Тоҷикистон изҳороти мақомоти русро маҳкум кард

Абулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ.

Вазорати умури хориҷӣ ва парлумони Тоҷикистон изҳоротҳои ахири Владимир Жириновский ва Дмитрий Рогозинро маҳкум карданд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз сиёсатмадорони Русия даъват кард, дар паёмҳои расмии худ аз дурустӣ ва одоб кор бигиранд.

Дар муроҷиатномаи вакилони тоҷик ба сӯҳбатҳои узви Думаи давлатии Русия Владимир Жириновский ишора шудааст, ки дар як намоиши телевизиони давлатии Русия ба унвони Тоҷикистон ва раҳбари он суханони шадидлаҳн ба забон овард.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикистон изҳороти мақомоти русро маҳкум кард




Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар оғози ҷаласа ба он таъкид кард, ки чунин бархӯрдҳо дар Русия ба силсилае табдил ёфтаанд: «Вақтҳои охир дар расонаҳои хабрии Русия нисбати тоҷикону Тоҷикистон хабарҳое нашр мешавад, ки асоси воқеӣ надорад. Кор то ҷое расидааст, ки эроду танқид ба тӯҳмату таҳқир табдил ёфта истодааст. Нишон додани қатораҳои Тоҷикистон бо ворид шудани муҳоҷирони меҳнатии гӯё носолим нашъаманд ва паҳнкунандаи вирусҳо кам буд, ки охиран сӯҳбати
телевизионии Владимир Жириновский вакили Дума, ки дар телевизиони расмии ин давлат пахш шуд ва таҳқирро ба дараҷаи олӣ расонд».


Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи сешанбе сафири Русия дар Тоҷикистон, Юрий Поповро даъват ва номаи эътирозиро ба ӯ таслим кард. Аммо дар нимаи дуюми рӯзи чаҳоршанбе ин вазорат як изҳороти дигаре низ нашр намуд.


Абулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати матни ин изҳоротро қироат кард, ки дар он сухан аз роҳандозӣ шудани як маъракаи иттилоотии Русия зидди Тоҷикистон меравад: «Дар ин бӯҳрони ҳангомасозӣ, рӯзи 23 апрел дар барномаи "Специалный корреспондент»-и шабакаи телевизионии Россия намоиши навбатӣ таҳти унвони «Шайтан-поезд», ки ба мавзӯи вазъи қатораҳои Душанбе-Маскав бахшида шуда буд, пахш гардид. Чунин ба назар мерасад, ки маъракаи густардаи иттилоотӣ алайҳи Тоҷикистон эълоншуда ҳадафҳои сиёсии дигар дорад.»

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегуянд суханҳои роҳбари моҷароҷӯи ҳизби Либерал демократии Русия - Владимир Жириновскиро на дар дохил ва надар хориҷи Русия ҷиддӣ қабул намекунанд. Вай солҳост бо ҳарзагӯи ва суханрониҳои пурэҳсосаш на ҳамчун сисёсатмадор балки чун як «масхарабоз»-и саҳнаи сисёӣ пазируфта мешавад ва бинобар ин суханронони вай дар як барномаи мубоҳисавии телевизионӣ кирои чунин вокунишро надоштанд.


Аммо Иброҳим Усмонов мушовири собиқи раисҷумҳури Тоҷикистон ва коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд вокуниши мақомоти кишвар на ба як эътрозгари майдон, балки ба муовини раиси Думаи Русия бастагӣ дорад:

«Сарфи назар аз он, ки Жириновский бо баддаҳониву беандеша сухан гуфтанаш машҳур аст, вай мақоми давлатӣ дорад. Вай муовини раиси «Дума»-и Русия аст ва ҳамчунин роҳбарии як ҳизи парлумонии ин кишварро низ бар ӯҳда дорад. Аз ин нуқтаи назар ҷавоби додани мақомоти расмии Тоҷикистон дуруст аст».


Аммо ҷаноби Усмонов афзуд, ки вокуниши ҷониби Тоҷикистон каме дер пахш шуд. Суханони Жириновский дар барномаи “Поединок”-и телевизиони давлатии "Россия-1" дар рӯзи 18-уми апрел садо дод ва чанд рӯз баъдаш баҳсҳо асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома кард. Мақомоти давлатӣ замоне ба пахши изҳорот ва баррасии масъала сар карданд, ки раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддини Кабирӣ, рӯзи душанбеи 22-юми апрел суханони сиёсатмадори Русияро маҳкум намуд. Зимнан, Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров низ дар ин ҷаласаи порлумон изҳороти Кабириро саривақтӣ хонд ва зикр намуд, ки эътирози ӯ аввалин вокуниш ба суханони Жириновский буд.