"Конвенсияи ҷилавгирӣ аз генотсид ва ҷазо барои он" рӯзи чоршанбеи 29 апрел зимни иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон аз сӯи Озода Раҳмон, муовини аввали вазири корҳои хории Тоҷикистон ба порлумон ироа гардид. Хонум Озода Раҳмон, тасвиби ин санади байналмиллалиро барои боло рафтани нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, ки “ин масъала дар машваратҳои дуҷониба бо дигар кишварҳо матраҳ шудааст."
Ҳангоми зикри зарурати узвияти Тоҷикистон дар ин конвенсия, хонум Озода Раҳмон аз ҷумла гуфт, Иттиҳоди Аврупо шартҳои имтиёзноки ҳамкорӣ ва имдод дар рушдро ба кишварҳое раво мебинад, ки узви муҳимтарин қатъномаҳои ҷомеаи ҷаҳониянд: "Иттиҳоди Аврупо кишварҳоеро ба инкишоф имконият медиҳад, ки зимни ворид намудани молу маҳсулот ба бозори Иттиҳоди Аврупо аз онҳо боҷҳои воридотӣ ситонида нашавад. Ва яке аз шартҳои ин имтиёз ҳамроҳ шудани чунин кишварҳо ба 27 конвенсия ва протколҳои байнулмилалӣ мебошад, ки конвенсияи мазрку аз ҷумлаи онҳост."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон низ тасвиби ин санадро дар шароити феълӣ пураҳамият талаққӣ кард. Ба гуфтаи ҷаноби Зуҳуров, “бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоте, ки дар минтақа ва ҷаҳон дар шароити феълӣ мегузарад, пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсияи ҷилавгирӣ аз генотсид ва ҷазо барои он зарурист.”
Тасвиби ин аҳднома аз сӯи парлумон дар ҳолест, ки Шӯрои Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикисон рӯзи душанбеи 27-уми апрел пешниҳоди ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Конвенсияи ҷилавгирӣ аз генотсидро баррасӣ карда буд. То имрӯз Тоҷикистон геносид ва ё наслкуширо ба унвони ҷинояти сангин эътироф карда, дар Кодекси ҷиноӣ, ҷазои қатлро пешбинӣ намудааст. Аммо барои шомил набуданаш ба ин конвенсия пайваста аз сӯи кишварҳои Ғарбӣ ба истилоҳе “гап мешунидааст.”
Конвенсияи мазкур яке аз куҳантарин қатьномаҳои СММ аст, ки дар соли 1948, пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба тасвиб расида, он наслкуширо ҷинояте зидди меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилал медонад ва аъзои худро вазифадор мекунад, ки омилони чунин амалкардҳоро муҷозот намояд. Бино бар ин санад ҳама гуна амалкардҳое, ки бо мақсади пурра ё қисман нобуд кардани ягон гурӯҳи миллӣ, қавмӣ, нажодӣ ё динӣ неслкушӣ унвон мешавад.
Бахтовар Сафаров, вакил ва раҳбари фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парлумон, рӯзи душанбеи 27 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин аҳднома метавонад, нуфузи кишварро дар миёни шарикон аз нигоҳи риояи ҳуқуқи инсон боло бубарад.
Ҷаноби Сафаров мегӯяд, “муқаррароти конвенсия ба қонунгузории кишвар мухолифат накарда,аз лиҳози ҳуқуқӣ қобили қабул аст. Аз ҳама муҳим, аз мо ягон ӯҳдадориҳои гароне, ки ба буҷаи давлат зарба занад ва ё дар сатҳи ҷаҳонӣ дигар ӯҳдадориҳоро, талаб намекунад. Чун бе ин ҳам Тоҷикистон чунин амалкардро маҳкум месозад ва фикр мекунам ба даст овардани узвият дар ин Конвенсия обрӯи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таҳким мебахшад. Албатта баъзе талаботҳое дар таркиби ҷинояти геносид вуҷуд дорад, метавон дар оянда ҳангоми омӯзиши амиқи қонунгузорӣ баъзе аз тағйиру иловаҳои ҷузъиро ворид кард.“
Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, ҳоло дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷинояти геносид дар маҷмӯъ зикр ёфтааст. Дар ҳоле, ки дар Конвенсия геносид ба ҳайси амале нишон дода шудааст, ки мақсади пурра ва ё комилан нобуд кардани гурӯҳ аз лиҳози миллат, нажод, мансубияти диниву этникӣ равона шудааст.
Бахтиёр Сафаров афзуд, ҳарчанд дар таҷрибаи Тоҷикистон чунин таркиби ҷинояти наслкушӣ содир нашудааст, аммо ба хотири мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба талаботи мазкур эҳтимол дорад, ба Кодекси ҷиноӣ баъзе иловаҳо ворид карда шавад.
Талоши ворид шудани Тоҷиикстон ба Аҳдномаи “ҷилавгирӣ аз ҷинояти геносид” дар ҳолест, ки то кунун Тоҷикистон дар қиболи мавориди наслкушӣ дар дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои ИДМ мавқеи хосеро надошт.