Устои бузургтарин доираи Тоҷикистон бе коргоҳу дӯкон. ВИДЕО

Доирае, ки Саиднодир дар хона сохтааст.

Cайиднодир Ҳайдаров, 30-cол дорад. Дувоздаҳ сол пеш ба сохтани созҳои мусиқӣ шавқ пайдо кард ва ба дар ин синн ба устоди кораш табдил шуд. Ҳоло 10 навъи созҳои мусиқиро дар хонааш дар Кӯлоб омода мекунад ва харидоронаш на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз хориҷ низ ҳастанд ва ба ӯ най, дутор, доира ва бештар лабчанг фармоиш медиҳанд.

Сайиднодир Ҳайдаров бо як доирааш бисёриҳоро ба ҳайрат гузошт ва бо доираи якуним метрӣ, ки онро дар 28 рӯз сохта ба итмом расонидааст. Бо дидани ин доира дар намоишгоҳе дар Душанбе, меҳмонони хориҷӣ хостаанд, онро 16 ҳазор сомонӣ харида аз Тоҷикистон берун баранд, вале мақомот гуфтаанд, беҳтар аст дар кишвар бошад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ута Шиллинг - доиранавозе аз Олмон. ВИДЕО

“Дар як намоишгоҳ ба Душанбе бурдам, ҳама дида дар ҳайрат монданд. Сайёҳони хориҷӣ нархҳои хуб пешниҳод карданд. Аммо роҳбари Осорхонаи милли Тоҷикистон пешниҳод кард, ки он бояд дар осорхона бошад, ман низ бо фикри он, ки моли мардуми тоҷик бояд аз худи тоҷик бошад дар осорхона гузоштамаш“ -гуфт Саиднодир Ҳайдаров ба Радиои Озодӣ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Устоди доираи бузургтарини Тоҷикистон бе коргоҳу дӯкон

Саиднодир бо он доираи сохтааш, ки ба фикри худаш бузургтарин дар ҷаҳон аст, қаноат накард. Се моҳи пеш хост ба сохтани доираи аз он бузургтар оғоз кард. Доираи дуюмаш ҳудуди 2 метр аст ва рӯзҳои наздик омода мешавад.

Ҷавони ҳунарманд шӯъбаи драма ва кинои Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм кардааст, аммо боре ҳам нақшеро иҷро накардааст. Созҳои мусиқиро хуб менавозад ва дар навохтани чангу дутор моҳир аст.

Аммо ҳоло андаке ноумед аст, чун дигар ҳавлии хурд барои сохтани асбоби мусиқиву косибӣ танг шудааст. Хатари фалокат ҳам дар ҷойи кор зиёд шудааст, як рӯз қариб буд фоҷиа рух бидиҳад.

Доирае, ки метавонед пасаш пинҳон шавед.

“Писари калонам кӯмак мекунад, аммо рӯзе қошуқҳои чубин омода доштем, ки дасти писарам ба дастгоҳи чубтарошӣ банд монд ва ӯро ба як кунҷ андохт. Тарсидам, онро канда дар яку кунҷи хона мондам. Ҳавлӣ хурд аст, дигар имкони кор намедиҳад. Фарзандонам хурд ҳастанд, метарсам, ки осеб набинанд” – мегӯяд, ӯ.

Сайиднодир аз ин рӯ, барои соҳиби дӯкону мағоза шудан ба шаҳрдорӣ муроҷиат кард. Ба ӯ гуфтанд, ки иҷозаи вазири фарҳангро биёрад, то ба ӯ дар як кунҷи Боғи фарҳангӣ ҷой диҳанд.

Сайиднодир иҷозаро овард, вале як сол аст, мунтазир аст, ки ҷое барояш пайдо кунанд. Бо вуҷуди ин ноумед нест ва ба сохтани доираи бузургтар худро банд кардааст.