Раиси Бонки Миллӣ дастури баҳсбарангезро шарҳ дод

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон дастури баҳсбарангезеро, ки моҳи декабри соли гузашта қабул ва боис ба нигаронии моликони чанде аз созмонҳои хурди қарздиҳӣ шуд, шарҳ доданд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ дар посухи хаттӣ ба суолҳои Радиои Озодӣ навишт, дастур “бо ҳадафи устувории низоми бонкӣ ва пешгирӣ аз афзоиши хавфҳо” тасвиб шуд. Коршиносон мегӯянд, дастури Бонки Миллӣ соҳибони чанде аз созмонҳои қарзии муваффақро маҷбур мекунад, ки моликияташонро фурӯшанд ва ин як навъ талоши аз нав тақсим кардани бозори бонкӣ дар кишвар аст.

Бино ба дастури нави Бонки Миллии Тоҷикистон, созмонҳои хурд ва фондҳои қарзии кишвар вазифадор шудаанд, дар муддати 3 моҳ аз саҳм ва ё авроқи гаронбаҳои худ дар ташкилоти дигари молиявӣ ва ё ширкатҳо даст кашанд.

Дастикам муассисон ё моликони “Имон интернешнл”, “Бонки Арванд” ва “Ҳумо” ҳамакнун маҷбуранд, саҳоми худро фурӯшанд. Барои мисол, беш аз 43 дарсади саҳмияҳои “Имон интернешнл” ба Фонди қарзии хурди "Имон" тааллуқ дорад. Ба ҳамин монанд, моликони “Бонки Арванд” ва “Ҳумо” низ соҳиби Фонди қарзии “Микроинвест” ва “Нури Ҳумо” ҳастанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дастури нави Бонки Миллӣ баъзе аз созмонҳои қарздиҳиро нигарон кардааст


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вазифаи асосии ташкилоти маблағгузории хурд ин таъмини дастрасии бевоситаи аҳолӣ ба захираҳои молиявӣ, махсусан тавассути пешниҳоди қарзҳои хурд буда, машғул шудан ба фаъолияти дигар, аз ҷумла сармоягузорӣ ба принсипҳои асосии фаъолияти маблағгузории хурд мутобиқ намебошад.”

Масъулони чанде аз ташкилоти хурдӣ қарзӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин тақозои Бонки Миллӣ онҳоро дар шароити ногувор қарор додааст. Чун, ба гуфтаи онҳо, дар давоми се моҳ фурӯхтани саҳмияҳо ва ёфтани харидори муносиб, ки ҳозир аст бо нархи бозор онро биград, душвор аст.

Аммо Ҷамшед Нурмуҳаммадзода мегӯяд, “дар ҳолати дар давоми се моҳ фурӯхта натавонистани коғазҳои қимматнок ва ҳиссаҳо... Бонки миллии Тоҷикистон метавонад муҳлати мазкурро ба шаш моҳи дигар тамдид намояд, ки ин барои ба фурӯш баровардани сармоягузориҳо муҳлати кофӣ мебошад.”

Як шикваи дигари моликони ташкилоти қарзӣ ин аст, ки Бонки Миллӣ бо ин дастуруламал харидорони саҳмияҳоро ҳам уҳдадор кардааст, пеш аз хариди он аз Бонки Миллӣ иҷозатнома гиранд.

Дар посух ба ин суол, ки чаро харидори саҳмия ва ё ҳисса бояд аз Бонки Миллӣ иҷозат бигирад, раиси бонк гуфтааст: “Ба хотири пешгирӣ аз таъсири манфии хавфҳои ҷойдоштаи шахси ҳуқуқии сармоягузоришаванда ба вазъи устувории такшилоти қарзӣ.”

Ба иддаои моликони созмонҳои қарздиҳӣ, дар чунин шароит ба гумон аст, ки сармоягузорон ҳозир шаванд бастаи саҳмияҳои онҳоро бо нархи бозор бихаранд. Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ иддао доранд, ки ин талаби Бонки Миллӣ нархи саҳмияҳои онҳоро арзон карда, зарби сахте ба суботи молиявии ташкилоти қарзии хурд мезанад. Чизе, ки раиси Бонки Миллӣ дар номаи худ рад кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дастури нави Бонки Миллӣ баъзе аз созмонҳои қарздиҳиро нигарон кардааст

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10