А.Абдуллозода: "Дилшод гуфт, миллатамро ноумед накардам"

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, заҳматҳои шабонарӯзии Дилшод Назаров ва шароити фароҳамшуда барои ӯ буд, ки имкон дод, варзишгари тоҷик медали тиллои олимпиро дар Бразили аз они худ кунад. Аҳтам Абдуллозода, ки Дилшод муовини ӯст, рӯзи 20-уми август баъди пирӯзии гурзандози тоҷик дар Рио, аз Душанбе бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Медале, ки Дилшод дар бозиҳои олимпӣ ба даст овард, барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад?

Аҳтам Абдуллозода: “Албатта дастоварди Дилшод ва пирӯзиаш дар олимпиадаи тобистона, ки имсол дар Бразилия баргузор мегардад, яке аз дастовардҳои беназир дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад. Тамоми дӯстдорон ва мухлисони варзиш дар давраи баргузории олимпиада интизори медали тиллои Дилшод Назаров

буданд. Ва фикр мекунам, дастгириҳои пайвастаи ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳияи барномаи махсуси омодагӣ барои Дилшод Назаров, шароити фароҳамоварда барои тамринҳои ӯ ва заҳматҳои шабонарӯзии худи Дилшод Назаров буд, ки ӯ дирӯз соҳиби медали тилло гардид. Медали тиллои Дилшод Назаров, як дастовези бениҳоят арзишманд аз ҷониби тамоми варзишгарон ва ҷавонон барои истиқболи 25-умин солгарди истиқлоли кишвар аст. Фикр мекунам, ин медал ҳамчун як комёбии бузурги миллати тоҷик дар варзиши байналмилалӣ баҳогузорӣ мегардад, ки сабабгори асосии он заҳматҳои ҳамешагии Дилшод Назаров ва мураббиёнаш ва дастгириҳои пайвастаи ҳукумат мебошад.“

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дилшод Назаров гуфтааст, ки "Ман миллатамро ноумед накардам"

Радиои Озодӣ: Худи шумо имкони сӯҳбат кардан бо Дилшодро доштед?

Аҳтам Абдуллозода: “Албатта мо Дилшод Назаров дар давоми дар атрофи омодагӣ ба олимпиада сӯҳбат мекардем. Дар давоми 2 соли ахир ман ҳамарӯза бо нигоҳ ба Дилшод Назаров умеди бениҳоят калон доштам, ки маҳз ҳамин ҷавонмард дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ мушарраф мегардад. Қабл аз рафтанаш, дар аёми омодагӣ барои бозиҳои Бразилия, пеш аз мусобиқа ва баъди гирифтани медал, мо бо Дилшод ҳамсӯҳбат будем, пайваста бо ӯ дар алоқаи доимӣ будем ва ман аз ҳар лаҳзаи ҳаёташ бохабар ҳастам. Фикр мекунам, ки нангу номуси болои Дилшод Назаров ва маҳорати баланди варзишии ӯ натиҷаи хуби соҳавиро имрӯз ба бор овард.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шодиву нишот аз медали тиллои Дилшод Назаров

Радиои Озодӣ: Худаш дар сӯҳбат ба шумо чӣ гуфт?

Аҳтам Абдуллоев: “Дилшод Назаров дар вақти сӯҳбат фақат як ибора гуфт, агар ба забони русӣ гӯям, гуфт, ки ман шуморо “подводит” (ноумед) накардам. Яъне ман миллати тоҷикамро имрӯз ноумед накардам, бо як овози бисёр ларзон, ки пур аз эҳсосот буд, пур аз ҷавонмардӣ буд ва пур аз меҳру муҳаббат ба ватан гуфт, ки ман шуморо ноумед накардам ва ман медонистам, ки Дилшод охири зарраи қувваи бадани худро истифода мебарад, чунки Дилшод Назаров ҷавонмарди баномус аст. Ман ду сол шуд бо Дилшод Назаров кор мекунам. Дилшод Назаров ба хотири онки пурра ба тамрин машғул шавад, мо ӯро бо фармони махсус аз сарбории кориаш озод кардем. Яъне, ки мо дар давоми ду соли ахир барои Дилшод Назаров, вақти озоди ба кор омадан ва аз кор рафтанро пешниҳод кардем. Яъне, чӣ гунае, ки барои ӯ аз нигоҳи варзишӣ лозим аст, ӯ бояд ба Бозиҳои олимпӣ омода шавад. Ва имрӯз Дилшод Назаров нишон дод, ки ӯ ҷавонмарди асили миллати тоҷик аст.”

Радиои Озодӣ: Кай ба Тоҷикистон бармегарданд?

Аҳтам Абдуллозода: “Мо субҳ бо ӯ сӯҳбат кардем, ҳоло замони баргашташ дақиқ нест, чун эҳтимол дорад, Дилшод дар як мусобиқоти дигари байналмилалӣ, ки охири моҳ баргузор мешавад, ширкат кунад. Яъне Дилшод хаста нашудааст ва мумкин аст, ки дар як мусобиқаи байналмилалии дигар ширкат кунад ва ба ватан баргардад. Вақте омад, бо ӯро истиқбол мегирем ва як нишасти хабарӣ ташкил мекунем ва худатон метавонед дар онҷо ба ӯ суол диҳед.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Партоби "тиллоӣ" ва таърихии Дилшод Назаров дар Рио