Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки тибқи қонунҳои кишвар ин ниҳод мустақим ҳаққи ҷарима бастани саррофонро надорад ва аз ин лиҳоз иртиботашро ба ҳодисаи худкушии як корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар Душанбе рад кардааст.
Охири ҳафтаи гузашта наздикони Алихон Азимов, як корманди нуқтаи мубодилаи асъори Тоҷиксодиротбонк дар бозори "Фаровон"-и Душанбе гуфтанд, ки ӯ дар пайи гӯё 120 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданаш худкушӣ карда ва аз наздиконаш хостааст, то қарзҳои ӯро баргардонанд.
Аммо дар баёнияи расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки шоми 15 декабр дар торнамои ин ниҳод нашр шуд, гуфта шудааст, пайванд додани ин қазия ба ҳодисаҳои бастани саррофиҳо ва ҷаримаи чанде аз бонкҳои кишвар асос надорад. Дар ҳоле ки ба қавли онҳо, "барои вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Тоҷикистон кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъорро ҷарима намекунад. Дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо дар фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор БМТ моликони ҳуқуқии онҳо, яъне бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурдро ҷарима мекунад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҳбарияти Бонки миллӣ дар идома изҳори умед кардаанд, ки ниҳодҳои зирабт "баъди санҷиши ҳолату сабабҳои ин ҳодиса хулосаи ҳуқуқии худро пешниҳод менамоянд".
Алихон Азимов, корманди нуқтаи мубодилаи асъори “Тоҷиксодиротбонк”, ки аз 8 сол ба ин тараф дар бозори "Фаровон"-и Душанбе фаъолият дошт, шаби 5 ба 6 декабр худро дар манзилаш дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дор овехтааст. Ҷасади ӯро рӯзи душанбеи 7 декабр дар зодгоҳаш деҳаи Қарағочи ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ ба хок супурдаанд.
Олим Азимов - бародари Алихон Азимов қаблан дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ангезаи худкушии бародарашро намедонад, аммо ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки ба қавли ӯ Алихон 120 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Вале ҳангоми шарҳи ин қазия ӯ низ нагуфт, ки оё ин ҷаримаро Бонки миллӣ бастааст ё Тоҷиксодиротбонк, ки Алихон ба ҳайси саррофи онҳо кор мекард.
Дар пайи якбора болоравии қурби доллар дар охирҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ бо дастури Бонки миллӣ тамоми саррофиҳо баста шуда ва ин ниҳод эълон кард, ки мубодилаи асъор аз ин ба баъд дар нуқтаҳои интиқоли пул, намояндагии бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ сурат мегирад. Афроде, ки ба харидуфурӯши ғайриқонунии асъор машғул мешаванд, бар асоси дастурамали нави Бонки миллӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар пайи санҷишҳои Додситонӣ ва Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия то кунун дар фаъолияти ҳудуди 38 корманди нуқтаи мубодилаи асъори “Ориёнбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “ Тоҷпромбонк”, “Агроинвестбонк”, “Соҳибкорбонк” ва ташкилоти қарздиҳии хурди “Васлат” мавориди вайрон шудани муқаррароти қонун ошкор ва ниҳодҳо ба пардохти ҷарима ва ислоҳи камбудҳо муваззаф шудаанд. Бонки миллӣ ба ин бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ тавсия додааст, ки кормандони худро ҷазо диҳанд ва ҳатто аз кор биронанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, “дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки дар фаъолияти ин гурӯҳ аз кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо ҳолати мавҷуд набудани дафтари сабти харидуфурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби харидуфурӯши асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридора мушоҳида шудаанд."
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 12 декабр ҳудуди шаст тан аз саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Душанбе ба назди бинои Бонки миллии Тоҷикистон рафтанд, то мушкилоти худро бо масъулон дар миён бигузоранд. Мақомот Бонки миллии Тоҷикистон ҳам онҳоро умедвор кардаанд, ки дар сурати фаъолияти ҳамоҳанг бо Бонки миллӣ, эҳтимоли аз сар гирифтани фаъолияти онҳо аз оғози соли оянда, вуҷуд дорад.