Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, 27 хонандаи мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод аз "истерия" ё худ "асабсустӣ" беҳуш шудаанд.
Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ рӯзи 9-уми апрел дар як посухи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, комиссияи вижа пас аз таҳқиқ ба хулосае расид, ки кӯдакон на аз заҳролудшавӣ, балки аз дидани саҳнаи беҳушшавии як хонанда ба ин ҳол афтодаанд.
Ҳафтаи гузашта масъулони сарраёсати Идораи вогиршиносии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфтанд, ки ташхиси фаврии хуни кӯдакон нишон дод, ки онҳо аз кадом ғизо ё маводи кимиёӣ заҳролуд нашудаанд.
Хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, "заҳршиносон, равоншиносон ва дигар мутахассисони соҳаи тиб хона ба хона гаштанд ва тафтиш карданд, вале ягон нишонаи заҳролудшавӣ дар бадани кӯдакон аз обу хӯрок мушоҳида нашуд."
Ба гуфтаи вазорат, дар ниҳоят, хулоса ин шуд, ки ҳодиса аз асабсустӣ ба вуҷуд омадааст. "Як хонанда беҳуш мешавад ва дигарон ин ҳолатро дида ба истерия ё худ асабсустӣ гирифтор мешаванд",-мегӯяд, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Нисфирӯзии 5-уми апрел ба якборагӣ хонандаҳои синфи 5 ва 9-и мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод беҳуш шуданд. Ҳамид Одинаев, сокини деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, ду наберааш беҳуш шуд.
Баръакси иддаои Вазорати тандурустӣ ӯ мегӯяд, як наберааш дар мактаб беҳуш шуд ва набераи дигараш дар хона ба чунин ҳол гирифтор гашт. "Ин хел ҳодисаро тамоман надида будем. Набераи калонам хуб буд. Ба хоҳараш кӯмак кард. Баъдан якбора худаш ҳам беҳуш шуд. Ҳоло дар хона табобат мегиранд",-гуфт ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 6-уми апрел Зоҳиршоҳ Ишратов, як масъули сарраёсати Идораи вогиршиносии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, ташхиси фаврии хуни кӯдакон нишон дод, ки онҳо аз кадом ғизо ё маводи кимиёӣ заҳролуд нашудаанд. Шоҳидон мегӯянд, беҳушшавиии хонандагон ҳангоме оғоз шуд, ки аксари онҳо дар дохили синфхонаҳо дарс мехонданд.
Парвизи Хусрав, хонандаи синфи 5-и мактаби деҳаи Чаргии Мӯъминобод аввалин наврасест, ки ба ҳолати беҳушшавӣ дучор шудааст. Парвиз рӯзи 6-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте барои посух додан ба дарс аз ҷой баланд шуд, сараш чарх зад
"Сарам чарх зад ва дилам беҳузур шуд. Маро ба утоқи алоҳида бурданд. Аз паси ман 9 ҳамсинфи дигарамро низ оварданд. Баъд ҳамин тавр моро духтур бурданд. Дар он ҷо панҷ-шаш соат истодем. Ҳоло ҳолатам хуб аст, дар хона қарор дорам",-гуфт Парвиз.
Масъулони мактаб мегӯянд, пай дар ҳам ба чунин вазъ афтодани кӯдакон онҳоро нигарон кард ва фавран бо пизишкон тамос гирифтанд. Басбӣ Самадова, мудири мактаби рақами 23 гуфт, нисфирӯзии 5-уми апрел вақте як хонандаи синфи ҳафтум бемор шуд, онро маъмулӣ пиндоштанд, вале баъдан ин ҳолат дардигар хонандаҳо низ такрор шуд.
Вай дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки вақте як хонанда беҳуш шуд, ӯро ба синфхона бурда об ва дору доданд, ки каме ба ҳуш омад, аммо ҳанӯз каме меларзид. Ҳамин тавр, ба гуфтаи Самадова, кӯмаки аввалияи худрорасонданд ва масҳи бадан намуданд ва ин талаба ба худ омад.
Басбӣ Самадова афзуд, ки аз миён 20 дақиқа нагузашта буд, ки кӯдакони дигарро бо ҳамин ҳолат ба идораи ӯ оварданд ва маҷбур шуданд, ки табиби деҳаро даъват кунанд. Сипас ва кумитаи падару модарон ва вакилони деҳаро даъват намуда ва онҳоро дар ҷараён гузоштанд.
Ду соли пеш низ беҳушшавии хонандаҳо дар деҳаи Хайркорони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сабт шуда буд. Баъдан, маълум карданд, ки онҳо аз заҳрдоруе, ки алайҳи ҳашарот дар мактаб пошидаанд, заҳролуд шудаанд.