Мошини ҷустуҷӯи Google дар Интернет мегӯяд, ки истилоҳи "хоҷаҳои хориҷӣ" ва муродифи русии он - "зарубежные хозяева" дар матолиби марбут ба Тоҷикистон дар чанд соли охир беш аз 800 ҳазор маротиба истифода шудааст.
Бахше аз ин рақам ба таҳаввулоти моҳи сентябр дар Тоҷикистон рабт мегирад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ дар мулоқоти рӯзи ҷумъаи 25 сентябр бо афсарону сарбозони Горди Миллӣ аз истилоҳи "хоҷаҳои хориҷӣ" истифода кард ва даҳҳо матбуоти дохиливу хориҷӣ бо пахши изҳороти президент хазинаи ин истилоҳро дар Google ғанитар карданд.
Раиси ҷумҳур дар ҳоле, ки ба иштиркодорони амалиёти зидди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим мукофот ва рутбаҳои нави низомӣ тақдим мекард, гуфт, ки "ба шарофати ҷасорату далерии нерӯҳои мусаллаҳ ва мардуми кишвар нақшаи нопоки хоинон ва хоҷагони хориҷиашон бар бод рафт."
Истилоҳи "хоҷаҳои хориҷӣ", ки дар тӯли 20 соли ахир дар робита ба таҳдидҳои амниятӣ ба Тоҷикистон гоҳ-гоҳ истифода мешуд, баъди ҳуҷуми собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон ба қисми низомӣ ва идораи пулис дар таърихи 4 сентябр дубора дар маркази изҳороти мақомот ва матбуоти давлатӣ қарор гирифт. Мақомот аз "хоҷаи хориҷӣ" мушаххасан ном намебаранд ва мардум ҳам бар пояи фаҳмишҳои сиёсии худ "хоҷаро" шиносоӣ медиҳад.
Cокинони пойтахти Тоҷикистон дар симои "хоҷаи хориҷӣ" давлатҳоеро мебинанд, ки ба гуфтаи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ бо дасти шахсони алоҳида амал мекунанд ва ё "хоҷагони хориҷӣ" ин шахсони алоҳидае ҳастанд, ки барои манфиати худ кишварҳоро ноором мекунанд ва аз фурӯши силоҳ ба худ фоида мегиранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҳлилгарон мегӯянд, ки истилоҳи “хоҷагони хориҷӣ” дар солҳои 1990-ум сари забонҳо шуд. Он вақт аз даст доштани нерӯи сеюм дар баҳманмоҳи хунин сӯҳбатҳо мерафт. Пасон дар солҳои 1991, замони шурӯъ ва давоми ҷанги шаҳрванди солҳои 1992-1997 ва ҳамин гуна то ба имрӯз талоши ҳамагуна бесуботӣ дар кишвар ба исми “хоҷагони хориҷӣ” пайванд дода мешавад.
Дилшод Муллоев, сиёсатдон ва ходими илмии Пажӯҳишгоҳи сиёсат, фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки президенти Тоҷикистон истилоҳи "хоҷаи хориҷӣ"-ро бо такя ба иттилои шабакаи истихборотии кишвар истифода мебарад, аммо аз нуқтаи назари сирф дипломатӣ ба хотири хатчадор нашудани муносибатҳо бо дигар кишварҳо, исми ин “хоҷаҳо”-ро ошкор намекунад.
Аммо ҷаноби Муллоев бо ишора ба ҳассос будани минтақа ва мавқеяти геополитикии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин "хоҷаҳо" метавонанд на кишварҳои хос, балки гурӯҳҳои алоҳида низ бошанд. “Аз нуқтаи назари илми геополитикӣ касе, ки Осиёи Марказиро идора мекунад, Авруосиёро назорат мекунад. Ва бо ин тариқ тамоми ҷаҳонро таҳти контроли худ дорад. Дар ин ҷо ҳама вақт Бритониё манфиатҳои худро дорад ва ҳатто дар даврони Шӯравӣ онҳо аз тариқи Ҳиндукуш ва Афғонистон баъзе аз тақсимҳои геополитикии худро таҳия мекарданд", - гуфт Муллоев.
Ин сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, агарчи мақомоти Тоҷикистон аз кадом кишвар ва гурӯҳи мушаххас ном намебаранд, аммо бо истифодаи ин истилоҳ ба мухотабҳои худ пайғом медиҳанд, ки дар ҷараёни таҳаввулот ҳастанд ва медонанд, ки кӣ ба чӣ кор машғул аст.
Аз тарафи дигар Дилшод Муллоев ин фарзияро низ соқит намекунад, ки мақомот "таҳдиди нерӯи сеюм"-ро ҳамчун абзори муттаҳидсозии миллат ба кор мебаранд. Зеро аз нигоҳи ӯ образи душмани берунӣ як воситаи хуби ба ҳам овардани мардуми кишвар аст, ки Русия аз он ҳунармандона истифода мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон дар баъзе мавридҳо созмонҳои хориҷӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун тарҳрезони инқилобҳои ранга ном бурдаанд.
Аммо Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, дар зери мафҳуми “нерӯи сеюм” дар Тоҷикистон аз як тараф ба Русияву Узбакистон ва аз тарафи дигар ба кишварҳои исломӣ ишора мешавад. “Ҳукумат дар навбати худ зери мафҳуми “хоҷагони хориҷӣ” асосан кишварҳои Ғарб ва баъзе аз гурӯҳҳои исломии хориҷиро дар назар дорад. Аз нигоҳи ҳукумат манифтаи гурӯҳи сеюм дар он аст, ки Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро аз Русия дур созанд”,- мегӯяд Парвиз Муллоҷонов.
Ӯ мегӯяд, ҳукумат дар ҳоле метавонад аз давлат ва ё гурӯҳҳои мушаххас ном бубарад, ки агар барои исботи иддаои худ далелҳои мушаххас пешниҳод кунад. Абдумалик Қодиров, таҳлилгари дигар мегӯяд, ки хадамоти амнияти Тоҷикистон дар самти муайян кардани фаъолияти эмиссарҳои хориҷӣ хеле хуб кор мекунад. Аммо ӯ даргириҳои ахир дар кишварро танҳо айби “худи”-ҳо медонад.
Аз нигоҳи ҷаноби Қодиров “бозингарон”-и асосии геополитикӣ дар минтақа Русия, Амрико, Чин ва Эрон барои муташанниҷ кардани авзоъ дар дохили Тоҷикистон ҳавасманд нестанд. “Барои Амрико, ки дар ҷанги Афғонистон дармондааст, бениҳоят муҳим аст, ки кишварҳои ҳамсоя ором бошанд. Чин комилан ҷангу ҷанҷолро дӯст намедорад, ин давлат ҳамаи мақсадаҳои стратегии худро бо роҳи иқтисодӣ - яъне додани қарзҳои дарозмуддату камфоиз ва сармоягузорӣ ба даст меорад. Эрон бошад беш аз ҳама мехоҳад дар чашми Ғарб ҳамчун яке давлате намояд, ки аз дастгирии қувваҳои тундгаро ва ифротӣ даст кашидааст. Русия албатта мехоҳад ба сарҳади Тоҷикистон баргардад ва муҳимтар аз он Тоҷикистонро ба Авруосиё ворид кунад, вале аз нигоҳи ман дар ҳодисаҳои ахир ин кишвар даст надорад, зеро шеваи кордонии хадамоти ҷосусии Русия аз он чи мо дидем, хеле баландтар аст”, - гуфт Абдумалик Қодиров.
Ин таҳлилгар мӯътақид аст, ки рӯзе пардаи асрор аз рӯи ин ҳодисаҳо бардошта мешавад ва ҷомеа билохира хоҳад донист, ки ин ҳама кори дасти кӣ буд. Бо ин ҳама дар таърихи беш аз 20-солаи истиқлоли Тоҷикистон, ки баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ низ якчанд мавориди бесуботиро аз сар гузаронидааст, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон боре дар ҳамлаи сарҳанги шӯришӣ – Маҳмуд Худойбердиев дар моҳи ноябри соли 1998 ба таври рӯйрост аз Ӯзбакистон ном бурда буд.