Таксиҳои хусусиро аз Душанбе "депорт" мекунанд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мехоҳад, бо сар додани зиёда аз 400 таксии нав кирокашҳои хусусиро аз кӯчаҳои Душанбе берун кунад.

Қарор аст, то нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар моҳи сентябр хиёбонҳои Душанбе пур аз таксиҳои нави замонавӣ шавад. Барои ин ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода, то ҳол 150 мошини нав харидорӣ шуда, фармоиши давлатӣ барои овардани 400 таксии дигар омода гаштааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф ин аст, ки таксиҳои хусусӣ, ба камияш бояд аз хиёбони марказии шаҳр ронда шаванд.

Ин нукта ҳам садо додааст, ки бояд назорат ба кори таксиҳои хусусӣ қавитар шавад, зеро аксари онҳо, ба гуфтаи мақомот ғайрирасмиянд ва маблағе ба буҷаи давлат ворид намекунанд. Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди санду қарорҳои зиёд бозори таксиҳо дар Тоҷикистон то кунун печида ва танзимнашуда боқӣ мондааст.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе таксиҳои ду ширкат -- «Asian-Express» ва “Алло, таксӣ” зиёд ба чашм мехӯранд. Дувумӣ на танҳо мошинҳои нави зардранг дорад, балки бо ронандагони соҳибмошини алоҳида қарордод баста, аз онҳо низ истифода мекунад. Соҳибони мошинҳои барориши аз соли 2000-уми ба ин тараф ҳақ дорад, бо дарёфти иҷозаи расмӣ кирокашӣ кунанд. Аммо як бахши умдаи бозор аз они ронандагонест, ки бе иҷозаи расмӣ ва бо нархи арзон кор мекунанд.

Муштариён дар интихоби таксӣ асосан ба таксиҳои «сесомонӣ» бартарӣ медиҳанд, зеро хидмати онҳо арзонтар аст. Ҳоло нархи ҳар километри таксиҳои «Asian-Express» 2 сомониву 10 дирам аст. Нархномаи таксиҳои зард сари ҳар километр ҳарчанд се сомонӣ муқаррар шудааст, вале аксаран вобаста ба дурии роҳ байни муштарӣ ва ронанда тафовуқ карда мешавад. Аммо нархи таксиҳое, ки бо нишондоди хатти сайр ҳаракат мекунанд, қатъи назар аз масофа сари ҳар нафар 3 сомонист.

Сокинони шаҳр аз нав ва танзим шудани кори таксиҳо истиқбол мекунанд, аммо мехоҳанд, ин иқдом ба поён рафтани нарх мусоадат намояд. Дар акси ҳол, ба гуфтаи онҳо, таксиҳои нав берақобат мемонанд ва имкон дорад, нархномаи баробар бо 3 сомонӣ ба масофаи дилхоҳ аз байн равад.

Азизбек Алимов, як муштарӣ, ки бо ӯ дар дохили таксиҳои «сесомонӣ» сӯҳбат кардем, бар ин аст, ки якбора тоза кардани шаҳр аз чунин таксиҳо на танҳо ба зиндагии худи таксистҳо латма мезанад, балки ҳаракати сокинонро дар шаҳр то ҷое мушкил мекунад. Чунки ҳоло дар ҷодаҳои Душанбе ба ғайр аз ингуна таксиҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ – автобус ва троллейбусҳо василаи аслии рафтуои сокинонанд. Аммо онҳое ки мехоҳанд зуд ба мазили худ расанд ва дар гармои тобистону сармои зимистон дақиқаҳои зиёд нақлиёти ҷамъиятиро интизор нашаванд, аз таксиҳои арзон истифода мебаранд.

Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, тоза кардани кӯчаҳои шаҳр аз таксиҳои ғайрирасмӣ марҳила ба марҳила анҷом мешавад ва ба ронандагони инфиродӣ пешниҳод мешавад, ки дар ширкати таксиҳои нав кор пайдо кунанд.

Ҳамчунин, ба ақидаи Ҳукуматшоҳ Оқсақолов, роҳбари раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии вазорати нақлиёт, онҳое, ки ба кирокашӣ машғуланд метавонад бо таъсиси созмон ё ҷамъият фаъолияти худро идома диҳанд. Вале агар онҳо шомили чунин ҷамъият шудан нахоҳанд, чӣ бояд кунанд?

Ҷаъфар Нуралиев, сокини яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Душанбе ба кирокашӣ машғул аст, мегӯяд зиндагии вай ва садҳо нафари ба мисли ӯ аз роҳи кирокашӣ пеш меравад ва бигзор ба онҳо ҳам иҷозат дода шавад то фаъолияти худро дар чорчуби қонун ба роҳ монанд. «Ҳоло барои гирифтани иҷозатномаи таксистӣ маблағи зиёд пардохт карда мешавад. Агар барои як моҳа аз 100 то 150 сомонӣ сарф карда шавад, хуб аст. Ба ронандаҳо ҳам гарон намешавад.»

Ин кирокаш мегӯяд, бо сабаби он, ки то кунун кори хубтаре аз кирокашӣ пайдо накардааст, намедонад дар оянда чӣ кор хоҳад кард. Дар ҳоле ки Ҷаъфар мегӯяд, ҳоло ҳам аз чашми нозирони роҳ пинҳон кор мекунанд ва дар рӯз аз 20 то 100 сомонӣ фоида ба даст меоранд.

«Агар нозирони роҳ ҳангоми кирокашӣ боздоранд, аз 120 то 400 сомонӣ ҷарима мекунанд. Ғайр аз ин даромади як қисми сокинон аз таксистӣ аст. Кори мувофиқ нест, ҳаминро ҳам аз дастамон гиранд, дигар чӣ кор мекунем?», суол мегузорад Ҷаъфар.

Иброҳим Имомалиев, як нафаре, ки фаъолияти нақлиёти ҷамъиятиро дар Душанбе пайгирӣ кардааст, мегӯяд, бигзор мақомот таксиҳои нав ворид кунад, аммо набояд «ба умеди ҷайби мардум шуд». Ба гуфтаи ҷаноби Имомалиев, ҳарчанд бозор бояд озод бошад, вале бо сабаби бидуни санад кор кардани таксиҳои «сесомонӣ» наметавон ҷонибдорӣ фаъолияти онҳо шуд, чунки маблағе аз даромади онҳо ба буҷа намеравад. Танҳо чизе ки ин таҳлилгар барои дар оянда дастрас будани нархи таксиҳо мегӯяд, ин расмӣ кардани фаъолияти таксиҳои «сесомонӣ» ва ё арзон кардани хизматрасонии таксиҳои нав аст.