Мунтахаби Тоҷикистон бе 3 ҳимоятгари асосӣ ба Бангладеш рафт

Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои бозӣ бо тими миллии Бангладеш шоми якшанбеи 14 июн ба Дакка расид.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои бозии давр дуюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” бо тими миллии Бангладеш шоми якшанбеи 14 июн ба шаҳри Дакка расид. Ба бозӣ муқобили мунтахаби Бангладеш, ки 16 июн баргузор мешавад, Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ба ҳайати даста 21 бозигарро шомил кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, се ҳимоятгари асосии дастаи мунтахаби кишвар - Давронҷон Эргашев, Фарҳод Восиев ва Эраҷ Раҷабов бо сабабҳои мухталиф ба Дакка нарафтанд. Эргашев ва Раҷабов дар бозӣ бо мунтахаби Урдун (1:3) ҷароҳат бардоштаанд, Восиев бошад, ба бошгоҳи худ – «Газовик»-и Оренбурги Русия баргаштааст.

Шоми имрӯз, 15 июн, мунтахаби Тоҷикистон тамрин мекунад. Соати 14.00 ба вақти маҳаллӣ дар қороргоҳи Федератсияи футболи Бангладеш нишасти хабарӣ бо ширкати сармураббиёни ҳарду даста баргузор мешавад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Бангладеш:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванкулов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).