Боздошти як ҷангии тоҷик дар Лугари Афғонистон

Шероз Умаров аз тарафи нерӯҳои амниятии афғон дар вилояти Лугар боздошт шудааст.

Мақомоти Афғонистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Лугар хабар доданд, ки қасди анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ дар он кишварро доштааст.

Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Афғонистон, маъмурони раёсати умумии мубориза алайҳи ҷиноятҳои ин ниҳод, як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Шероз Умаровро, ки ба ҳадафи анҷом додани амалҳои террористӣ аз Покистон ба ин кишвар ворид гардида буд, шиносоӣ ва боздошт кардаанд.

Манбаъ аз Шероз Умаров ҳамчун "валади Шамсиддин" ва шаҳрванди Тоҷикистон ном мебарад, ки баъд аз сипарӣ намудани чаҳор моҳи омӯзиши шеваҳои ҷангӣ дар Вазиристони шимолӣ дар Покистон, ба мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ, вориди Афғонистон шудааст. Дар хабарномаи вазорати умури дохилии Афғонистон, ки рӯзи 20 январ ба нашр расид, ба таърихи дақиқи боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон ишорае нашудаст.

Ба гуфтаи манбаъ, ӯ мехостааст, ки ба вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистон биравад, аммо дар вилояти Лугар дар шарқи Кобул аз сӯи кормандони кашфии мубориза бо ҷароими вазорати дохилаи Афғонистон шиносоӣ ва дастгир гардидааст. Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯянд, ки ҳамакнун дар нисбати ин шахс парванда боз намуда ва таҳқиқ оғоз кардааст.

Барои нахустин бор нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Афғонистон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Толибон ва Ал-Қоида боздошт мешаванд. Моҳи ноябри соли гузашта як тоҷикистонии узви Ал-Қоида, ки мехост дар либоси занона худро ба Кобул бирасонад, дар вулусволии Алиободи вилояти Қундуз ба доми нерӯҳои амниятӣ афтод. Мақомоти амниятии афғон гуфтанд, ки фарди боздоштшуда дар амалиётҳо алайҳи нерӯҳои давлатӣ дар шимоли Афғонистон ширкат дошта ва захмӣ будааст.

Дар пайи рабуда шудани чаҳор марзбони тоҷик дар моҳи декабри соли гузашта, афроди мусаллаҳ дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз, дар ивази раҳоии онҳо озодии се ҷангии тоҷикро талаб карданд, ки дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон қарор доранд.

Вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Қундуз ва вилоятҳои наздики он Тахор ва Бадахшон солҳои ахир ба паноҳгоҳҳои Толибон, Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон табдил шудааст.