Сиёҳгӯш барои кӯдакон манбаи даромад шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар водии Ҳисор кӯдакон дар остонаи баҳор ба чидану фурӯхтани гули сиёҳгӯш шурӯъ кардаанд. Бар асоси қонун чидани ин гули зебо манъ аст ва кӯдакон ҳам ҳақ надоранд, дар сари роҳи калон ба фурӯши гул машғул шаванд. Аммо бисёриҳо ин гулро муждаи баҳору Наврӯз номида, кори ноболиғонро нодида мегиранд.