Додситонӣ дархости раҳоии Мирсаидовро рад кард

Хайрулло Мирсаидов.

Додситонии Суғд дархости дар замони тафтиши парванда аз ҳабси пешакӣ озод кардани Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистонро рад кардааст. Дар ин бора рӯзи 18 декабр ба Радиои Озодӣ падари журналист хабар дод.

Хайрулло Мирсаидов рӯзи 8 декабр аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла дар "барангехати кинаву адовати миллӣ" гумонбар дониста шуд, ки ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, назири Нюман Райтс Вотч ва Кумитаи дифоъ аз журналистон, дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Иттиҳоми Мирсаидов зоҳиран ба саҳначаҳои ҳунарии тими КВН-чиҳои ӯ рабт мегирад.

Вакили дифои Мирсаидов - Аскар Турсунов рӯзи 11-уми декабр аз мақомот расман дархост карда буд, ки зерҳимояашро аз маҳбас раҳо кунанд, то замони тафтиш ба пешниҳоди санадҳои истифодаи маблағҳои будҷа барои фаъолияти дастаи ҳозирҷавобон, имкон пайдо кунад.

Созмони байналмилалии Кумитаи дифоъ аз журналистон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки журналисти шинохта Хайрулло Мирсаидов билофосила аз боздошт озод ва тамоми иттиҳомоти зидди ӯ бардошта шавад.

Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов рӯзи 18-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти додситонии вилояти Суғд дархости писараш ва вакили дифои ӯро рад кардаанд.

"Писарам аз вакили дифоъ хоҳиш карда буд, ки вақти тафтиши парванда барои пешниҳод кардани далелҳо беҳтар мешавад дар озодӣ бошад. Вакили дифоъ бо хоҳиши писарам дархост карда буд, вале нагуфт, ки чаро мақомот ин дархости ӯро рад кардаанд. Чунки ӯ барои сӯҳбат накардан дар бораи парвандаи писарам, ба мақомот забонхат навиштааст."

"То ҳол иҷозаи мулоқот надоданд"

Ҳабибулло Мирсаидов гуфт, ки то ҳол иҷозати дидор бо писараш надодаанд ва бо Хайрулло мулоқот ва сӯҳбат надоштааст. Вале ба ӯ ғизо мебарад ва аз забони вакили дифоъ мешунавад, ки ҳоли фарзандаш дар боздоштгоҳ хуб аст. Ҳабибулло Мирсаидов гуфт, ки ӯ 3 фарзанд дорад ва дар корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар вазифаи назоратгар ва дар як ширкати хурди пойафзолдӯзӣ кор мекунад ва Хайрулло фарзанди калониаш мебошад.

Ӯ ба бегуноҳ будани писараш бовар дорад ва мегӯяд, писараш қабл аз боздошт борҳо мегуфт, ки фаъолияти ӯву дастааш шаффоф мебошад. Бинобар ин, агар замони тафтиши парванда ӯро раҳо мекарданд, санадҳои заруриро ҷиҳати сафед кардани худ пешниҳод мекард. “Дар хонаамон нотинҷӣ. Боздошти писарам ба кору саломатии ҳамаамон сахт таъсири манфӣ расонд. Худам намедонам, ки чӣ тавр ба кор рафта меоям”,- мегӯяд ӯ.

Хайрулло Мирсаидов чигуна боздошт шуд?

Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабр барои сӯҳбат ба бинои додситонии вилояти Суғд даъват ва боздошт гардид. Рӯзи 8-уми декабр аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ӯ барои нақзи чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, барои “аз они худкунӣ ё исрофкорӣ”, “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”, “сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ” ва “дидаю дониста расондани хабари бардурӯғ”, гумонбар эълон шуд.

Рӯзҳои аввал Мирсаидов дар боздоштгоҳи Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар Хуҷанд нигаҳдорӣ мешуд. Вале чанд рӯз пеш ӯро ба боздоштгоҳи нигаҳдории муваққат (СИЗО-и рақами 2) дар шаҳри Хуҷанд интиқол доданд.

Боздошти Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва раҳбари дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон (“Сборная КВН Таджикикстана”) дар иртибот ба фаъолияти кориаш дар ин даста дар байни ҳамкасбонаш ва маҳофили рӯзноманигорӣ ва ҳозирҷавонони кишвар нигарониҳоеро ба бор овардааст. Ончӣ бештар мояи сӯҳбатҳост, эълони иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва динӣ” алайҳи ӯст. Вале то ҳол мақомоти тафтишотӣ нагуфтаанд, ки оё ин ба саҳнаҳои ҳаҷвии дастаи ҳозирҷавобон дахл дорад ё чӣ?

Нигаронии созмонҳои журналистӣ

То ҳол ягон созмони рӯзноманигории кишвар дар иртибот ба боздошти Хайрулло Мирсаидов назари худро баён накардааст. Созмони байналмилалии Кумитаи дифоъ аз журналистон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки журналисти шинохта Хайрулло Мирсаидов билофосила аз боздошт озод ва тамоми иттиҳомоти зидди ӯ бардошта шавад.

Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, аз боздошти Хайрулло Мирсаидов – хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон – шадидан нигаронӣ карданд. Стив Свердлов, пажӯҳишгари созмони Ҳюман Райтс Вотч, рӯзи 11-уми декабр аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки ба ҳаққи Мирсаидов эҳтиром гузоранд.

“Хайрулло Мирсаидов, ки бо журналистиаш шинохта ва мавриди эҳтиром аст, зоҳиран охирин қурбонии таъқиби садои интиқодӣ аз ҳукумат аст”, - афзуд ӯ. Рӯзи 13-уми декабр пажӯҳишгар аз Дания Майкл Андерсон дар як муроҷиатномаи боз аз президенти Тоҷикистон дархост намудааст, ки дар раҳоии Хайрулло Мирсаидов ёрӣ расонад.