Раҳмон кори телевизионҳоро танқид кард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон кори телевизионҳои давлатиро танқид кард ва гуфтт, ки онҳо мушкилоти ҷомеаро инъикос намекунанд ва гоҳо ба ситоишҳои бемантиқ машғуланд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи 1-уми март дар маросими ифтитоҳи телевизионҳои "Варзиш" ва "Синамо" сухан гуфт.