД ва дигар бемориҳои сироятӣ, аз қабили силу вараҷа ва чорабиниҳои эмкуниро созмонҳои байналмилаӣ медодаанд. Роҳандозии бимаи ҳатмии саломатӣ низ аз пешниҳодҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт буда, то ҳоло аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ танҳо дар Қазоқистону Эстония ва Молдова онро ҷорӣ кардаанд.
«Ба мисли ман зиёданд оилаҳое, ки барои ташхису табобати фарзандону наздиконашон маблағ надоранд. Ва то ду танга аз ягон ҷо қарз пайдо мекунӣ, ки аллакай азизонатро аз даст медиҳӣ. Агар дар Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои суғуртаи тиббӣ вуҷуд медошт, шояд фарзанди ман ҳоло зинда мебуд. Чун ман имкон медоштам, фарзандамро дар берун аз Тоҷикистон табобат кунам. То ҳанӯз ман худро барои он, ки фарзандамро сари вақт табобат кардан натавонистам, маломат мекунам.»
Малика Абдураҳимова, ки танҳо ва бо машаққати зиёд ду фарзандро ба воя расондаст, худро маломат мекунад, ки дар муолиҷаи писараш дасткӯтоҳ омад. Вай мегӯяд, ҳар рӯз симои фарзандаш пеши назараш меояд ва ҳар рӯз дар чашмони ӯ мебинад, ки чӣ қадар умеди зиёд ба зиндагӣ дошт.
Дар ҳамин ҳол Амирбеки Ризо, яке шаҳрванди дигар ва падари 5 фарзанд низ мегӯяд, ба иллати кампулӣ наметавонад, барои саломатии худ ва наздиконаш коре кунад. Вай афзуд: «Ҳоло барои расонидани ёрии аввали тиббӣ пул мегиранд, чӣ расад ба табобат. Дар оилаи мо фарзандон ба навбат касал мешаванд ва агар Худо накунад ягон бемории ҷиддӣ бошад, аз бепулӣ табобат кардан наметавонем. Чанде пеш шунида будем, ки бояд дар Тоҷикистон суғуртаи тиббиро роҳандозӣ кунанд, фикр мекунам, дар ин вақт кори мо низ осонтар мешавад. Ва шояд масъулияти табибон ҳам бештар мегардад.»
Вай афзуд, «бо вуҷуди он, ки гурӯҳи кории ин ниҳод аллакай санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла барномаи заминавии суғуртаи ҳатмии тиббӣ, тартибу андоза ва ҳамчунин низомномаи онро таҳия кардаву ба вазоратҳои марбут ирсол доштаанд, ин ниҳодҳо бинобар камбуди молӣ татбиқи онро ғайриимкон донистааанд ва тамдиди муҳлати онро хостанд. Тибқи талаботи моддаи 6- қонуни мазкур, суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар доираи андози иҷтимоӣ бояд амалӣ шавад, ҳоло он, ки маблағҳои ин фонд ҳатто барои пардохти нафақа ва ҷубронпулиҳо нокифоя мебошад. Дар баробари ин, таъсиси фонди суғуртаи тиббӣ ва филиалҳои он дар вилоятҳо, яъне ба истиснои бино ва воситаҳои асосӣ танҳо барои фаъолият зиёда аз 3 миллион сомонии дигар лозим аст. Ҳамин тавр, ҳоло вазорати тандурустӣ барои сар кардани суғуртаи тиббӣ аз вазорати молия 170 миллион сомониро мепурсад.»
Дар посух ба ин суол вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гуфт, дар ин росто бо вазорати молия ва дигар вазоратҳои марбута ҳамоҳангӣ ҷараён дорад ва интизор аст ин қонун дар соли 2017 амалӣ шавад.
Дар ин зимн Абдураҳмон Хонов, узви Кумитаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар порлумон, ин тарҳро барои аҳолии кишвар муҳим донист ва гуфт, «бо назардошти кишвари иҷтимоӣ будани Тоҷикистон бояд дар соли 2017 ин қонун ҳатман амалӣ шавад ва дар бахши маорифу тандурустӣ ислоҳоти ҷиддиро роҳандозӣ кунем. Агар мо ба татбиқи амалии ин қонун гузарем, барои мардуми Тоҷикистон бениҳоят хуб мешавад. Зеро дар ин ҳолат бештари хадамоти тиббӣ ба тариқи ройгон сурат мегирад.»
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир будҷаи соҳаи тандурустӣ 2,2 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки 90 дарсади он барои музди меҳнати кормандон харҷ мешавад. Дар ин байн, 85 дарсади маблағҳо барои барои ҷилавгирй аз ВИЧ/СПИД ва дигар бемориҳои сироятӣ, аз қабили силу вараҷа ва чорабиниҳои эмкуниро созмонҳои байналмилаӣ медодаанд. Роҳандозии бимаи ҳатмии саломатӣ низ аз пешниҳодҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт буда, то ҳоло аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ танҳо дар Қазоқистону Эстония ва Молдова онро ҷорӣ кардаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад