Ҷамшед Исломзодаи 40-сола, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, соли 2017, замоне, ки дар Академияи вазорати умури дохилӣ фаъолият мекард, додситонӣ беасос ба зиддаш парванда боз кард. Ӯ рӯзи 14 июн дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, агар ба хориҷ фирор намекард, шиканҷа ва бегуноҳ ба зиндон маҳкум мешуд: “Чанд нафар дар мақомоти интизомӣ ба ман хусумат доштанд, таҳдид мекарданд, ки ҳабс мешавӣ. Мехостанд маро зиндонӣ кунанд. Коре карданд, ки ду шиносам беасос аз ман ба додситонӣ шикоят бурданд ва дар асоси шикояти онҳо парванда боз шуд.”
Ҷамшед Исломзода нахост, дар бораи сабабҳои хусумати кормандони интизомӣ нисбат ба ӯ сӯҳбат кунад. Ҷамшед Исломзода мегӯяд, ба воситаи аъзои хонаводааш ба Додситонии кулл ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ муроҷиат карда ва гуфтааст, шароит фароҳам созанд, то ба Тоҷикистон омада, бидуни таҳдиду фишор бегуноҳиашро исбот созад. Ӯ афзуд: “Гуё ман ба боварии Раҳим Салимов ва Нозим Назаров даромада, бо ваъдаи харидани мошин аз онҳо беш аз 50 ҳазор доллар гирифта бошам”.
Ҷамшед Исломзода гуфт, парвандааш таҳти назорати Искандар Мирзозода, муовини якуми додситони шаҳри Душанбе қарор дошт ва ҷузъёти бештарро ӯ медонад. Аммо Искандар Мирзозода рӯзи 14 июн аз сӯҳбат дар бораи ҷузъиёти парвандаи Исломзода худдорӣ намуд. Як манбаъ дар додситонӣ, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба зидди Ҷамшед Исломзода бо иттиҳоми “сӯистифода аз боварӣ ва қаллобӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
"Ваъдаи хариди мошин"
Манбаъ гуфт: “Исломзода тахминан моҳҳои феврали соли 2016 бо мақсади содир намудани ҷинояти қаллобӣ, яъне тасарруфм молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб, ё сӯистифода аз боварии рафиқонаш Раҳим Салимов ва Нозим Назаров аз аввали 26 ҳазор доллар ва аз дуввумӣ 29 ҳазору 500 доллар гирифта, ғайб мезанад.” Ӯ афзуд, дар воқеъ, Исломзода ҷустӯҷу мешавад, вале маълум нест, дар кадом кишвар қарор дорад. Афсари тоҷик, ки худаш ба телефони умумии Радиои Озодӣ тамос гирифт, нахост ҷойи иқоматашро ошкор кунад.
Талошҳои Ҷамшед Исломзода барои исботи бегуноҳияш дар ҳолест, ки Раҳим Салимов, сокини шаҳри Душанбе, ки дар парванда ба ҳайси ҷабрдида омадааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, далелҳои зиёде дорад, ки маълум месозад, Ҷамшед се сол пеш воқеан ҳам аз ӯ 26 ҳазор доллар гирифта барнагардонистааст.
Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Якҷо мегаштем, мешинохтамаш милиса кор мекард, бовар кардем, пул додем, ки соҳиби мошин мешавем, пулро гирифту дигар на аз мошин дараке шуду на аз пуламон. Як “Камаз” дошт, хост ба номи ман кунад, ба ҷои пулам, ки розӣ нашудам. Мо шикоят кардем, ки пуламонро баргардонида диҳад, ба Прокуратураи шаҳри Душанбе даъватмон карданд, он ҷо ҳам ҳамаро нақл кардем, лекин аз чӣ бошад, ки то ҳол ин одамро дастгир намекунанд, гаштааст дар ҳар ҷойҳо.”
Хонаводаи Ҷамшед Исломзода мегӯянд, ба бегуноҳиаш бовар доранд ва умедворанд, ки қазияи ӯ мунсифона баррасӣ хоҳад шуд.