Аз нархи орд то талаби истеъфои вазири дифоъ дар нашрияҳои Душанбе

Нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта бозтоби "сарбозшикор" ё рабудани ҷавононро барои ҷалб ба хидмати ҳарбӣ давом дода, ҳамчунин ба гаронтар шудани нархи орд таваҷҷуҳ кардаанд. Матлабҳои асосии нашрияҳои расмӣ ва давлатӣ аксаран ба парчами миллӣ ва президент бахшида шудаанд. Чопи нашрияҳо ин ҳафта ба 16-уми ноябр, яъне "Рӯзи президент" рост омад ва 24-уми ноябр Рӯзи парчами миллист.

"Марги беш аз 25 ҷонвар дар Боғи ҳайвоноти Душанбе"

"Азия-Плюс" дар гузориши тасвирие вазъи Боғи ҷонварони Душанберо бозтоб дода, аз забони сокинон гуфтааст, бо омадани зимистон ин мушкил сангинтар мешавад. Нашрия менависад, дар соли 2019 дар боғ беш аз 25 ҷонвар, аз ҷумла 3 уштур, 2 шутурмурғ, тимсоҳ, оҳуи бухороӣ ва чанд ҷонвари дигар фавтидаанд. Дар матлаб гуфта шудааст, масъулони Боғи ҷонварон ба пурсишҳои нашрия посух надодаанд.

Нашрияи "Самак" ҳам гузориши Радиои Озодиро дар бораи барканории мудири боғи ҳайвонот бо каме тағйир, вале бидуни зикри манбаъ ва бо аксҳо аз ин боғ нашр кардааст.

Боғи ҷонварони Душанбе, ки солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст, борҳо зимни ҳодисаҳои гуногун мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои хабарии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ҳамин ҳафта роҳбари Боғи ҳайвонотро баъд аз марги ду ҷонвар аз вазифа гирифтанд. Ду моҳ пеш як гавазн ва як шутурмурғ дар ин боғ фавтида буданд.

Орд: дар Қазоқистон 80 дар Тоҷикистон 240 сомонӣ?

Ҳафтаномаи "Тоҷикистон" дар як матлаби таҳлилӣ баъзе сабабҳои болоравии бесобиқаи нархи ордро дар Тоҷикистон шарҳ додааст. Дар матлаб омадааст, "ду моҳ пеш нархи як халта орди навъи якум 170 сомонӣ буд, ҳоло аз марзи 220 сомонӣ ҳам гузаштааст." Муаллиф сабаби болоравии нархро аз масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ – ниҳоде, ки нархро назорат мекунад, пурсидааст. “Нархи гандум нисбат ба соли гузашта дар Қазоқистон беш аз 20 дар сад афзуд”, -- гуфтааст Дилшод Музаффарзода, муовини раиси ин ниҳод.

Ҳамасола Тоҷикистон ба 2 миллион тонна орду маҳсулоти ғалладона ниёз дорад, вале ҳамагӣ ҳудуди 1 миллион тоннаи онро метавонад дар дохил тавлид кунад. Бино ба омори расмӣ аз Қазоқистон солона беш аз 700 ҳазор тонна орду гандум ворид мешавад. Дар ин гузориш аз қавли як сокин навишта шудааст: "Дар Қазоқистон як халта орд харидем, ва он бо ҳисоби пули миллӣ 70-80 сомонӣ мешавад. Наход нархи роҳкиро то Тоҷикистон 120 сомонӣ шавад?", -- суол гузоштааст ин сокин.

Масъулони Хадамоти зиддиинҳсорӣ ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки барои коҳиш додани нархи орд тоҷирони гандумро аз андоз аз арзиши иловашуда, ки 10 дарсад аст, озод кунанд ё ин навъи андоз кам карда шавад. Дар ин матлаб нашрия сабаби боло рафтани нархи ордро бо суоли беҷавоб ишора задааст, ки ин натиҷаи “монополия аст ё омили дигар?”

Иқтисоддонҳо мегӯянд, аксари заминҳои кишти Тоҷикистон, ки хоҷагиҳои шахсӣ шудаанд бемаврид истифода мешаванд. Ба ҷойи кишти ғалладона дар ин заминҳо хӯроки чорво парварда мешавад ва ин кишвар наметавонад худро бо маҳсулоти ниёзи аввалия таъмин намояд.

Нашрияи “СССР” ҳам ба болоравии нархи орд пардохта, аз тазоде навиштааст, ки баробари зиёд шудани нархи орд истеъмоли он ҳам аз тарафи сокинон зиёд шудааст. Ин ҳафтанома навиштааст, дар вилояти Хатлон ҳар сокин ба ҷойи истеъмоли 78 кило орд дар як сол 126 кило орд хӯрдааст. Ба навиштаи нашрия, баръакс истеъмоли гӯшт кам шуда, ҳар сокин ба ҷои 44,8 кило дар як сол ҳамагӣ 13,8 кило гӯшт хӯрдааст.

"Сохтакорӣ дар пахтакорӣ”

“Ҷумҳурият” дар баробари нашри матолиб дар васфи президент ба мушкили кишти пахта таваҷҷуҳ кардааст. Дар матлабе зери унвони “Минтақаи Кӯлоб, сохтакорӣ дар пахтакорӣ” навиштааст, баъзе деҳқонон аз уҳдаи иҷрои нақша набаромадаанд. Деҳқонон ба рӯзноманигор сабаби кам шудани ҳосилро гармии аз ҳад зиёди ҳавои тобистон гуфтаанд. Аммо муаллиф навиштааст, минтақаҳои аз Кӯлоб ҳам гармтари Тоҷикистон дар муқоиса ба Кӯлоб ҳосили зиёд гирифтаанд ва "тағйири иқлим баҳонае беш нест". Мутахассиси соҳаи кишоварзӣ гуфтааст, беҳосилии пахта аз камтаҷрибагии деҳқонон ва гаронии арзиши нуриҳои азотӣ аст.

"Дар шӯъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои минтақа ҳамагӣ як агроном кор мекунад, ки ба роҳбарони ҳазор хоҷагии деҳқонӣ маслиҳати заруриву саривақтӣ дода наметавонад," -- омадааст дар матлаб.

Ҳафтаномаи "Фараж" дар як гузориши тасвирӣ аз бунёди маҳаллаи нави аҳолинишин дар макони моддаҳои атомиву радиатсионӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд хабар додааст. Дар ин матлаб гуфта шудааст, қаблан дар корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Истиқлол барои саноати атомии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсулоти хоми радиатсионӣ истеҳсол карда мешуд: "Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин шаҳр ба маънои томаш мавзеи тохту този ғоратгарон гашта, тамоми корхонаҳо қариб, ки пурра вайрону валангор гаштанд. Чун “занбуруғҳои баъди борон” сохтмони манзилҳо дар ин мавзеъҳои радиатсиониву мамнуъ ба авҷи аълои худ расидааст."

Аз замони Шӯравӣ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон садҳо ҳазор тонна партоби дорои радиатсия ва моддаҳои заҳрогин мондааст, ки аксаран манобеи бисёре аз бемориҳо гуфта мешавад. Давлати Тоҷикистон на танҳо тавони гӯр кардани ин моддаҳоро надорад, балки аз беназоратӣ дар ин маконҳо сокинон манзил ҳам сохтаанд.

Шаш решаи устувори "сарбозшикор"

Рӯзномаи “Имрӯз News” дар шумораи нави худ матлаби Абдураҳим Умариёнро ҷой кардааст, ки “облава ва 6 решаи устувори он”-ро бозгӯ мекунад. Муаллиф дар шабурӯзе, ки даъвати тирамоҳии наваскарон идома дорад ва ҳамарӯза хабари ҷалби маҷбурии ҷавонон нашр мешавад, 6 мушкилеро гуфтааст, ки сабаби асосии гурези ҷавонон аз артиш мегардад.

Мушкили рақами 1 ба гуфтаи муаллифи матлаб, "муҳлати тӯлонии хидмат аст. Ҳамин тавр мушкили №2 – “Дедовшина”-и русӣ ва марази маҳалгароӣ, №3 –Кафедраҳои ҳарбӣ устухон дар гулӯи артиш, №4 –набудани фонди махсус барои артиш, №5 набудани имтиёзҳои зарурӣ ба ходимони артиш ва №6 натарсидан аз гуфтани камбудиҳои артиш" будааст.

Маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба артиш ин дафъа бо чолишҳои зиёд дар хотири мардум нақш баст. Рӯзе нест, ки аксу навор ва шикояте аз "сарбозшикор" ё “облава” дар Интернету расонаҳои хабарӣ нашр нашавад. Кор то ҷое расид, ки ҷавони беморро ҳангоми “облава” дардаш хуруҷ намуд ва бисёре аз фаъолони ҷомеа ҳатто талаби истеъфои вазири мудофиаро намуданд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед